Барномаи пурмуҳтавои чорабиниҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Озарбойҷон ба анҷом расид.
2 июл дар доираи будубош дар шаҳри Боку Сарвари кишвари мо бо Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев музокироти самарабахш анҷом дод.
Ҷаласаи дуюми Шӯрои олии байнидавлатӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистон ва Озарбойҷон, инчунин дурнамои густариши ҳамкориҳои амалӣ баррасӣ шуданд.
Зимни сафари давлатӣ бастаи назарраси ҳуҷҷатҳои дуҷониба оид ба самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расид.
Раҳбарони ду кишвар якҷоя ба боғи «Ӯзбекистон» таҳкурсӣ гузошта, бинои нави сафорати Ӯзбекистонро дар шаҳри Боку ифтитоҳ карданд ва бо фаъолияти маҷмааи курортии «Sea Breeze» шинос шуданд.
Дар идомаи барномаи сафари 3 июл Президенти Ӯзбекистон ва Президенти Озарбойҷон якҷо бо фаъолияти корхонаи муштараки дӯзандагии Ӯзбекистон-Озарбойҷон дар шаҳри Ханкендӣ, инчунин бо маҷмааи таърихию меъмории «Имарет» дар Ағдам шинос шуданд.
Имрӯз Сарвари давлати мо дар нишасти 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуда, афзалиятҳои шарикӣ ва як қатор ташаббусҳои муҳими худро пешниҳод кард.
Дар ҳошияи нишаст бо Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ва иҷрокунандаи вазифаи муовини Сарвазири Афғонистон Мулло Абдул Ғанӣ Барадор мулоқотҳои дуҷониба баргузор гардиданд.
Пас аз анҷоми чорабиниҳои сафари давлатӣ Сарвари давлати мо ба Тошканд парвоз кард. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Физулӣ Президенти кишвари моро вазири фарҳанги Озарбойҷон Адил Керимли ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.