ӮЗБЕКИСТОН – ОЗАРБОЙҶОН: ФОРМАТИ СЕРТАЛАБИ ҲАМКОРӢ ДАР ПАСМАНЗАРИ МУШКИЛОТИ ҶАҲОНӢ

Мутахассисони хориҷӣ ба натиҷаҳои пешакии сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Озарбойҷон ва чорабиниҳои дар доираи он баргузоршуда баҳои баланд медиҳанд.

Сафари давлатии Президент Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Озарбойҷон марҳилаи муҳими рушди муносибатҳои дуҷонибаро ифода мекунад.
Аз ҷумла, ба имзо расидани санадҳои калидӣ 2 июл дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ, ба андешаи таҳлилгарон, аз дурнамои калон барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва муносибатҳои ҳампаймонӣ шаҳодат медиҳад.
Рӯйдоди муҳими барномаи сафар баргузор шудани ҷаласаи дуюми Шӯрои олии байнидавлатии Ӯзбекистон ва Озарбойҷон гардид. Таҳлилгарон бар онанд, ки таъсиси ин формат дар таърихи муносибатҳои дуҷониба марҳилаи муҳим буда, сатҳи баланди эътимоди сиёсиро инъикос мекунад ва натиҷаҳои ҷаласа низ садоқати мутақобилаи ҷонибҳоро ба ҳамкории фаъол дар ҳама самтҳо тасдиқ намуд.
Чорабиниҳои рамзии дигар маросими тантанавии гузоштани санги асоси боғи «Ӯзбекистон» ва ифтитоҳи расмии бинои нави сафорати Ӯзбекистон дар шаҳри Боку буданд, ки оғози марҳилаи нави сифатан баланд дар равобити дипломатӣ ва таҳкими муколама байни Тошканд ва Боку гардиданд.
Президенти Ӯзбекистон инчунин хотираи роҳбари умумимиллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ва қаҳрамонони Озарбойҷонро пос дошт. Ин аломатҳои самимии таваҷҷуҳ на танҳо наздикии таърихӣ ва маънавии халқҳои ӯзбеку озариро собит карданд, балки сатҳи баланди дӯстӣ ва эътимод байни роҳбарони ду кишварро низ намоиш доданд.
Ба андешаи коршиносони байналмилалӣ, натиҷаҳои ибтидоии сафар тасдиқ мекунанд, ки Ӯзбекистон ва Озарбойҷон — давлатҳои калидӣ дар минтақаҳои худ — намунаи муваффақи ҳамкории самаранок ва манфиатбахшро нишон медиҳанд, ки ба рушди устувори на танҳо Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ, балки тамоми қораи Авруосиё нигаронида шудааст. Ин формати ҳамкории байнидавлатӣ дар пасманзари чолишҳои глобалӣ боз ҳам талаботи бештар пайдо карда, ба таҳкими субот, ҳамгироии иқтисодӣ ва ҳамсоягии нек дар фазои васеи қитъа мусоидат мекунад.
 
Профессори Донишгоҳи СЕУ Сан-Пабло, мутахассиси минтақаи Осиёи Марказӣ Антонио АЛОНСО (Испания):
–Сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Озарбойҷон, дар рушди муносибатҳои Ӯзбекистону Озарбойҷон бешак, ба як марҳилаи муҳим табдил хоҳад ёфт, ки ҳоло динамикаи мусбати устуворро нишон медиҳанд. Гузаронидани музокироти сатҳи олӣ ва иштироки Президент дар ҷаласаи дуюми Шӯрои олии байнидавлатӣ 2 июл, ба назар мерасад, имконият фароҳам меорад, ки самтҳои нави умедбахши шарикии стратегӣ муайян ва ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои калидӣ васеъ карда шаванд.
Махсусан ба имзо расонидани бастаҳои калони санадҳои дуҷониба дар натиҷаи музокирот, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории судманд ва мутақобилан манфиатнок такони иловагӣ мебахшад, аҳамияти хос дорад.
Ҷанбаи муҳими сафар барномаи бойи башардӯстӣ мебошад. Иштироки роҳбари давлат дар маросими гузоштани санги асоси боғи «Ӯзбекистон» дар маҳаллаи «Оғшехер» ва ифтитоҳи расмии бинои нави сафорати Ӯзбекистон дар Боку рамзи амиқи робитаҳои бародариро таъкид мекунад, ки халқҳои моро ба ҳам мепайвандад. Барномаи фарҳангӣ дар Шуша, Агдам ва Ханкендӣ шаҳодати равшани афзоиши эътимод, дастгирии мутақобила ва ҳавасмандии умумӣ ба сӯи ояндаи осоишта ва созанда мебошад.
Президенти Донишкадаи байналмилалии таҳқиқоти сиёсати Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна дар Латвия Айдин АСКЕРОВ:
–Ин сафар дар роҳи таҳкими шарикии стратегӣ байни ду кишвари таърихан наздик қадами муҳим мебошад.
Дар ин бора бастаи хеле ҷиддии санадҳои ба имзо расида шаҳодат медиҳанд, ки амиқтар гардидани муносибатҳои ҳамаҷонибаро расман сабт намуда, ҳамкориҳоро дар сатҳи минтақаҳо, саноат, нақлиёти байналмилалии автомобилӣ, туризм, мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, карантин ва ҳифзи наботот, ҳамчунин дар соҳаҳои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ташвиқ мекунанд.
Унсурҳои умумиятҳои забонӣ, диниву фарҳангӣ, арзишҳо ва ҳатто, ба гуфтаи ман, умумияти тамаддунӣ байни халқҳои ӯзбеку озарӣ, хусусияти мукаммалкунандаи иқтисодиётҳо ва сатҳи баланди эътимоди роҳбарони ду кишвар пояи устувори муколамаи байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ мебошанд.
Дар пасманзари вайрон шудани занҷираҳои таъминоти ҷаҳонӣ, ки аз ҷумла натиҷаи воқеиятҳои нави геосиёсӣ мебошад, музокироти саҳеҳ ва мавриди ниёзи роҳбарони Ӯзбекистон ва Озарбойҷон оид ба нақши кишварҳо дар пайвастшавии байни минтақаҳо саривақтӣ ва хеле зарурӣ мебошанд.
Тошканд ва Боку метавонанд ҳамчун «пайвандҳои калидӣ» байни Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва давлатҳои қитъаҳои Аврупо ва Осиё хидмат кунанд.
Дар маҷмӯъ, сафари давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Озарбойҷон ба рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳамкории ҳамаҷонибаи шарикии стратегӣ, ки ба дурнамои дарозмуддат нигаронида шудаанд, такони ҷиддӣ мебахшад.
Муовини директори Пажӯҳишгоҳи рушди иҷтимоии Авруосиё дар Маркази таҳқиқоти рушди иҷтимоии назди Шӯрои Давлатии Чин Сюй ТАО:
Натиҷаҳои ҷаласаи дуюми Шӯрои олии байнидавлатии Ӯзбекистон ва Озарбойҷон динамикаи ҳайратангези шарикии стратегӣ байни ин ду кишварро нишон медиҳанд. Ба имзо расидани чунин бастаи васеи санадҳо собит месозад, ки Тошканд ва Боку дар чаҳорчӯби муносибатҳои ҳампаймонӣ аз изҳорот ба амалҳои мушаххас гузашта истодаанд, ки ин комилан ба рӯҳи ҳамгироии авруосиёӣ ва принсипҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) мутобиқат мекунад.
«Харитаи роҳ» барои солҳои 2025–2029 сазовори таваҷҷуҳи махсус  мебошад, ки самти системавии ҳамкориро барои дурнамои дарозмуддат муайян мекунад. Ин танҳо як сигнали сиёсӣ набуда, балки нақшаи дақиқи амалҳо мебошад, ки соҳаҳои калидӣ — аз саноат ва кишоварзӣ то экология ва маорифро фаро мегирад. Чунин равиши ҳамаҷониба бо модели шарикии ҳамаҷонибаи Чин ҳамсадо аст, ки мо онро дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» пеш мебарем.
Барномаи то 1 миллиард доллар то соли 2030 зиёд гардондани гардиши мол ва ҳамкориҳои саноатӣ пайвастагии иқтисодиро тақвият медиҳанд, созишномаҳо дар соҳаҳои киштиронӣ ва энергетикаи «сабз» бошанд, имкониятҳои навро барои транзит тавассути баҳри Каспий мекушоянд, ки аҳамияти долони миёнаро боз ҳам бештар менамояд. Чин, ҳамчун бузургтарин сармоягузори инфрасохторӣ дар минтақа, аз чунин лоиҳаҳо манфиатдор аст, зеро онҳо ташаббусҳои логистикии моро дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ пурра мекунанд.
Ташкили Шӯрои соҳибкорон ва Форуми минтақаҳои саноатӣ ва иқтисодӣ байни Ӯзбекистон ва Озарбойҷон як равиши инноватсионӣ ва прагматикӣ барои амиқсозии ҳамгироии иқтисодӣ мебошад. Ин механизмҳо на танҳо созишномаҳои байниҳукуматиро пурра мекунанд — онҳо каналҳои мустақими муошират байни ҷомеаҳои соҳибкориро фароҳам меоранд, ки барои татбиқи ҳадафҳои бузурге, ки дар санадҳои имзошуда сабт шудаанд, аҳамияти ҳаётан муҳим доранд.
Директори иҷроияи маркази таҳлил  «Форуми муколамаи миллӣ» Шаҳриёр ХАН (Покистон):
– Ман сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Озарбойҷон ва иштироки ӯро дар нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ҳамчун як рӯйдоди хеле муҳим на танҳо барои рӯзномаи дуҷонибаи Ӯзбекистон ва Озарбойҷон, балки барои тамоми фазои СҲИ арзёбӣ мекунам.
Дар солҳои охир Ӯзбекистон ва Озарбойҷон намунаи нодири шарикии стратегӣ ва мунтазамро нишон медиҳанд. Ҳамдигарфаҳмии шахсӣ ва эътимоди байни роҳбарони ду кишвар барои муносибатҳои байнидавлатӣ сатҳи хеле баландро  муайян мекунад.
Аз нуқтаи назари Покистон, наздикшавии Тошканд ва Боку махсусан дар заминаи нақши афзояндаи ҳарду кишвар дар таҳкими долонҳои нақлиёти байниқитъавӣ муҳим мебошад. Ӯзбекистон фаъолона ташаббусҳои рушди масирҳои Шарқу Ғарб ва Шимолу Ҷанубро амалӣ мекунад, ки дар ин равандҳо Озарбойҷон ба як шарики калидӣ табдил ёфтааст. Ҳамкории муштараки онҳо дар масири транскаспӣ на танҳо аҳамияти иқтисодӣ, балки андозаи геосиёсӣ низ дорад, ки ба пайвастагии бештари минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва минбаъд ба Аврупо ва Ховари Миёна мусоидат мекунад.
Шарикии соҳаҳои алоҳидаи Ӯзбекистон ва Озарбойҷон самти стратегиро дар муколамаи онҳо нишон медиҳад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки кишварҳо ба эъломия маҳдуд намешаванд — онҳо сармоягузорӣ мекунанд, ширкатҳои муштарак, муассисаҳои таълимӣ ва майдонҳои саноатӣ таъсис медиҳанд.
Ба назари ман, иштироки Президент Шавкат Мирзиёев дар нишасти сарони кишварҳои СҲИ такони иловагӣ ба ҳамгироии минтақавӣ мебахшад. Ӯзбекистон ҳарчи бештар худро ҳамчун як давлате нишон медиҳад, ки қодир аст ташаббусҳои амалӣ ва воқеиро пешниҳод намояд ва ин ташаббусҳо аз ҷониби дигар кишварҳои минтақа дастгирӣ меёбанд.
Коршиноси мустақили қирғиз, сиёсатшинос Марс САРИЕВ:
– Муносибатҳои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон мустаҳкам шуда истодаанд, ки инро Шартнома дар бораи  иттифоқӣ, ки соли 2024 ба имзо расид, тасдиқ мекунад. Ҳадафҳои то ба 1 миллиард доллар то соли 2030 расонидани гардиши мутақобилаи мол муайян шудаанд ва соли 2025 ҳамчун «Соли ҳамкории иқтисодӣ» эълон гардидааст.
Ба имзо расидани бастаи ҷиддии созишномаҳо оид ба соҳаҳои гуногун дар ҷараёни сафари феълӣ низ гувоҳи садоқати ҷонибҳо ба ҳамкории дарозмуддати мутақобилан судманд мебошад.
Ифтитоҳи бинои нави сафорати Ӯзбекистон дар Боку ба рамзи густариши инфрасохтори дипломатӣ табдил ёфт.
Хулоса, Ӯзбекистон мавқеи сиёсиву иқтисодии худро дар Қафқози Ҷанубӣ таҳким мебахшад. Рӯзномаи «Долони миёна» тақвият меёбад — ҳарду давлат ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистикаро густариш медиҳанд ва як алтернативро ба масирҳои амалкунанда эҷод мекунанд.
АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: