Пайрави Синои ҷаҳонгир манам...

Дар яке аз минтақаҳои хушманзараи соҳили дарёи Сӯх биное қомат афрохтааст, ки хеле назаррабо буда, атрофашро дарахтони гуногуни мевадор, мисли зардолуву шафтолу, гелосу олу ва ноку себ, инчунин ниҳолҳои ороишӣ иҳота намудаанд.

Аз даромадгоҳ то атрофу акнофи он хеле сарсабзу хуррам аст. Ҳарҷо-ҳарҷо гулҳои рангорангу хушбӯ ба табиати он шукӯҳи тоза ато намудаанд.

Дар роҳрави атрофаш чанд ҷои нишаст дар ихтиёри беморон ва шахсони аёдаткунанда гузошта шудааст.

Ана ҳамин манзараи дилрабо аз мадди назари мо дур намонд. Онро тамошокунон вориди саҳни васеъ шудем. Камол Шарофиддинов моро бо чеҳраи кушод истиқбол намуд. Бо роҳбаладии ӯ вориди даҳлези дарози бинои асосӣ шудем, ки ду тарафи он аз ҳуҷраҳои дунафариву чорнафарӣ иборат будааст. Катҳои дохили ҳуҷраҳо бо рӯйҷоҳои сап-сафеди дарзмолшуда ва болишти ниқобкашидашуда муҷҷаҳҳаз буд.

– Ин кас ошпази мо – Моҳира Шарифова ҳастанд. Аз хӯрокҳои болаззати ӯ беморон хеле хурсанданд. Ошу шӯрбо, мастобаю шавла, мошкичирию тушбераи он касро тановул кунед, чанд муддат мазааш аз даҳонатон намеравад, – гуфт бо шавқи том Камол Шарофиддинов.

– Дар шароити ин ҷо хӯрокпазӣ ягон мушкил эҷод намекунад? Манзурам аз гази табиӣ истифода мешавад ё на?

– Баъзан аз гази табиӣ истифода мекунем. Аммо на ҳамеша гази табиӣ дастрас аст. Хоссатан фасли сармо дар аксари ҷойҳо, аз ҷумла минтақаи мо низ камбудии гази табиӣ хеле зиёд эҳсос мешавад, барои ҳамин дар ошхонаи мо бештар ҳезум ва балонҳои гази фишурдашурда корбаст мегарданд. Ҳуҷраҳоро тавассути ангишт гарм мекунем.

– Дар клиникаи шумо воситаҳои табобатро чӣ ташкил мекунанд?

– Ғайр аз амалиёти ҷарроҳӣ, воситаи асосии муолиҷаи беморон – аз масҳ ва физиотерапӣ фаровон истифода сурат мегирад. Бо ин кор ҳамшираҳои шафқатамон Сулҳия ва Ороста машғуланд, ки омӯзишгоҳи тиббиро хатм кардаанд. Писарам – Аҳлиддин дар оянда мутахассиси соҳаи ҳалқ, гӯш ва бинӣ хоҳад шуд.

– Ҳоло дар клиникаи шумо чанд нафар бемор мавриди муолиҷа қарор гирифтаанд?

– Мо 10 ҳуҷра дорем ва ҷамъи гунҷоиши беморон 38 нафарро ташкил мекунад.  Ҳоло дар байни беморон шаҳрвандони кишвари ҳамсояи Қирғизистон низ ҳастанд, ки маҳз мизоҷони мо маҳсуб меёбанд.

– Хеле ҷолиб!

– Метавонед бо як-ду нафари онҳо бевосита суҳбат кунед.

Вақте вориди яке аз ҳуҷраҳо шудем, марди миёнсоле болои кат якпаҳлӯ зада, бо шавқ телевизор тамошо мекард. Вай аз ҷо боло шуд ва баъди адои муошират худро сокини деҳаи Буҷуни ноҳияи Боткент Қайиш Ҷумъаев муаррифӣ намуд. Баъд афзуд:

– Ҳар шаш моҳ дар ин клиника бистарӣ мешавам ва муддати 12 рӯз муолиҷа мегирам. Ин ҷо барои мо ҳам наздик аст ва ҳам барои муолиҷа шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Аз ноҳияҳои дигари вилояти Боткент боз се нафар ин ҷо бистарӣ мебошанд. Ҳоло муносибати ду давлати ҳамсоя хеле хуб шудааст ва ягон монеа барои омадан ва муолиҷа гирифтани мо мавҷуд нест. Ин боиси сарфарозиҳост, – гуфт бо хурсандӣ Қайиш Ҷумъаев. 

***

Вай мехост омӯзгор шаваду ба насли наврас таълиму тарбия диҳад. Ҳатто то хатми синфи нӯҳ дар дил ҳамин орзуро мепарварид. Аммо воқеае рӯй доду ин қарораш тағйир ёфт.

– Ман навакак аз мактаб баргашта будам, ки аз ҳавлии ҳамсоя доду фиғон баланд шуд. Ҳайрон шудаму тозон ба он ҷо шитофтам. Зану шавҳар болои сари фарзандашон, ки аз дарди ҷонкоҳ нола мекард ва ба худ мепечид, рост истода чӣ кор карданашонро намедонистанд. Дарк намудам, ки то расида омадани мошини ёрии таъҷилӣ вақти зиёд лозим аст, барои ҳамин ба назди бародарам– Шарофиддин рафтаму вазъиятро фаҳмондам. Вай бо мошини сабукраваш зуд ба назди ҳавлии ҳамсоя ҳозир шуд. Сонӣ вай писарбачаву падару модарашро ба шифохонаи марказӣ расонд, – ёдовар шуд Камол.

Вай илова намуд, ки пизишкон дарҳол писарбачаро ба кати ҷарроҳӣ хобонидаанд ва ба вай, ки аз дарди кӯррӯда азият мекашидааст, тавассути амалиёти ҷарроҳӣ ҳаёти дубора бахшидаанд.

Баъди як ҳафта писарбача сиҳат шуда, ба ҳавлиашон баргаштааст. Падару модараш ба ҳавлии Камолино омада, барои кумаки фаврӣ ба вай ва бародараш ибрози сипос намудаанд.

– Дар мактаб аз ҳамаи фанҳо баҳои хубу аъло доштам. Вақте ки соли 1978 онро хатм кардам, бе ягон дудилагӣ ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино супурдам. Ин донишкада солҳои салтанати шӯравӣ ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои баландихтисос байни донишкадаҳои тиббии Осиёи Марказӣ шуҳрати беандоза пайдо карда буд. Ҳоло низ ба ҳамон анъанаи худ содиқ мондааст, – мегӯяд Шарофиддинов.

Вале падараш – Наҷмиддинамак гуфтааст, ки ба деҳа бармегардад.

– Ин ҳарфи падарам боис шуд, ки ба деҳа баргардам. Аммо аз ин қарори падар баъд хурсанд шудам, зеро ҳамон солҳо Сӯх, ки аз дурдасттарин минтақаҳои вилояти Фарғона маҳсуб меёфт, ба кадрҳои тиббӣ хеле ниёз доштааст. Бо тамоми майл ба кор пардохтам ва дар ин муддат беморони зиёдро даво бахшидам, – иброз медорад ӯ.

Солҳои 1985–86 таҳти раҳнамоии узви вобастаи Академияи илмҳои тибби Иттиҳоди шӯравӣ, профессор Ю. Нехаки, доктори илмҳои тиб, профессор Л. Калштейн ва доктори илмҳои тиб Н. Холматов курси махсуси бемориҳои гӯш, ҳалқ ва биниро хатм намудам, – изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Солҳои 1986-88 дар шуъбаи ҷарроҳии шифохонаи ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлони Тоҷикистон машғули такмили касб шудааст ва донишу маҳораташро сайқал додааст.

***

Камол мегӯяд, ки пеш аз шурӯъ ба кори хусусӣ бо дигарон маслиҳат кардааст.

– Беҳуда нагуфтаанд:

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад, – ёдовар мешавад зимни суҳбат Камол Шарофиддинов. 

Дар ин муддати тӯлонӣ ҳудудан ба 24 ҳазор нафар бемор хидмати беминнат расонидааст. Аксарияти онҳо аз роҳи статсионарӣ дар клиникаи хусусии ӯ саломатии худро барқарор кардаанд.

Ногуфта намонад, ки Камол Шарофиддинов солҳои дароз дар вазифаи мудири шуъбаи бемориҳои ҳалқ, бинӣ ва гӯши поликлиникаи марказии ноҳия кор кардааст.

– Аз хоҷагии ёрирасонамон низ як миқдор даромад ба даст меорем. Онро ба корҳои тармиму муҷаҳҳаз намудани клиника ва барои беҳбуди хӯроке сарф мекунем. Дар ин миён ба беморони хонаводаҳои камбизоат ба таври ройгон хидмат мерасонем ва дуои хайри онҳоро сазовор мешавем, – мегӯяд Камол. 

Вай бо завҷааш – Оҳистабону соҳиби чаҳор фарзанд ва набераҳои дӯстрӯ мебошад. Камол аз зиндагии худ розӣ аст ва аз шарофати истиқлол ҳамеша шукр мегузорад. Барои меҳнати тӯлонӣ борҳо бо нишон ва ташаккурномаҳои вазорати тандурустӣ ва идораҳои маҳаллии он сазовор гардидааст.

***

– Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев сиёсати хирадмандонаро пеш гирифтааст. Онро бо тамоми ҳастӣ дастгирӣ мекунам, зеро дар ягон давру замон барои мо чунин шароити хубу созгор фароҳам оварда нашудааст. Аз ин шароит бояд дуруст истифода кард ва барои рушду ривоҷи тиб талош намуд, – гуфт дар интиҳои суҳбат Камол.

Насими хуш вазида, ҳавои фасли гармои тобистонро мӯътадил менамуд. Аз ин баландӣ атроф чун кафи даст намудор мешуд. Мардуми зиёд дар қитъаҳои чоркунҷаи ду соҳили рӯди Сӯх машғули хишоваи шолӣ буданд. Маҳз онҳо бо меҳнати пурсамари худ бозорҳоямонро бо биринҷи хуштаъми девзира таъмин мекунанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Фар-она.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: