Роҳбарони Ӯзбекистон ва Покистон масъалаҳои татбиқи амалии тавофуқоти сатҳи олиро баррасӣ карданд

4 июл дар ҳошияи нишасти Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Ханкендӣ вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф баргузор гардид.

Масъалаҳои муҳими тавсеа ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Покистон бар асоси «харитаи роҳ»-и қабулшуда баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки тамосҳои фаъол дар сатҳҳои гуногун идома доранд. Ҳаҷми савдои дуҷониба, шумораи корхонаҳои муштарак ва парвозҳои мустақим афзоиш меёбанд. Хонаҳои савдо дар Қарочӣ ва Лоҳур таъсис ёфтаанд.
Ба раванди суръатбахшии лоиҳаҳо ва барномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва нақлиётӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла пешбурди сохтмони роҳи оҳани Трансафғонистон таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Зарурати самарабахш баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва форуми тиҷоратӣ, ки соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, таъкид гардид.
Роҳбарони Ӯзбекистон ва Покистон ҳамчунин оид ба масъалаҳои байналмилалӣ ва рӯзномаи минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: