Ғаллакорони вилояти Самарқанд имсол дар 94,5 ҳазор гектар замин тухмӣ пошида ва мушкилиҳои табиатро мардонавор паси сар карда, ҳосили фаровон гирифтанд.
Ба хирман 821 ҳазор тонна ғалла рехтанд ва аз ҳар гектар майдон 87,1 сентнерӣ ҳосил рӯёнданд, ки нисбат ба соли гузашта 13,1 сентнерӣ афзун аст.
Ба ин комёбӣ 4 ҳазору 648 хоҷагии фермерӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Дар ноҳияҳои Пахтачӣ, Нарпай, Каттақӯрғон, Ҷомбой ҳосилнокӣ 90-96 сентнерӣ ва ҳатто аз он зиёдро ташкил дод.
– Мо ба хоҷагиҳои фермерӣ беш аз 331 миллиард сӯм кумакпулӣ додем,– гуфт ҷонишини сардори садорати идораи хоҷагии қишлоқи вилоят Беҳзод Тугалов, – инчунин барои хариди техникаи пуриқтидор саҳми арзанда гузоштем. Имсол дар маъракаҳои ғалладаравӣ 255 отряд ва як ҳазору 110 техника ҷалб карда шуд.
Деҳқонони соҳибтаҷриба иброз намуданд, ки тухмии баландсифат ва ба бемориҳо тобовар гарави ҳосили фаровон аст. Ҳоло дар қаламрави Самарқанд навъи гандуми «Краснодар», «Навбаҳор», «Гром», «Давр», «Юксалиш» ва ғайра кишт мешаванд.
Дар минтақа барои гирифтани ҳосили фаровон аз ҷуворимакка, картошка, шалғам, сабзӣ ва дигар гуна маҳсулот деҳқонону фермерҳо камари ҳиммат бастаанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.