Комёбии ғаллакорони вилояти Бухоро

Ғаллакорони диловари вилояти Бухоро нақшаи шартномавии ба давлат фурӯхтани ғалларо барзиёд иҷро карданд. Ба нуқтаҳои қабул 194 ҳазору 728 тонна ғалла ворид гардида, 102 фоиз ба сомон расид.

Соли ҷорӣ 3 ҳазору 10 хоҷагии фермерии вилоят дар 65 ҳазор гектар майдон гандуми навъҳои «Алексеевич», «Валена», «Васса», «Гром», «Таня» кошта, баъди нигоҳубини табъи дил ҳосили дилхоҳ фароҳам оварданд. Мавсими дарав дар вилоят, бо иштироки 215 комбайн отрядҳои ғалладаравӣ созмон ёфта, ба онҳо бештар аз 900 автомобили боркаш, 32 устохонаи сайёр, 43 воситаи таъмини сӯзишворӣ вобаста гардиданд. Ба комёбии вилоят ғаллакорони ноҳияҳои Вобканд, Пешкӯ, Ғиждувон, Ҷондор, Рометан ва Бухоро саҳми арзанда гузоштанд. Хусусан хоҷагиҳои фермерии, «Файз-2000», «Даврон Бозор Суннатбек» аз ноҳияи Рометан, «Саддам», «Кичкинтой Шукуржон замини» аз ноҳияи Ҷондор; «Ҳурматбибӣ Кумуш омади», «Тилло», «Шодимурод» аз ноҳияи Ғиждувон, «Алпомиш», «Отабек Анвар» аз ноҳияи Шофиркон, «Собир Сӯҳроб Бобир», «Қӯнди Гавҳар», «Гулбаҳор Гулнора» аз ноҳияи Вобканд ба натиҷаҳои баландтарин ноил гардиданд.

Дар вилоят бори аввал ҳосилнокии майдонҳо ба 80 сентнерӣ расид.

Даромади пешбинишуда 1 триллиону 410 миллиард сӯмро ташкил карда, 620 миллиарди он даромади соф аст. Ба ғайр аз ин 340 ҳазор тонна ҳосил барои беҳбудии шароити иқтисодии хоҷагиҳои фермерӣ ва кормандони он кумак мерасонад. Инчунин ба 17 ҳазору 430-то хонадони мӯҳтоҷи дастгирӣ 250 килограммӣ гандум, 20-тоӣ бандчаи коҳ дода мешавад.

Дар 62 ҳазор гектар қитъаи аз ҳосил холишуда кишти такрорӣ сурат мегирад.

Аз ҷумла, 10 ҳазору 649 гектари чунин майдонҳо ба зиёда аз 30 ҳазор нафар шаҳрвандоне, ки шомили «Дафтари оҳанин», «Дафтари бонувон», «Дафтари ҷавонон» гаштаанд, барои истифодабарӣ дода мешаванд.

Инчунин ба 9390 нафар ҷавонон 5680 гектар майдон барои кишти такрорӣ дастрас мегардад.

Амрулло Авезов,

мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: