Мақолаи «Ба озори мазлум моил мабош» («Овози тоҷик», 18.06.25. № 49) — як фарёди виҷдон аст.
Фарёде, ки агар гӯш дорӣ, дилат меларзад, агар чашм дорӣ, ашкат мечакад, агар виҷдон дорӣ, ба амале даъват мешавӣ. Муаллифаш Саодат Бекназарова бо қалами бедор ва қалби пурсӯз на танҳо як навиштаи ахлоқӣ, балки як ҳуҷҷати зиндаи иҷтимоиро рӯйи коғаз овардааст.
Ман омӯзгор ҳастам — дар деҳаи кӯҳистон, ки бо барфу борон, бо меҳру дард, бо ночорӣ ва ормонҳо маъруф аст. Мақола маро маҷбур кард, ки ба рӯйи ҳаёт бо чашми дигар бингарам. Он гоҳ, ки фақир фарзандашро бо пойафзори дарида ба мактаб мефиристад, кӯдаке, ки орзуи «муаллим шудан»-ро дар сина мепарвараду китоб надорад — ва мо хомӯшем, ин магар зулм нест?
Дар деҳа вақте духтари бенаво бе маҳр ва бо дили нохоҳам ба хонаи шавҳар меравад, аммо баъди чанд моҳ бо баҳонаи ночизе пас мегардад — ин танҳо нокомии оила нест, балки нокомии ҷомеа аст.
Модари солхӯрдае дар маҳаллаамон — Моҳинисоапа, ки шояд савод надошта бошад, вале диле дорад аз китобҳо фарохтар, ҳамеша мегӯяд:
«Дар кӯча духтари ҷавонеро дидам, ки бо як ҷомадони хурд, гирён, аз хонаи шавҳараш мебаромад. Пурсидем: чаро? Гуфт: хушдоманам танқид кард.
Эй, бетаҷриба, зане, ки бо як сухани хушдоман хонаи шавҳарро тарк кунад, ӯ магар ёр ва ҳамсари зиндагист?»
Ин ҳолатҳо танҳо дар деҳа нест. Дар шаҳрҳо низ духтароне ҳастанд, ки зери фишори мӯд, зери таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ахлоқу сабру таҳаммулро аз даст додаанд.
Ин мақола як чароғ аст, барои деҳқони хаставу қалбсӯхта, барои омӯзгори ноумед, барои модари танҳову духтари ҷавон. Чароғест, ки ба мо мегӯяд:
«Агар ба озори мазлум хомӯшӣ, шарики зулм ҳастӣ!»
Ҳаёт на танҳо аз расму ойин, аз ҷашну тӯй ва либосҳои зебо иборат аст. Ҳаёт аз навозиши диле, аз дасти кӯмак ба тифли ятим, аз табассуми ростини ҳамсоя ва як косаи ош барои зане, ки шиками фарзандашро сер карда наметавонад, сохта шудааст.
Ман борҳо шоҳид будам, ки дар деҳа кӯдакон бо як қалами куҳна бо шавқу завқ менависанд. Дар шаҳр бошад, дар рӯи асфалти гарм тифле бо либоси фақирона шишаи мошинҳоро пок мекунад. Ин кӯдакон мазлуманд, вале на бо хоҳиши худ, балки бо тақозои зиндагие, ки мо — калонсолон барояшон муҳайё сохтем.
Муаллиф дар мақолааш як нуқтаи муҳимеро таъкид мекунад: «Ҳар касе, ки мазлумеро озор медиҳад, хоҳ дониста, хоҳ надониста, худро аз раҳмати Худо маҳрум мекунад».
Ин ҷумла бояд мисли занги виҷдон дар дилҳо садо диҳад. Мо бояд ҳар рӯз аз худ бипурсем:
— Ман имрӯз ба кӣ меҳрубонӣ кардам, ба кӣ ёрӣ расондам?
Дар охир мехоҳам бигӯям, ки чунин мақолаҳо на танҳо хондан, балки эҳсос карданро мехоҳанд. Ва агар эҳсос кардем — амал кардан лозим. Як либос, як китоб, як табассум, як сухани хуб — ҳар яки ин метавонад дунёеро дигар кунад.
Мо, омӯзгорон, падару модарон, ҳамсояҳо, шахсони мансабдор ё одӣ — ҳама масъулем: барои ашке, ки аз чашми мазлумон мерезад.
Ва мо бояд бидонем: «Агар беэътибор бошем, оё ягон рӯз садои гиряву нолаи фарзанди худамон шунида намешавад?»
Бунёд ШОМАТОВ,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №8 ноҳияи Сӯхи
вилояти Фарғона