Халқи мо аз қадим урфу одат ва анъанаву қадриятҳои миллии худро дорост, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун фарҳанги аҷдодӣ шакл гирифтааст. Албатта зиндагии мардуми деҳот, бахусус ҷавононро бе истифодаи ин гуна бозиҳо тасаввур намудан имконнопазир аст.
Зеро ин бозиҳо аҳамияти баланди варзишиву маънавӣ дошта, барои ҷисмонан бақувват ва руҳан солим гардидани онҳо хидмат мекунад. Инчунин дар ташаккули шахсияти ҷавонон ва ҳамоҳанг гардидани онҳо бо ҷамъият мусоидат мекунад.
Бозиҳои халқӣ аз қабили ланкабозӣ, чиллакбозӣ, гӯш-тингирӣ, бузкашӣ, ресмонкашӣ, қувваозмоӣ, камонбозӣ, ки баъзеи аз инҳоро шарҳ хоҳем дод, на танҳо бозиҳои халқӣ, балки метавон бозиҳои халқии варзишӣ гуфт. Зеро иштирок намудан дар ин бозиҳо бештар фаъолияти ҷисмонӣ талаб карда мешавад. Яке аз ин бозиҳо ланкабозист. Ланкабозӣ дар асри ХIХ тавассути уйғурҳо аз Чин ба фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, роҳ ёфтааст. Тибқи андешаи баъзе муҳаққиқон, номи афзори ин бозӣ – «ланга» аз калимаи тоҷикии «ланг» – ланг ва ё аз «линг»– пой гирифта шудааст. Ланка аз порачаи пӯсти пашмдори буз ва пораи сурби гирдашакл сохта мешавад. Ланкабозӣ ба таври гурӯҳӣ ё дунафарӣ сурат мегирад. Бачаҳо шумораи муайянеро марра қарор дода, ба бозӣ шурӯъ мекунанд. Агар дар вақти бозӣ ланка ба замин афтад, навбати бозӣ ба бозингари дигар мегузарад. Дар вақти ланкабозӣ мушакҳои пой ва шикам хеле фаъол иштирок мекунанд, ки ин барои бақувват гардидани пой ва зебо гардидани қомат замина мегардад.
Бозии дигаре, ки барои саломатии мардум хеле судманд аст, чилликбозӣ мебошад. Чилликбозӣ ё чилликдангал навъе аз бозии кӯдакон ва бузургон, ки бо дастаи чӯбин – чиллики чӯбии тақрибан 20-25 сантиметраи аз ду тараф сартезро ба мақсади ҳарчи дуртар фиристодан мезананд ва анвои гуногуни ин бозӣ вуҷуд дорад. Асосан се намуди ин бозӣ дар кӯҳистони мо маъмул аст: яке ду санги ба андозаи косаро гузошта, чилликро болои он мегузоранд ва бо дастаи чӯбин онро мезананд. Дувумин чилликро ба ҳаво партофта, бо даста онро мезананд ва навъи сеюм чилликро дар замин мегузоранду аввал бо даста ба як гӯшаи он мезананд то аз замин боло ҷаҳад. Баъд вақте ки ба боло ҷаҳид, онро мезананд, то ҳарчи дуртар равад. Ҷамоаи рақиб ҳаракат мекунад, ки онро дар ҳаво даст гиранд. Зеро вақте онро дар ҳаво доштанд, шахси бозикардаистода аз бозӣ мебарояд. Агар дошта натавонанд, аз ҷое, ки чиллик парида рафтааст, сӯйи бозикунанда мепартоянд. Чун аз як қади дастаи чӯбин, ки дар дасти бозигар аст, ба он сангҳои гузошта наздик шавад, навбати ҷамоаи рақиб меояд, вагарна боз ҳамин тавр бозӣ давом медиҳад. Дар давоми чилликбозӣ асосан мушакҳои дасту бозу хеле фаъол кор мекунад ва вақти доштани чиллик бачаҳо хеле тез медаванд, ки ин барои саломатӣ муфид аст.
Бозӣ ё навъи дигари варзиш ин гӯштини миллӣ аст, ки дар байни мардуми мо хеле васеъ паҳн шудааст. Қоидаи нонавиштаи гӯштини суннатии тоҷикон чунин аст, ки бо таклифи шахсони мӯътабари диёр ва ё вакил мақсади гузаронидани маъракаи гӯштингирӣ, вақти гузаронидан, мавзеи гузаронидан, ҷамъоварии маблағи зарурӣ барои туҳфа, қабули меҳмонон, зиёфати онҳо ва амсоли ин корҳои ташкилӣ пешниҳод карда мешавад ва бо таври овозаҳои халқ, ки қариб ҳар сол вобаста ба ҷашнҳои пешомада чунин маъракаҳоро интизорӣ мекашанд, ба дигар диёрҳо мерасанд. Дар маъракаи гӯштини суннатии тоҷикӣ вазн ба эътибор гирифта намешавад, лекин синну сол барои кӯдакон ва наврасон ҳатман ба тахмини зеҳнии довари майдон ва садои мухлисон ба эътибор гирифта мешавад. Барои гӯштингирон вақт ҷудо карда намешавад. Агар рақобат тӯлонӣ давом кунад, бо хоҳиши якдигар ба онҳо танаффус дода мешавад ва ё бо хоҳиши якдигар рақобат мусовӣ ҳисобида шуда, аввал ба ҳардуи онҳо якхела ягон туҳфа дода мешавад, ё туҳфаи эълоншуда байни онҳо тақсим карда мешавад. Ин рақибон метавонанд рақобатро бо дигар паҳлавонон давом диҳанд. Дар хотимаи гӯштин аз ҳама туҳфаи арзишмандтар ба номи паҳлавони маҳбуби диёр эълон мегардад ва хоҳишмандон баромада, дар маркази майдон ба қатори паҳлавони номбаршуда мешинанд, ё ин ки ягон рӯймолро «тавоқ» гуфта номи туҳфаи қиматтаринро эълон намуда, дар маркази майдон мегузоранд. Албатта имрӯзҳо ин навъи варзиши халқӣ дар майдонҳои байналхалқӣ баргузор мегардад ва ҳамватанони мо борҳо дар чунин чемпионатҳо ғолиб гардида, номи мамлакат ва мардумро баланд бардошта истодаанд, ки ин боиси ифтихори мост.
Умар Ҷӯраев,
омӯзгори мактаби рақами 94-уми ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё.