Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки олами ахбор ҷомеа, тамоми афкор ва шуури башариятро фаро гирифтааст. Дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI ибораву ҷумлаҳои «Рӯзнома – оинаи зиндагӣ», «Бе рӯзнома ҳаётро тасаввур кардан мумкин нест» маъмулу машҳур буданд.
Алҳол бино ба табаддулоти бузурги техникӣ, яъне кашф шудани навъҳои гуногуни телефонҳои дастӣ, смартфону планшетҳо, вусъатёбии шабакаи интернет аксар соҳиби ин муъҷизаи техникӣ гаштаанду зиндагии худро бидуни он тасаввур карда наметавонанд. Имрӯз телефони дастӣ – манбаи асосии хабару навигариҳо, воситаи алоқа, машваратгару маслиҳатдеҳ дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ, манбаи муҳими эълонҳо, воситаи нигоҳдорӣ ва гузаронидани маблағҳои пулӣ, тамошои дастурҳои телевизиониву консертҳо, дастгоҳи ба наворгириву суратбардорӣ ва ҳоказо мебошад.
Дар натиҷа, солҳои охир эътибор ба нашрияҳои давраӣ – рӯзномаву маҷаллаҳо хеле поён рафт. Сафи рӯзномахонон-обуначиёни васоити чопӣ торафт кам мешавад. Бо сабаби норасоии маблағ ва воситаҳои нашрӣ аксарияти рӯзномаҳои соҳавиву маҳаллӣ фаъолияти худро қатъ карданд. Қисми зиёди рӯзномаҳои маҳаллӣ бинобар душвориҳои молиявӣ шумора ва миқдори кормандонашонро ихтисор намудаанд. Новобаста ба ин душворию мушкилоти гуногун ҳанӯз гурӯҳи калони фидоиёни матбуоти чопӣ ба касби худ содиқ мондаанду баҳри нигоҳ доштан ва равнақи матбуоти чопӣ садоқатмандона хидмат мекунанд. Бинобар заҳмати шарафноку пурмасъулияти онҳо ҳанӯз рӯзномаҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ чоп мешаванд. Муштариёни содиқи ин нашрияҳо то ҳол ба рӯзномаҳои дӯстдоштаашон обуна шуда, ҳадди имкон дастгирӣ мекунанд. Мо имрӯз дар қатори журналистон, эҷодкорони шодравонамон Ё. Ҷабборов, П.Қаҳҳоров, К.Охунов, Т.Тоҷибоев, М. Эргашов номҳои собиқадорони кунунии рӯзномаамон Ё.Дадаҷонов, М.Имомадиев, М.Акрамов, Ҳ.Эргашева ва бисёр хабарнигорони фаъоли ҷамоатиро бо ифтихор ба забон мегирем. Алҳол туфайли меҳнати пурмашаққати кормандони рӯзнома А.Олимов, М. Мирзокиров, А.Зарипов ва дастгирии муштариёни саховатпеша газета моҳе ду маротиба нашр мешавад.
Тамоми кормандони ҷонфидои дирӯзу имрӯз ва муштариёни доимии рӯзномаи «Косонсойнома»-ро бо Рӯзи кормандони васоити ахбори умум муборакбод менамоем ва дар зиндагиву корҳояшон комёбиҳо орзумандем.
Абдулвоҳид Нуриддинов,
узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, масъули саҳифаи тоҷикии «Косонсойнома».
Вилояти Намангон.