8 июл Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев раиси раёсати ҶС «Газпром нефт» Александр Дюковро қабул кард.
Нақшаҳои дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ин ширкати пешбари Русия дар маҷмааи нафту газ тибқи "харитаи роҳ"-и дахлдор баррасӣ шуданд.
Ба татбиқи тадбирҳои муштарак ва лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар пешбурди корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ, азхудкунии конҳои комплексӣ, рақамикунонии соҳа, омода кардани мутахассисоне, ки талаб зиёд аст, диққати махсус дода шуд.