Дар мавзеи кӯҳии Шоҳсафеди ноҳияи Косонсой байни ҷамоаҳои ноҳияҳо оиди ташкили сайёҳии кӯҳӣ қувваозмоии шавқовар баргузор гардид.
Дар тамоми гӯшаҳои кишварамон бо мақсади пурмазмуну пурзавқ гузаронидани вақти холии мактаббачагон ва ҷавонон дар таътили тобистона дар доираи барномаи «90 рӯзи зарбдор» чорабиниҳои маънавию солимгардонӣ гузаронида мешавад.
Чанде пеш дар мавзеи кӯҳии Шоҳсафеди ноҳияи Косонсой байни ҷамоаҳои ноҳияҳо оиди ташкили сайёҳии кӯҳӣ қувваозмоии шавқовар баргузор гардид. Дар озмуне, ки аз ҷониби Маркази «Баркамол авлод»-и вилоят ташкил гардид, беш аз 100 нафар хонандагон иштирок карданд.
Ҳар як ҷамоа аз 6 нафар иштирокчӣ иборат буда, аз рӯйи 6 шарт қувваозмоӣ намуданд.
Баъди талошҳои пуршиддат ҷойи аввалро вакилони ноҳияи Учқӯрғон, ҷойи дуюмро дастаи варзишии ноҳияи Тӯрақӯрғон ва зинаи сеюмро намояндагони ноҳияи Чортоқ ишғол намуданд. Дастаи Учқӯрғон ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаи ҷумҳуриявиро, ки дар ноҳияи Бахмали вилояти Ҷиззах баргузор мегардад, ба даст даровард.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.