8 июл Президент Шавкат Мирзиёев бо муаррифии чораҳо бобати ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва таъмини волоияти қонун дар маҳаллаҳо шинос шуд.
Аввалин қарори сарвари давлат дар аввали сол маҳз ба ҳамин масъала нигаронида шуда буд. Дар ин қарор, ки 3 январ ба имзо расид, барои ниҳодҳои соҳа дар соли 2025 пешгирии саривақтии ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҳар як маҳалла чун вазифаи устувор муқаррар гардида, ба маҳаллаҳое, ки вазъи криминогенӣ вазнин аст, роҳбарон ном ба ном вобаста карда шуданд.
Дар шаш моҳи сипаришуда дар асоси “харитаҳои роҳ”-и мақсаднок аз рӯйи ҳар як вилоят, ноҳия ва маҳалла низоми босамари профилактикаи иҷтимоӣ роҳандозӣ шуд, ҳаҷми рақамикунонии ҷойҳои ҷамъиятӣ афзуд, аз ҷониби омӯзишгоҳҳои ҳифзи ҳуқуқ тадқиқотҳои илмиву амалӣ гузаронида шуданд.
Ба пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, ҷавонон, занон ва дар доираи муносибатҳои оилавӣ-маишӣ диққати махсус зоҳир карда шуд. Дар натиҷа дар 5200 маҳалла ягон ҷиноят содир нашуд.
Лекин ҳанӯз маҳаллаҳое ҳастанд, ки вазъи криминогенӣ вазнин аст. Таъкид гардид, ки бо пурзӯр намудани фаъолияти нозирони профилактикӣ, хадамоти ҷустуҷӯи зудамал, постҳои патрулӣ ва хидмати посбонӣ, амнияти аҳолӣ дар маҳалҳо таъмин карда шавад. Зарурати ба поин фаровардани тамоми система, ва ба “минтақаи аз ҷиноят озод” табдил додани ҳар як маҳалла ёдовар карда шуд.
Дар байни аҳолӣ, бахусус, ҷавонон ҳолатҳои нашъамандӣ бисёр ба чашм мерасанд. Бо вуҷуди мубориза бо онҳо, нест кардани воситаҳои зараровар ва лабораторияҳо, мушкилот комилан бартараф нашудааст. Аз ин рӯ, бо истифода аз назорати видеоӣ ва зеҳни сунъӣ муайян кардани паҳншавии маводи мухаддир ва комилан аз байн бурдани манбаи он таъкид гардид.
Боз яке аз мушкилоти муҳими имрӯза киберҷиноят аст. 42 дарсади ҷиноятҳоеро, ки аз аввали сол дар мамлакат содир шуданд, ин “иллат” ташкил кардааст.
Аз ин лиҳоз, имзо гардидани Қарори Президенти Ӯзбекистон аз 30 апрели соли 2025 “Дар бораи чораҳое, ки ба боз ҳам пурзӯр кардани фаъолияти мубориза алайҳи ҷиноятҳои бо ёрии технологияҳои иттилоотӣ содиршуда нигаронида шудаанд” аҳамияти бузург касб кард. Зарурати пешгирии ҷиноятҳои киберӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва огоҳии аҳолӣ дар ин самт, таъмини манфиатҳои мизоҷон ва амнияти молиявӣ дар низоми пардохтӣ тариқи татбиқи пурраи вазифаҳои он таъкид гардид.
Баланд бардоштани сатҳи дониш ва таҷрибаи коргарон талаби замон аст. Аз ин рӯ, такмили фаъолияти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар назар аст. Аз ҷумла, тадриҷан зиёд кардани квотаи қабул, кушодани самтҳои нав ва рушди таълими дуалӣ ба нақша гирифта мешавад.
Роҳбари давлат ҷиҳати мутобиқ кардани барномаҳои таълимӣ ва тахассусӣ ба хавфу хатарҳои замонавӣ, баланд бардоштани омодагии ҷангӣ ва равонии кормандон супориш дод.
Системаи корҳои дохилӣ бо прокуратура ва дигар идораҳои ҳуқуқу тартибот якҷоя кор мебарад. Бахусус, вазъи криминогении ҷумҳурӣ ҳамарӯза таҳлил гардида, чорабиниҳои назоратии мақсаднок гузаронида мешавад. Сабаби ҳар як ҷиноят омӯхта шуда, ҷиҳати дубора такрор нагардидани онҳо чораҳо меандешанд. Барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии шахсоне, ки қаблан суд шудаанд ё зери назорати маъмурӣ қарор доранд, кӯмак расонида мешавад.
Аз рӯйи пурзӯр намудани ҳамоҳангӣ ва зудамалии байниҳамдигарии кори идораҳои ҳифзи ҳуқуқ, саривақтӣ муайян кардани омилҳои асосии қонуншиканиҳо, қатъия кам кардани ҷинояткорӣ вазифаҳои иловагӣ муқаррар гардиданд. Таъкид гардид, ки сулҳу осоиш ва волоияти қонун дар мамлакат, шарти муҳими рушди иқтисодӣ, некӯаҳволии аҳолӣ мебошад.