Форуми чоруми байналмилалии сармоягузории Тошканд, ки 10-12 июни соли ҷорӣ бо муваффақият дар пойтахти кишварамон баргузор гардид, дар таҳкими мавқеи Ӯзбекистон дар ҳамгироии иқтисодии байналмилалӣ марҳалаи нави таърихӣ гардид. Ҳамзамон, ин форум як дастоварди бузурги навбатӣ дар дипломатияи иқтисодии Ӯзбекистони нав ба ҳисоб меравад.
Форуми имсола аз ҷиҳати миқёс ва аҳамият ба таври назаррас аз форумҳои қаблӣ фарқ мекард. Дар он беш аз 7500 нафар вакил, аз ҷумла тақрибан 3000 меҳмони хориҷӣ аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Ин нишон медиҳад, ки Ӯзбекистон дар ҷомеаи ҷаҳонии сармоягузорӣ ҷойгоҳи муҳимро ишғол мекунад.
Дар доираи форум бори аввал намоишгоҳи сармоягузорӣ баргузор шуд, ки ба ширкатҳои хусусии бузурги маҳаллӣ имконият фароҳам овард, иқтидори худро ба шарикони байналмилалӣ муаррифӣ намоянд. Ин як қадами амалии дигар дар роҳи дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани саҳми бахши хусусӣ дар иқтисодиёти кишварамон мебошад.
Суханронии Президенти кишварамон дар ҷаласаи Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ сиёсати сармоягузории Ӯзбекистони навро, ки бар пояи усулҳои ошкорбаёнӣ ва прагматизм асос ёфтааст, равшан нишон дод. Нуқтаи назари Президент: «Мо Ӯзбекистони навро ба ҳайси як кишвари барои сармоягузорон кушода, озод, устувор ва боэътимод бунёд мекунем» самти стратегияи кишварамонро таҷассум мекунад. Ин равиш, ки бар асоси тамоюлҳои ошкорбаёнӣ ва прагматизм асос ёфтааст, мазмуни муносибатҳои кишварамонро бо ҷомеаи иқтисодии байналмилалӣ муайян менамояд.
Сармоягузории рекордии тақрибан 1 миллиард доллар, ки соли гузашта аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба Ӯзбекистон ҷалб гардид, натиҷаи равшани ҳамкории мутақобилан судманд бо муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ба мақоми ҳамчун яке аз шарикони калони минтақавии ин бонк соҳиб шудани кишварамон бояд ҳамчун натиҷаи ҳамгироии муваффақонаи тавозуни дипломатӣ ва прагматизми иқтисодӣ арзёбӣ гардад.
Пешниҳодҳои ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Корпоратсияи молияи байналмилалӣ, Ernst & Young, Dentons ва Knauf ҷиҳати такмили қонунгузории миллӣ бо дарназардошти меъёрҳои байналмилалӣ дар зиёда аз 10 қонун, фармон ва қарор таҷассум ёфтанд. Ин натиҷаи корҳои пайваста ва мақсаднок дар роҳи мутобиқсозии низоми қонунгузории мо ба талаботи байналмилалӣ мебошад.
Эълони расмии то соли 2028 тағйир наёфтани меъёрҳои асосии андоз дар Ӯзбекистон кафолати қобили пешгӯӣ ва устуворӣ барои сармоягузорон буда, хусусияти дарозмуддати сиёсати давлатро дар таъмини суботи муҳити сармоягузорӣ инъикос мекунад.
Натиҷаҳои дар самти иқтисоди «сабз» ва рушди инноватсионӣ бадастомада аҳамияти стратегӣ доранд. Саҳми бузурги ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, ба монанди “ACWA Power”, “Masdar”, “Linde” ва “Total Energies”, ки беш аз 8 миллиард долларро дар соҳаи энергетикаи «сабз» сармоягузорӣ мекунанд, гувоҳи равшани талошҳои ҷиддӣ ва қадамҳои амалии Ӯзбекистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мебошад.
Барпо гардидани бузургтарин «маркази сабзи маълумот» дар минтақа аз ҷониби ширкати “DataVolt” як қадами муҳими стратегӣ дар рушди иқтисоди рақамӣ ба ҳисоб меравад. Парлумон низ дар самти такмил додани заминаи қонунгузорӣ ҷиҳати дастгирии технологияҳои «сабз» ва навовариҳои рақамӣ фаъолона ва пайгирона кор мебарад.
Масъалаи рушди низоми шарикии давлат ва бахши хусусӣ низ яке аз самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ин форум буд. Дар соли ҷорӣ оғоз гардидани лоиҳаҳои шарикии давлатию хусусӣ ба маблағи 4,5 миллиард доллар дар соҳаҳои сохтмони роҳ, нақлиёт, энергетика ва таъминоти об нишонгари муносибати ҳамаҷониба ба рушди инфрасохтор мебошад. Дар ду соли охир бо иштироки сармояи хориҷӣ 5500 корхонаи нав таъсис ёфтааст ва шумораи умумии онҳо ба 16 ҳазор расидааст, ки ин нишондиҳандаи муваффақият дар баланд бардоштани ҷозибияти сармоягузории кишварамон мебошад.
Лоиҳаҳои ба маблағи 30 миллиард доллар, ки дар Форуми IV байналмилалии сармоягузории Тошканд муаррифӣ шуданд, на танҳо тавоноии иқтисодии кишварамонро дар сатҳи байналмилалӣ равшан нишон медиҳанд, балки заминаи рушди устувори моро низ фароҳам меоранд. Ин рақам далели равшани сиёсати сармоягузории боз, прагматикӣ ва муваффақи Ӯзбекистон мебошад.
Даъвати роҳбари кишварамон: «Мо шуморо на барои сармоягузорӣ ба кишварамон, балки барои табдил ёфтан ба иштирокчии ҳақиқии таърихи муваффақияти мо ва ҷузъи ҷудонашавандаи ояндаи бузурге, ки мо онро бунёд месозем, даъват менамоем», тамоюлҳои ҳамкории дарозмуддатро муайян мекунад. Инчунин таъкид гардид, ки ҳар як лоиҳаи сармоягузорӣ бояд як қисми муҳими бунёди Ӯзбекистони Нав гардад.
Ислоҳоти фарогир, ки дар кишварамон оғоз ёфтаанд, характери бозгаштнопазир гирифтаанд. Табдил додани Ӯзбекистон ба як маркази бузурги иқтисодии минтақа дар асоси ҳамкории мутақобилан судманд бо ҷомеаи байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои стратегӣ ба шумор меравад. Натиҷаҳои форум раванди трансформатсияро дар тамоми бахшҳои сохтмони Ӯзбекистони Нав суръат мебахшанд ва мавқеи кишварамонро дар низоми иқтисодии ҷаҳонӣ боз ҳам тақвият медиҳанд.
Мавлуда ХӮҶАЕВА,
муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.