Доир ба масъалаи таъсирпазирии адабиёти ӯзбек аз адабиёти форс-тоҷик, адабиётшиносони хориҷию ватанӣ фикру ақидаҳои мухталиф баён намудаанд, ки онҳо дар омӯзиш ва таҳқиқи адабиёти дузабонаи ҳавзаи адабии Хӯқанд судманданд.
Ин масъала, дар ҳақиқат, барои мушаххас гардондани таҳаввул ва ташаккули робитаҳои адабӣ ва сиёсиву иҷтимоии мардуми тоҷику ӯзбек дар марҳилаҳои таърихӣ заминаи боэътимодеро ба вуҷуд меорад.
Дар ин бора гуфтаҳои шарқшиносони машҳур И. Брагинский ва Е. Бертелс айни муддаост, ки онҳо тадқиқи муштараки адибони тоҷику ӯзбекро муҳим дониста, таъкид намуда буданд, ки ин гуна омӯзиш дар муайян кардани арзишҳо ва равандҳои адабии байни халқҳои тоҷику ӯзбек кори судманде хоҳад буд.
Ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки таърихи робитаҳои адабии адибони тоҷику ӯзбек собиқаи тӯлонӣ дошта, дар рушд ва густариши адабиёти ин ду халқ нақши муҳим дорад.
Иртиботи қавии адабии байни ин ду халқ дар асарҳои гуногуни адабиву таърихӣ мунъакис гардидаанд. Аз ҷумла, дар ин бора аз осори Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Мирсиддиқхони Ҳашмат, Неъматуллоҳи Муҳтарам ва дигарон маълумоти арзишмандро дастрас намудан мумкин аст. Дар тазкираҳои онҳо ҳамкориҳои адабии шуарои ин ҳавзаи адабӣ ва намунаи осорашон оварда шуда, ҳаёти мардуми одӣ бо ҳама ҷузъияташ таҷассум ёфтааст.
Бояд тазаккур дод, ки алоқаҳои адабии шоирони тоҷику ӯзбек дар таърихи адабиёти зуллисонайнӣ анъанаи мутадовил буда, дар ташаккул ва таҳаввули адабии ин ду халқи ба ҳам дӯсту бародар аҳамияти муҳимро касб менамояд.
Аз таърихи адабиёт ба мо маълум аст, ки дар нимаи охири асри ХVIII ва нимаи аввали асри ХIХ дар пайравӣ ба доираи адабии Ҳирот Амир Умархон ба бунёди ҳавзаи адабии Хӯқанд асос гузоштааст. Ин буд, ки дар ин ҳавза аз ҳама бештар шоирони зуллисонайн фаъолият мекарданд. Шоир Фазлии Намангонӣ дар тазкираи худ «Маҷмӯат-уш-шуаро» доир ба ҳаёт ва фаъолияти 88 нафар шоири ин ҳавза, ки ба ду забон эҷод мекардаанд, маълумот додааст. Аз рӯйи намунаҳои ашъори онон, ки дар рисолаи номбурда оварда шудааст, маълум мешавад, ки шоирон байни ҳам робитаҳои мустаҳками адабӣ доштаанд.
Дар баробари ин ҳанӯз чандин масъалаҳои муҳимме ҳастанд, ки мавриди муҳокима қарор додани онҳо вазифаи адабиёти илмӣ мебошад. Бояд гуфт, ки адабиёти тоҷику ӯзбек дар ҳавзаи адабии Хӯқанд дар якҷоягӣ густариш ёфта, марҳилаҳои гуногуни инкишофро аз сар гузарондааст. Аз ин рӯ, чи хеле ки дар боло таъкид карда шуд, бояд адабиёти ин давр дар ҳолати омехтагии забонҳо баррасӣ гардад. Маҳз дар ана ҳамин ҳолат таъсирпазирӣ ва таъсиргузории забонҳо дар эҷоди адабӣ ба хубӣ инъикос меёбад. Ҳанӯз таъсирпазирии шоирони ин давр аз ҳамдигар, хусусиятҳои услубиву бадеии ашъори шоирон, ҷой ва мақоми адабиёти тоҷику ӯзбек дар ин давр, хусусияти мундариҷагию сохтории асарҳои шоирон, анъанаҳои навҷӯиву навоварии адибон, алоқаҳои адабию иҷтимоии шоирони тоҷику ӯзбек, давом додани суннатҳои адабӣ барин масъалаҳои мубҳаме вуҷуд доранд, ки омӯзиш ва тадқиқи аниқу мушаххасро талаб менамоянд.
Дуруст аст, ки дар ин бора корҳои зиёде анҷом дода шудаанд, вале ҳанӯз ҳамаи онҳо талаботи адабиёти илмӣ ва адабии ин даврро қонеъ намегардонанд. Чунки, намояндагони адабиёти ин ҳавзаи адабӣ аз рӯйи мансубияти миллӣ, баъзеашон тоҷик ва бархеи дигарашон ӯзбек бошанд ҳам, аммо эътибори онҳо барои равнақи шеъри зуллисонайн боиси ташаккули навъҳои шеъри дузабона дар ин давр гаштааст.
Натиҷаи таҳлилҳои адабии муҳаққиқон собит менамоянд, ки дар нимаи дуюми асри XVIII ва аввали асри XX адабиёти дузабона нисбат ба марҳилаҳои пешинааш вусъат ёфта, эҷодиёти шоирони зуллисонайн ҳамчун воқеаи муҳимми адабӣ маъмул гашт, ки дар ин бора андешаи адабиётшинос З. Ӯлмасова боиси ёдоварист: «дар тӯли ҳашт аср (XII-XX) раванди дузабонагии ӯзбекӣ-тоҷикӣ дар адабиёти тоҷик гоҳе густаришу тақвият меёфт, гоҳе заъфу сустӣ пайдо мекард, аммо ҳеч гоҳ қатъ нагардид, хусусан, дар фосилаи таърихии аз нимаи дуюми асри XVIII то ибтидои асри XX вусъатёбии ин ҷараён қобили таваҷҷуҳ аст».
Омили асосии бо ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ташаккул ёфтани адабиёт дар ҳавзаи адабии Хӯқанд, қабл аз ҳама ба ӯзбек будани Амир Умархон вобаста мебошад. Чунки вай ҳамчун намояндаи миллати ӯзбек ба ин забон шеър мегуфт ва нисбат ба шеъру шоирӣ эҳтиром мегузошт. Бинобар ин, аксарияти шоирони дузабона, бо мақсади ба эҳтироми Амир сазовор шудан, шеърҳои туркӣ-ӯзбекӣ менавиштанд. Омили дигаре, ки ба офаридани ашъори ӯзбекӣ завқу шавқ пайдо кардани шоиронро ифода мекунад, табиати нотакрори қаламрави Хӯқанд буд. Дар ин маскан асосан мардуми тоҷик ва ӯзбек зиндагӣ мекарданд. Ана ҳамин мушаххасот дар эҷоди осори тоҷикиву ӯзбекӣ, яъне «адабиёти дузабона» ниҳоят муассир буд. Боз як омили дигар ин буд, ки таваҷҷуҳи шоирон ба сурудани ашъор бо ду забон яке аз нишонаҳои камолоти шоирӣ ҳисобида мешуд. Шоироне, ки намояндагони адабиёти зуллисонайнӣ буданд, дар дарбори Амир Умархон эҳтироми ҷудогона доштаанд. Бинобар ин, дар баробари воқеаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ба ду забон офаридани асари бадеӣ дар байни адибони тоҷик ҳам инкишоф ёфт. Дар ин хусус, адабиётшиноси варзидаи тоҷик Носирҷон Маъсумӣ дуруст таъкид намудааст, ки «Ҳамаи ин доираи адабӣ, (яъне Хӯқанд – Ҳ. С.) зуллисонайн буданд ва дар ин ҷо адабиёти тоҷику ӯзбек баробар инкишоф меёфт. Аз ин рӯ, адибони ин доираи адабӣ ҳамчун намояндагони адабиёти ду халқи дӯсту бародар – тоҷикон ва ӯзбекон ба ҳисоб гирифта мешаванд».
Бояд зикр кард, ки дар доираи адабии Хӯқанд дар асрҳои ХVIII-ХIХ аксарияти жанрҳои маъмули классикӣ: ғазал, қасида, маснавӣ, мухаммас, қитъа, рубоӣ, моддаи таърих, байт ва ғайра бо ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ суруда шудаанд ва инкишоф ёфтаанд. Аз ин ҷост, ки аксарияти онҳо дар суханварӣ ба шоирони адабиёти классикии тоҷик, аз ҷумла Саъдӣ, Ҳофиз, Амир Хусрав, Камол, Ҷомӣ ва Бедил пайравӣ кардаанд. Лекин нуфузи ашъори Ҳофизу Ҷомӣ ва Бедил ба онҳо зиёдтар ба назар мерасад. Ин шоирон дар шеърҳои ӯзбекӣ бештар анъанаи шеърофарии Навоиву Фузулиро давом додаанд. С. Амирқулов дар китоби «Таҳаввули жанрҳои адабӣ дар асри ХVIII ва ибтидои асри ХIХ» оид ба жанрҳои адабӣ ибрози назар кардааст.
Дар миёни шоирони дузабона, махсусан, эҷодиёти Махмур, Маъдан, Ҳозиқ, Гулханӣ, Шавқӣ, Амирӣ, Нодира, Нозил, Дилшод, Фано, Зокирҷони Фурқат ва Муқимӣ ҷолиби диққат аст ва дар эҷодиёти онҳо мо барҷастатарин хусусиятҳои адабиёти дузабонаро мушоҳида карда метавонем.
Хулоса, аз мероси адабии шоирони ин давра маълум шуд, ки адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри XVIII то ибтидои асри XX бо якчанд хусусиятҳои ба худ хос инкишоф ёфтааст. Шоирон ба сахтиву мушкилиҳои гуногуни рӯзгор нигоҳ накарда кӯшидаанд, ки беҳтарин анъанаҳои адабиёти пешқадами давраҳои гузаштаро дар мазмуну мундариҷа ва шаклу услуби бадеиву адабӣ тибқи талаби замон мунъакис гардонанд. Муҳокима кардани ин хусусиятҳо барои омӯзиши комили ҳавзаи адабии Хӯқанд дар шакли адабиёти дузабона роли муҳимро мебозад. Анъанаи зуллисонайнӣ дар адабиёти давр, бо жанрҳои маъмул, мисли қасидаву ғазал ва манзума идома пайдо кардааст. Аммо қисми асосии осори шуарои ин давраро жанри ғазал ташкил медод. Баъдан, дар доираи адабии Хӯқанд муламмаъ вусъат пайдо кард, яъне шоирони ин ҳавза дар баробари унсурҳои маъмулии муламмаъ дар шеърҳои тоҷикӣ – аносири туркиву арабӣ аз аносири русиро ҳам истифода кардаанд, ки он ба шинохти ин унсурҳо ҳамчун зуҳуроти навгароӣ омил гаштааст.
Ҳикмат Султонзода,
омӯзгори калони ДДОЧ.