Анҷумани ҳисоботӣ-интихоботии IX-уми шӯрои шаҳри Тошканди Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон баргузор шуд.
«Ӯзбекистони азизамон ба давраи нави Эҳё ва рушд қадам гузошт. Имрӯз дар роҳи чунин мақсади олӣ корҳои бузург дар амал татбиқ мегарданд, ки нақш ва таъсири иттифоқҳои касаба дар бобати ба сӯйи мақсадҳои боз ҳам бузург сафарбар намудани халқи мо сол то сол меафзояд».
Ш. МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Дар ҷараёни ислоҳоти густурда, ки дар мамлакати мо амалӣ мегарданд, сохтори иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон чун дигар соҳаҳо ислоҳ ва боз ҳам инкишоф ёфтанд.
Ба қарибӣ анҷумани ҳисоботӣ-интихоботии IX-уми шӯрои шаҳри Тошканди Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон баргузор шуд, ки беш аз 1 млн. нафар аъзо дорад. Намояндагони анҷуман ҳисоботи фаъолияти Шӯрои шаҳри Тошканди Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистонро барои солҳои 2021-2025 шуниданд.
– Вазифаи асосии Шӯрои шаҳри Тошканди Федератсияи иттифоқи касабаи Ӯзбекистон аз назорат кардани фаъолияти шуъбаҳои минтақавии ташкилотҳои аъзои федератсия дар пойтахт, талошҳои онҳо ҷиҳати иҷрои вазифаҳои оинномавӣ ва таъмини кафолатҳои ҳуқуқӣ дар доираи қонунгузории ҷорӣ иборат мебошад, – гуфт раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, сенатор Қудратулло Рафиқов. – Иттифоқи касабаи шаҳри Тошканд яке аз ташкилоти бонуфуз ва фаъоли федератсия ба шумор меравад. Мавқеи ҷавонон дар ҷамъият торафт меафзояд, бинобар ин, баҳри корбарии ҷавонон ва ҳал намудани мушкилоти онҳо шакл ва усулҳои нав ҷорӣ карда шуд. Муроҷиатҳое, ки аз рӯйи масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва бо кор таъмин намудани занону духтарон ба ташкилотҳои иттифоқи касабаи шаҳр мерасанд, аксарияти онҳо эҷобӣ ҳаллу фасл гардиданд.
Таъкид гардид, ки аз ҳисоби маблағи суғуртаи иҷтимоӣ беш аз 32 ҳазору 522 нафар меҳнаткашон, 50 фоизи онҳо бино ба роҳхати имтиёзнок саломатии худро дар санаторияҳо барқарор намуданд. Инчунин, дар мавсими тобистона наздик ба 76 ҳазору 417 нафар бачаҳо дар асоси роҳхати имтиёзнок дар истироҳатгоҳҳои солимгардонии вилояти Тошканд истироҳат намуданд. Оиди такмили ихтисоси ходимон ва фаъолони иттифоқи касаба як қатор корҳо иҷро гардид. Аз ҷумла, бо ҳамкории муассисаи таълими нодавлатии «Институти такмили ихтисоси Федератсияи иттифоқи касабаи Ӯзбекистон» барои ходимон ва фаъолони иттифоқи касабаи шаҳр дарсҳои омӯзишӣ гузаронда шуд.
Қ. Рафиқов на фақат дар бораи вазифаҳои оянда ва фаъолияти панҷ соли он, балки ба камбудиҳо ва ноқисиҳои кори иттифоқи касабаи шаҳр ишора намуд.
Таъкид гардид, ки оиди васеъ тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш дар байни аҳолӣ корҳо қаноатбахш нестанд.
Дар ҷамъомад оиди занони хонакор, ҷавонон, оилаҳое, ки ба соҳибкорӣ машғуланд ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд, сухан рафт ва вазифаҳои марбут ба ин соҳа ба нақша гирифта шуданд. Баҳри дар ҳаёт татбиқ намудани барномаи давлатии «Соли ҳифзи муҳит ва иқтисодиёти «сабз» ва ислоҳоти рушди соҳаи таълим фаъол иштирок намудан ва дигар масъалаҳо муайян карда шуданд. Иштирокдорони чорабинӣ оиди аҳолиро ба саёҳати зиёратгоҳҳо, шаҳрҳои таърихӣ, масканҳои азизу муқаддас, театр, музей ҷалб намудан, бахшида ба 120 солагии ҳаракати иттифоқи касабаи Ӯзбекистон чорабиниҳои маънавиву маърифатӣ ва тарғиботӣ гузарондан, дар Форуми ҷавонони ҷумҳурӣ бо номи «Ҷавонони иттифоқи касаба – бунёдкори Ӯзбекистони Нав» фаъол иштирок намудан, навгонӣ ва корҳоеро, ки аз ҷониби шӯрои иттифоқи касабаи шаҳр ба миён меоянд, дар воситаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла, рӯзнома ва барномаҳои телевизионӣ мунтазам равшан намудан ва дигар масъалаҳо таклифҳои худро баён намуданд ва ин масъалаҳо ба нақшаи корӣ дохил карда шуданд.
Бинобар низоми нав бори аввал раис ба тариқи алтернативӣ интихоб гардид. Сайфулло Аҳмедов бо аксарияти овозҳо аз нав раиси Шӯрои иттифоқи касабаи шаҳри Тошканд интихоб гардид.
С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».