Боғҳои сарсабз – нишони ободии кишвар

Дар асоси қарори Президент аз 5 апрели соли 2024 “Дар бораи чораҳо оид ба афзунсозии даромади ҷавонон ва таъмини шуғли онҳо тавассути ҷудо кардани замин, инчунин, азхудкунии майдонҳои нави замин” соли ҷорӣ дар вилояти Намангон азхудкунии 7 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 6 ҳазору 119 гектар обёришаванда ва 881 гектар замини чарогоҳ муайян гардидааст.

Дар ноҳияи Тӯрақӯрғон аз соли гузашта ин ҷониб ҷиҳати дубора ба истифода додани 850 гектар замини бекорхобида корҳо амалӣ мегардад. Дар натиҷаи корҳое, ки бо мақсади мавриди истифода қарор додани 500 гектар замин иҷро шуданд, 350 гектар замин барои боғдорӣ тақдим гардид.

Имсол бошад, боз 500 гектар замин, аз он 62,2 гектар барои азхудкунӣ ва 437,8 гектар майдон барои истифодаи дубора омода карда мешавад. Маҳз бо ҳамин мақсад техникаи пуриқтидор пайваста дар талу теппаҳои парки муқобили мошину трактори “Шоҳидон нурли диёри” кор мебаранд.

Ҳоло дар заминҳое, ки чанде пеш пасту баланд буданд, боғҳои сарсабз бунёд мегарданд. Масалан, Усмонҷон Фозилов бо назардошти имконоти худ 100 гектар заминро гирифта, дар 60 гектар гелос, зардолу ва олу корид. Соли гузашта дарахтон ба ҳосил даромаданд. Имсол 12,5 тонна зардолуро ба маблағи 30 ҳазор доллар содир кард. Насриддин Сулаймонов бошад, 28 гектар заминро азхуд намуда, боғ бунёд кард. Ҳоло дар байни ниҳолҳо боимҷон корида, мехоҳад ҳосили иловагӣ ба даст орад.

Дар фурсати кӯтоҳ дар роҳи ҳалқаи Фарғона, ки аз қаламрави ноҳияи Тӯрақӯрғон – қисми “4Р112”-и роҳи нақлиётии “Пунгон–Намангон” мегузарад, боғҳои нав бунёд мегарданд.

Оқилхон ДАДАБОЕВ,

мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: