Мусоҳибаи мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд Зоҳир Ҳасанзода бо собиқадори таълими олӣ ва муаллифи китобҳои дарсӣ, профессор Аслиддин Қамарзода оид ба сифати китобҳои дарсӣ барои мактабҳои таълимашон тоҷикии Ӯзбекистон.
– Устод, ба қарибӣ китобе бо номи «Дар чорсӯи илм ва эҷод» ба дастам расид, ки рӯйи муқоваи он сурати нуронии шумо, дар саҳифаи аввалаш ба муносибати 85-солагии зодрӯзатон нашр шудани он сабт шудааст. Рости гап, китобро варақ зада, пеши худ хеле андешидам, зеро дар асл, онро бояд мо – шогирдон менавиштем, вале, ташаккур аз Ҳикмат Султонзода, ки «пешдастӣ» кардааст.
Устод, шумо дар умри бобаракати худ беш аз 80 номгӯй асарҳои илмӣ, бадеӣ навиштаед, тарҷума кардаед. Китобҳои дарсии шумо барои мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва олӣ заруранд. Дар бораи онҳо, аз ҷумла дар «Овози тоҷик» тақризу гузоришҳо нашр шудаанд. Мутаассифона, солҳои охир аз ҷониби омӯзгорон ба идораи «Овози тоҷик» доир ба китобҳои дарсӣ бисёр мактубҳо мерасанд. Дар онҳо фикру мулоҳизаҳои танқидӣ бештаранд. Аз ҷумла, оид ба дараҷаи сифати кори баъзе муаллифон мулоҳизаҳои танқидии устоди Донишгоҳи омӯзгории Чирчиқ Ҳикмат Султонзода «...Аз муаллимони мактаб ягон фикри солим намегиред...» («О.Т.» 1 феврали соли 2023), Холмурод Муртазоев аз ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё «Назаре ба китобҳои дарсии «Саводомӯзии забони модарӣ ва хониш» («О.Т.»11 феврали соли 2023), Олим Панҷизода ва Ҷамшед Ҷумъақулов аз вилояти Сурхондарё «Аз мост, ки бар мост» («О.Т.» 18 феврали соли 2023), инчунин дар саҳифаҳои интернет чанде дигарон низ эълон шуданд, ки фикру мулоҳизаҳои худро бобати бо хатоҳои илмӣ, услубӣ, имловӣ нашр шудани китобҳои дарсии забон ва адабиёт, инчунин тарҷумаҳои ғализи китобҳои дарсӣ баромад карда, бонги изтироб зада буданд.
Шумо дар бахши суханшиносии Донишгоҳи давлатии Самарқанд беш аз 50 сол оид ба паҳлуҳои гуногуни забон ва адабиёт дарс додед. Якҷо бо ин дар Институти такмили ихтисоси муаллимон низ барои такмили дониши муаллимон саҳм гирифтед, чандин сол ҳамчун раиси бахши забон ва адабиёти тоҷики Шӯрои илмӣ-услубии Маркази таълими ҷумҳурӣ дар таҳияи барнома ва китобҳои дарсӣ оид ба таълими адабиёт барои мактабҳои миёна фаъол будед... Фикри шумо дар ин бобат чӣ гуна аст?
– Ташаккур, барои эътиборатон. Ман ба шумо ҳамчун шогирди содиқ, мухбири «Овози тоҷик», ки ин рӯзномаро 70 сол боз мехонам, эҳтироми хоса дорам.
Мусоҳибаи мо дар мавриде сурат мегирад, ки гурӯҳе аз муаллимон дар бораи мавҷуд будани нуқсонҳои ҷиддӣ дар китобҳои дарсӣ аз «Алифбо»-и синфи якум то аксар китобҳои забон ва адабиёти тоҷик барои синфҳои 1-11 мулоҳизаҳои худро баён карда, аз ман хоҳиш менамоянд, ки доир ба ин китобҳо фикру мулоҳизаҳои худро гӯям.
Бояд мардум бидонанд, ки яке аз сабабҳои сол аз сол дар Ӯзбекистон кам шуда истодани мактабу синфҳои таълимашон тоҷикӣ, пайваста бо ин кам гардидани миқдори муштариёни матбуоти тоҷикӣ, аз ҷумла ба «Овози тоҷик» низ бинобар сифатан паст будани китобҳои дарсӣ мебошад.
Ҳарчанд ман пештар ҳам бо чандин хабару мақолаҳои оид ба нуқсонҳои китобҳои дарсӣ шинос будам ва дар ин хусус худ низ борҳо навиштаам, ин дафъа ҳамаи китобҳои дарсии мактабиро аз сар то охир аз назар гузаронида, дар ибтидо аз як чиз ба ҳайрат афтодам: аксари китобҳо доир ба забон ва адабиёти тоҷик асосан аз ҷониби се-чор муаллиф навишта шудаанд. Пас ба эътирози муаллимон оид ба нуқсонҳое, ки дар ин китобҳо дарёфт кардаанд, таваҷҷуҳ намудам: яке мегӯяд, ки китобҳо пур аз хатои имловию техникӣ мебошанд ва ҳатто баъзе калима ва ибораҳо ғалат навишта шудаанд. Дигаре менависад, ки дар китобҳо далел ва санадҳои таърихӣ ғалат нишон дода шудаанд. Яке менависад, ки дар асоси кадом барномаи мактабӣ навиштани китобҳои дарсӣ аз ҷониби муаллифон норавшан аст, зеро дар онҳо мавзӯъҳои такрор, ба доираи фаҳмиши хонандагони синфҳо номувофиқ бисёранд. Ман ин китобҳоро аз назар гузаронида, ба хатоҳое, ки ба ақл мувофиқ намеоянд, дучор шудам.
– Аз мулоҳизаҳои омӯзгорон чунин ба назар мерасад, ки муаллифони китобҳои дарсӣ ҷиҳатҳои муҳими таълими забон ва адабиётро, ки асоси он суфтаю равонии сухан аст, дарк намекунанд. Ба назар чунин мерасад, ки онҳо китоби дарсиро як кори саҳл ва манбаи даромад медонанд. Ҳол он, ки китоби дарсӣ пойдевори дониш аст.
Устод, сабаб чист, ки шумо дар сафи муаллифон нестед?
– Дуруст дарк кардед. Воқеан, тавре дар боло ишора рафт, ҳоло табъу нашри китобҳои дарсӣ барои мактабҳо пурра ба дасти се-чор тан гузашта, на танҳо номи ман, балки номи донишмандон ва омӯзгорони соҳибтаҷриба Ҳасан Қудратуллоев, Амон Воҳидов, Абдусалом Самадов, Амина Шарофиддинова, Мавлуда Давронова, ки китобҳои дарсии онҳо дар асоси барномаҳои таълимии Вазорати таълими халқ дар вақташ хубу соз навишта шуда, манзури омӯзгорону донишомӯзон гардида буданд, бо вуҷуди истифода шудани маводи онҳо дар китобҳои дарсӣ номашон ҳамчун муаллиф зикр нашудааст, ки тааҷҷубовар аст. Илова бар ин аксари китобҳо пур аз хатоҳои имлоию услубию мантиқӣ мебошанд. Танҳо як китоби «Саводомӯзии забони модарӣ ва хониш барои синфи 1 (қисми 1)»-ро бигирем.
Бачаҳои синфи якум ҳоло калимаҳои душворфаҳм ва мураккаб, аз қабили «корбаст», «крепсон», «антонӣ», «барангезандагон» (саҳ. 99)-ро намедонанд.
Дар китоб шеърҳои бачагонаи шоирони тоҷик Аминҷон Шукӯҳӣ, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Убайд Раҷаб, Алӣ Бобоҷон, Ҷӯра Ҳошимӣ интихоб шудаанд, лекин баробари ҳамин барои шиносонидани бачаҳо бо эҷодиёти шоирони тоҷики маҳаллӣ дар мавридаш аз шеърҳои барои бачаҳо навиштаи Салим Кенҷа, Асад Гулзода, Маҳбуба Неъматзода, Абдурасул Иброҳимзода, Паймон, Абдулло Субҳон ва дигарон низ овардан мумкин буд.
Ҳамин тавр, дар ҳама китобҳои дарсӣ доир ба забон ва адабиёт хатою нуқсонҳои зиёде ба назар мерасанд.
Ман китоби соли 2011 нашршудаи «Адабиёт» барои синфи 5-ро бо китоби соли 2020 нашршуда муқоиса карда, дар ҳайрат мондам: нашри соли 2011, ки «ғолиби тендер» дониста шуд, бо хатоҳо нашр шудааст, нашри соли 2020 бошад, пурра аз варианти китобе, ки камина дар асоси маслиҳатҳои омӯзгорон аз нав кор карда ба тендер тақдим карда будам, рӯйбардор шудааст. Дар муқова муаллифони китоб шахсони дигар нишон дода шудаанд. Тақризчиён ҳам куллан дигаранд. Пас, мақсад аз тендер чӣ буд?
Ғайр аз ин Ҷ. Эшонқулов муаллифони китобҳои дарсии «Адабиёт»-ро барои синфҳои 8 ва 11 низ худсарона дигар кардааст.
Ман бо мақсади батафсил навиштани мулоҳизаҳои худ оид ба китобҳои дигари дарсӣ доир ба забон ва адабиёти тоҷик эътибор додам, қариб аксар муаллифон – ҳамдеҳагонанд. Дар ягон ҷой номи муаллифони аввалаи ин китобҳои дарсӣ – Ҳасан Қудратуллоев, Амон Воҳидов, Амина Шарофиддинова, Аслиддин Қамарзода, Абдусалом Самадов, Умеда Қамарова, Мавлуда Давронова, ки барои навиштани ин китобҳо нури чашму вақти пурқимати худро сарф кардаанд, ба назар намерасад. Ному насаб ва вазифаи тақризчиён низ аз ҳаво гирифта, нишон дода шудааст. Аксари ин «тақризнависон» аз ин китобҳо ва «тақризҳои худ» бехабаранд.
Дар бораи ин чизҳо пештар низ омӯзгорон ба «Овози тоҷик» ва Вазорати таълими халқ навишта буданд.
Равшан аст, ки навиштани китоби дарсӣ бозӣ нест, зеро «хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ, то сурайё меравад девор каҷ». Донишомӯзи хурд дар китоби дарсӣ ҳар чизеро бинад, онро ҳамчун асоси дониш қабул мекунад. Агар муаллим хатои китобро дуруст карда фаҳмонад, шогирд ӯро ба бесаводӣ айбдор карданаш ҳеч гап нест! «Охир дар китоби дарсӣ чунин навишта шудааст», – мегӯяд шогирд.
Билохир, ман пешниҳод менамоям, ки китобҳои дарсии мактабӣ аз ҷониби донишмандон ва омӯзгорони соҳиби донишу таҷриба, ки дар донишгоҳҳову мактабҳои вилоятҳо ҳастанд, аз назари мутахассисон гузаронида, сипас бо таҳриру такмил нашр шаванд.
– Ташаккур устод, барои суҳбати пурмазмунатон.
Суҳбаторо Зоҳир Ҳасанзода,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.