МУШОҲИДОТ ВА МУЛОҲИЗОТ

Қалб мамлакат нест, тамоми олам аст. Ба олам баромадан бошад, фақат дар афсонаҳо мавҷуд.

Дар Шарқ мақоле ҳаст: фақат чизи дар кӯза мавҷудбударо ба пиёла рехтан мумкин. 
Зирак шавед! Аз одамон фазилати дар онҳо набударо интизор нашавед ва талаб ҳам накунед.
*** 
Дар афсонаҳо одатан ҷони дев гоҳ дар тухм, гоҳ дар ангуштарӣ пинҳон дошта мешавад. Дар ҳаёт бошад, пурзӯртарин одам ҳам нуқтаҳои нозук дорад. Вақте ба он нуқта даст расондед, вай маънан сарнагун мегардад, дигар ба худ омаданаш гумон...
Имрӯз деверо дидам, ки аз чашм ашк мерехт. Гиристанро фаромӯш карда будааст аз афт, ҳис намекард аз дидааш чӣ мерезад.
***    
Рафтаҳоро ҷеғ назанед, ки суд надорад – барнамегарданд. Мабодо баргарданд ҳам, онҳо акнун дигар одамонанд.
Шабатон хуш.
***    
Бо қалб дидан аз наздиктар дидан аст: сабабҳои майда низ калон намудор шуданашон мумкин.
***
Аз Луқмони Ҳаким пурсидаанд:
– Барои чӣ доно каму нодон бисёр?
Ҳаким ҷавоб додааст:
– Чунки қисми ками одамон бисёр гӯш мекунанд ва кам медонам гуфта бисёр меомӯзанд. Қисми зиёди одамон бошанд, кам омӯхта, бисёр медонам гуфта фикр мекунанд.   
***     
Қалб мамлакат нест, тамоми олам аст. Ба олам баромадан бошад, фақат дар афсонаҳо мавҷуд.
***   
Дар бачагӣ афсона шуниданро дӯст медоштам. Бештар хоҳарбузургам афсона гуфта медод. Рӯзе хостам чун қаҳрамонҳои афсона шамшер ва сипар дошта бошам. Ин хоҳиш баъдтар ба орзу табдил ёфт. Барои худ тағои оҳангар фикр карда баровардам, яъне дар паси ана он кӯҳҳои баланд ба ақрабо доштанам, вай рӯзе бароям шамшеру сипар сохта доданаш худро бовар кунондам.
Ин доногии ба бачаҳо хос аст, бародар. Онҳо холигиҳои ҳаётро бо тасаввур пур менамоянд.
***    
Ғолиб фақат чӣ будани ғалабаро медонад. Зеро барои дар бораи мағлубият фикр кардан вай на хоҳиш дорад ва на зарурат. Мағлуб бошад ҳам чӣ будани мағлубиятро медонад, ҳам чӣ будани пирӯзиро ҳис менамояд...
Маъно дар ҳузури мағлубҳост, дӯстам.
***    
Хонаҳои бесоҳиб хароб мешаванд. Дилҳои бесоҳиб низ.
***    
Берун сард, дарун гарм бошад, дар тиреза шабнам пайдо мешавад.
***
Дар ҳаёти кадом як шахс инсони ба ҳеч чиз ивазнамешуда мебошед. Шумо низ ӯро ба чизе иваз накунед.
***  
Мегӯянд оҳуи ярадор аз ҷойи касногузари кӯҳ мӯмиё ёфта, худашро табобат мекунад. Ҳамин хел инсонҳо ҳам ҳастанд. Ҷароҳати худро ба касе маълум насохта, худашон муолиҷа карданро маъқул мешуморанд.
***    
Оғӯш низ сухан меронад: «Кошкӣ, кулли дардҳоятро мегирифтам».
***    
Аснои парвоз гунҷишк чизи дигарро, уқоб чизи дигарро ҳис мекунад. Гап танҳо дар бораи чӣ қадар баланд паридани онҳо нест, балки дар бораи чӣ қадар эҳсоси баландро аз сар гузарондани ин ду парранда аст.
***    
То пайдо кардани инсонҳое, ки дар бораи орзу сухан меронанд, ҳамаи одамон танҳоянд.
***   
Аз бефарқие, ки баъди изтиробҳои тӯлонӣ пайдо шудааст, чизи изтиробангезтарро ёфтан мушкил.
***   
Бачаҳо баъзан барои бозӣ кардан ба кӯча баромада, қаҳр карда ба хона бармегарданд. Натиҷа гирифтам, ки ту низ бачаи хурдсолеро мемонӣ, дили ман...
Шабат хуш бод.
Тарҷумаи Ш. МУҲАММАД.
 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: