Донишкадаи номдор, устодони фидокор ва донишҷӯёни ташаббускор

  • Донишкадаи номдор, устодони фидокор ва донишҷӯёни ташаббускор
  • Донишкадаи номдор, устодони фидокор ва донишҷӯёни ташаббускор
  • Донишкадаи номдор, устодони фидокор ва донишҷӯёни ташаббускор
  • Донишкадаи номдор, устодони фидокор ва донишҷӯёни ташаббускор
  • Донишкадаи номдор, устодони фидокор ва донишҷӯёни ташаббускор
  • Донишкадаи номдор, устодони фидокор ва донишҷӯёни ташаббускор
  • Донишкадаи номдор, устодони фидокор ва донишҷӯёни ташаббускор
  • Донишкадаи номдор, устодони фидокор ва донишҷӯёни ташаббускор

Боиси эътироф аст, ки факултаи таълими томактабӣ ва ибтидоӣ яке аз факултаҳои калону пешқадам ва ҳамзамон таърихии донишкада маҳсуб ёфта, соли 1966 дар ҳайати собиқ Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Тарбияи томактабӣ ва услубиёти таълими ибтидоӣ» таъсис ёфтааст ва қариб шаст сол боз кадрҳои лаёқатманди педагогиро омода месозад.

Чанде пеш дар саҳифаи расмии рӯзномаи «Овози тоҷик» дар телеграм бо мақсади муайян кардани гурӯҳҳои таълими ибтидоии фаъолу пешқадам дар байни чор гурӯҳи муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ – Донишкадаи соҳибкорӣ ва омӯзгории Деҳнав, Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон – Финландия, Донишкадаи давлатии омӯзгории Тирмиз ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ пурсишнома гузаронида шуд ва дар он беш аз чор ҳазору сад нафар шаҳрвандон овоз доданд.

Бино ба натиҷаҳои ҷамъбастӣ гурӯҳи тоҷикии таълими ибтидоии Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон – Финландия 3273 овоз ҷамъ оварда, бо фарқи калон аз дигар муассисаҳои таълими олӣ пирӯз гардид. Тибқи супориши рӯзнома аз ин боргоҳи бонуфузи таълимӣ боздид ба амал оварда, роҷеъ ба дастоварду комёбиҳои омӯзгорон ва шогирдони он матолиб омода кардем.

Як назар ба таърих

Дар солҳои 70-уми асри гузашта бо талоши аҳли фарҳангу маърифат ва дастгирии бевосита собиқ котиби аввали ҳизби коммунистии Ӯзбекистон Шароф Рашидов дар шаҳри Самарқанд Донишкадаи педагогӣ ба номи Садриддин Айнӣ таъсис ёфт. Тӯли чанд сол дар ин боргоҳи таълимӣ на танҳо аз Самарқанд, балки аз шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои гуногуни мамлакат писаракону духтаракон таҳсил гирифтанд ва он соли 1992 бо баъзе сабабҳо фаъолияташро қатъ намуда, ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд пайваст.

Боиси эътироф аст, ки бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Президент аз 27 феврали соли 2020 «Дар бораи чораҳои рушди минбаъдаи соҳаи таълими педагогӣ», инчунин омода намудани кадрҳои рақобатпазир барои соҳаи таълими педагогӣ, баланд бардоштани сифати таълим, роҳандозии технологияҳои пешрафтаи таълимии Финландия дар соҳа Қарори Девони Вазирон аз 30 июни соли 2021 «Дар бораи чораҳои ташкили фаъолияти Донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон – Финландияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд» қабул гардид ва  тибқи он донишкадаи нав таъсис ёфта, аз соли таҳсили 2021-2022 фаъолияти хешро оғоз намуд. Таълим дар шуъбаҳои рӯзона, шабона ва ғоибона бо забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ роҳандозӣ шуд.

Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии донишкада на танҳо бозомӯзӣ ва роҳандозии таҷрибаи пешқадами Финландия, балки тавассути мутобиқу ҳамоҳангсозии низоми таҳсилоти мамлакат бо таҷрибаи ғании кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи таълиму тарбия, омодасозии кадрҳои рақобатпазир, баланд бардоштани сифати таълим мебошад. Ҳоло дар донишкада 5 факултет – фанҳои табиӣ, забонҳо,  фанҳои дақиқ ва амалӣ, педагогика ва тарбияи ҷисмонӣ, инчунин таълими томактабӣ ва ибтидоӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо донишҷӯён аз рӯйи 19 ихтисос таълим мегиранд.

Дар донишкада ҷараёни таҳсил дар асоси технологияҳои муосири иттилоотӣ, захираҳои электронӣ, ба таври фосилавӣ ва низоми кредитӣ-модулии таҳсил роҳандозӣ шуда, таълим бо забони англисӣ низ сурат мегирад. Толори дарс, утоқҳои трансформатсия, лабораторияҳои замонавӣ, марказҳои технологияҳои инноватсионӣ ва синфхонаҳо бо технологияи муосир таҷҳизонида шудаанд.

Маркази захираҳои ахбори донишкада беш аз 100 ҳазор адабиёти илмӣ ва бадеӣ, инчунин, феҳристи электронии китобҳои худро дорад, ки ин барои пажӯҳиши босамари устодон, олимони ҷавон ва донишҷӯёни боргоҳи таълимӣ мусоидат мекунад.

Маркази технологияҳои рақамии таълимӣ, Маркази коворкинги аксулкоррупсия ва Маркази психологии донишкада бо технологияҳои муосиртарин таҷҳизонида шуд, ки дар такмили дониши назариву таҷрибаи касбии таҳсилгирандагон аҳамияти бузург дорад.

Дар донишкада хобгоҳи мусоид, бароҳат ва барҳавои донишҷӯён дар шарикии давлат ва бахши хусусӣ сохта шудааст, ки бунгоҳи хидмати тиббӣ ва ҳар як ошёна ошхонаи алоҳида, ҳаммом, ҳуҷраи ҷомашӯӣ ва утоқҳои махсус барои дарс тайёр карданро дорад. Дар майдончаҳои варзишӣ, толори пӯшидаи донишкада донишҷӯён метавонанд бо намудҳои гуногуни варзиш,  чун гӯштӣ, атлетикаи вазнин, атлетикаи сабук, бокс ва гимнастика машғул шаванд.

Робитаҳои ҳамкорӣ таҳким меёбад

Донишкада қариб бо 50 муассисаи бонуфузи таълими олии ҷаҳон робитаи ҳамкорӣ дорад.

– То ҳол профессор-устодони муассисаҳои таълими олии Финландия, Куриёи Ҷанубӣ, Русия, Туркия, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Чин ва дигар давлатҳо ба донишкадаи мо омада, бо раванди таълиму тарбия, шароити фароҳамшуда шинос гардиданд, – иброз дошт мудири шуъбаи ҳамкории байналмилалӣ Маҳмудҷон Ҷумъаев. – Ҳамзамон, кормандони мо низ аз боргоҳҳои таълимии ин мамлакатҳо боздид ба амал оварда, табодули таҷриба карданд. Танҳо соли гузашта 46 нафар профессорону муаллимони мо барои таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисос ба хориҷа рафтанд. Моҳи апрели соли гузашта ҳайати намояндагони Донишгоҳи миллии Сеул таҳти сарварии профессор Ли Ҷонг Во ба донишкада омада, бо донишҷӯён сӯҳбат оростанд. Дар доираи ташрифи ректори Донишгоҳи давлатии Танбов (Русия) Павел Моисеев мо тавонистем оид ба ҳамкорӣ ва таҷрибаомӯзӣ шартнома имзо кунем. Бояд гуфт, ки ҳамкори асосии мо – Донишгоҳи Туркии Финландия мебошад ва то ба ҳол проректори мо Комил Куллиев ва устодонамон Нигина Ғуломова, Ирода Ӯтаева дар ин боргоҳи таълимӣ такмили ихтисос намудаанд.

Зикр гашт, ки таҳти ташаббуси ректори донишкада, доктори фанҳои фалсафа, профессор Шаҳзода Неъматова, ки қаблан проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов доир ба масъалаҳои ҷавонон ва корҳои маънавию маърифатӣ  буду аз соли 2023 сарварии ин боргоҳи таълимиро дар дӯш дорад, ҷиҳати таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълими олии ҷаҳон корҳои шоён амалӣ мегарданд, барномаҳои  пешқадами таълимӣ омӯхта шуда, дар раванди таълим роҳандозӣ мегарданд. Инчунин, маҳз бо ташаббуси Шаҳзода Шӯҳратовна ҳамкориҳои илмиву педагогӣ бо мактабҳои таълими ҳамагонии вилоят густариш ёфта, ҷиҳати баланд бардоштани сифату самаранокии таълими умумӣ чорабиниҳои муфид амалӣ мегарданд.

Маскани кадрҳои лаёқатманд

Боиси эътироф аст, ки факултаи таълими томактабӣ ва ибтидоӣ яке аз факултаҳои калону пешқадам ва ҳамзамон таърихии донишкада маҳсуб ёфта, соли 1966 дар ҳайати собиқ Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Тарбияи томактабӣ ва услубиёти таълими ибтидоӣ» таъсис ёфтааст ва қариб шаст сол боз кадрҳои лаёқатманди педагогиро омода месозад.

Пас аз таъсиси донишкада тибқи қарори Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус аз 2 июли соли 2021 дар доираи самти таълими ибтидоии донишкада «Факултети педагогика» боз гардида, тӯли солҳои таҳсили 2021-2023 фаъолият намуд. Баъдтар дар асоси қарори Шӯрои илмии Донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон – Финландия аз 3 июли соли 2023 факултети «Таълими ибтидоӣ ва фанҳои гуманитарӣ» ташкил гардида, то 6 сентябри соли 2024 кор бурд.

Факултаи таълими томактабӣ ва ибтидоӣ мувофиқи қарори Шӯрои илмии донишкада аз 7 сентябри соли 2024 таъсис ёфт. Ҳоло бонуи ташаббускор, кордону ӯҳдабаро, дотсент Юлдуз Неъматҷонова, ки новобаста аз ҷавонии худ дар ҷодаи илм ба як қатор комёбиву дастовардҳо ноил гардидааст, декани ин факултет мебошад ва пайваста барои баланд бардоштани мақоми факултет на танҳо дар донишкада, балки дар сатҳи ҷумҳурӣ талош менамояд.

Дар факултет ду кафедра – «Таълими томактабӣ» ва «Таълими ибтидоӣ» амал карда, таълим дар шаклҳои рӯзона, шабона ва ғоибона роҳандозӣ шудааст. Дар факултет ҷамъ 2029 нафар донишҷӯ таҳсил мегиранд. Ба онҳо 56 нафар профессор-устодон, аз ҷумла, 7 нафар дотсент, 6 нафар доктори фан (PhD), 14 нафар номзади фан ва омӯзгори калон, инчунин, ассистентон таълиму тарбия медиҳанд. Иқтидори илмии факултет 25 фоизро ташкил мекунад.

Ҳамзамон, дар факулта 65 нафар магистрантҳо аз рӯйи ду самт – «Назария ва методикаи таълиму тарбия (таълими ибтидоӣ) таҳсил мегиранд.

Дар кафедра бо мақсади пурмазмун ташкил кардани вақти холии донишҷӯён, афзунсозии завқмандии онҳо ба соҳа, инчунин, намоён кардани имкониятҳои эҷодии таҳсилгирандагон маҳфилҳои «Пайравони Улуғбек», «Гулшани китоб», «Сабақҳои методика», «Забони модарии завқовар», «Муҳаққиқи ҷавон», «Ҳусни хат», «Гулҳои умед», «Қаламкашони ҷавон» ва монанди ин фаъолият дорад.

Боиси ёдоварист, ки аз тарафи устодони кафедраи «Таълими ибтидоӣ»-и факултет таҳти сарварии мудири кафедра, иҷрокунандаи вазифаи профессор Фахриддин Шодиев ҷиҳати амалӣ намудани корҳо дар самтҳои таълимӣ ва таълимӣ-методӣ, маънавию маърифатӣ, илмӣ ва илмию методӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири педагогӣ ва иттилоотию коммуникатсионӣ, дастгирии омӯзгорони ҷавону навкор, ташаккули тафаккури интиқодӣ, эҷодкорӣ, ҳамкорӣ ва малакаҳои муошират дар донишҷӯён, такмили қобилияту маҳорати педагогӣ ва ташаккули таҷрибаи корбарии мустақилона дар онҳо корҳои шоён амалӣ мегардад. Мунтазам вохӯрию семинарҳои илмӣ ташкил гардида, натиҷаҳои корҳои илмӣ, педагогӣ ва эҷодии онҳо баррасӣ мешавад.

Дар кафедра чор номзади фан ва панҷ доктори фанҳои фалсафа фаъолият доранд.

Комёбиҳо назаррасанд

Воқеан, ба даст овардани комёбиҳо дар соҳаи таълим пеш аз ҳама бо омӯзгорони ботаҷриба ва имконоти фароҳамшуда вобастагӣ дорад. Бояд гуфт, ки дар зарфи ҳашт соли охир теъдоди муассисаҳои таълими олии мамлакат ба 201 адад расида, дар натиҷа фарогирии ҷавонон ба таълими олӣ аз 8,3 фоиз ба 47,7 фоиз афзуд. Мо чунин пешрафтро на танҳо дар сатҳи фарогирӣ, балки дар иқтидору салоҳияти илмии устодони боргоҳҳои таълимӣ диданамон мумкин аст.

Ҳоло дар кафедраи таълими ибтидоии факултет таълим бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва тоҷикӣ роҳандозӣ шуда, дар бахши тоҷикии равияи таълими ибтидоӣ устодони навҷӯю навовар – дотсентон М. Нуриддинова, Н. Қаюмов, С. Нуруллоев ва омӯзгорон М. Набиева, Л. Акрамова дар маҷмӯъ ба 112 нафар донишҷӯ, ки аз минтақаҳои гуногуни тоҷикнишини ҷумҳурӣ омадаанд, асрори соҳаро меомӯзанд.

– Ҳоло дар самтҳои таълими томактабӣ, таълими ибтидоӣ, математика, физика, биология, кимиё ва таърихи донишкада гурӯҳҳои тоҷикӣ амал мекунанд, – гуфт муаллими кафедраи педагогика Нигора Мирзоева. – Ман ба таҳсилгирандагони ин гурӯҳҳо тибқи барномаи таълимӣ аз фанҳои «Педагогикаи умумӣ», «Педагогикаи таълими ибтидоӣ», «Педагогикаи иҷтимоӣ», «Таълими фарогир», «Педагогикаи госпиталӣ», «Педагогикаи конфликтологӣ», «Тарбия дар таълими ибтидоӣ», «Тарбия ва методикаи хониши он» аз оғози таъсиси донишкада дарс медиҳам. Вақте дар бораи дастпарварони кафедраи «Таълими ибтидоӣ» ҳарф мезанем, бояд гуфт, ки донишҷӯёни бахши тоҷикии ин кафедра хеле фаъол ва ташаббускоранд. Онҳо дар конфронсҳои илмӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ фаъол иштирок мекунанд. Инчунин, мақолаҳои чанде аз шогирдонамон дар нашрияҳои даврӣ ва ҳатто дар маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ чоп шудааст.

Хуб медонем, ки таълим дар синфҳои ибтидоӣ пояи ташаккули шахсият, таҳкурсии минбаъдаи омӯзиш ва парвариш мебошад. Он ҳамчун муайянкунандаи комёбӣ ва нокомии  мактаббачагони хурдсол дар фаъолияти минбаъдаашон нақши муҳим мебозад.

Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бо кӯдакони ҳафт-даҳсола сару кор дорад. Аз ин хотир, вай бояд ҳамчун тарбиятгар мушфиқу меҳрубон, серҳаракат, чеҳракушоду ҳозирҷавоб бошад. Тахайюлоти бой, лафзи ширин, забони гӯё дошта бошад. Умед дорем, ки дар оянда ин шогирдони мо бо меҳнат, маҳорат ва муҳаббати худ ба касб мутахассиси ҳаматарафа ташаккулёфта ва варзида мешаванд, дӯстдори шогирдони худ гардида, ба мақсади ниҳоии хеш мерасанд. Ин бояд аз ҷумлаи рисолати азалии омӯзгор бошад. Шоир ба ин маънӣ барҳақ фармудааст:   

Куҷо ояндаи рӯшан тавон дид,

Набошад нури чашмони муаллим.

Ягон ҳосил ба хоки мазраи таб

Магар рӯйида бе дони муаллим?

Бидон парвозгоҳи миллати мо

Бувад дар рӯйи дастони муаллим.

Воқеан, дар байни донишҷӯёни кафедраи «Таълими ибтидоӣ» шогирдони фаъолу пешқадам хеле зиёданд. Аз ҷумла, Ҳасан Амонов, ки худ дастпарвари мактаби таълими умумии рақами 10-уми  ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё аст, ҳоло дар донишкада таҳсил мегирад. То ҳол беш аз 10 мақолаи ӯ дар рӯзнома ва маҷаллаҳои маҳалливу хориҷӣ чоп шудааст. Натиҷаи чунин талош ва заҳмати Ҳасан дар ҷодаи таҳсил буд, ки соли 2024 ҷоизадори стипендияи давлатии ба номи Алишер Навоӣ гардид. Ғайр аз ин, шогирди донишкада, хатмкардаи мактаби ҳамагонии рақами 9-уми ноҳияи Қамашии вилояти Қашқадарё Асадбек Юсуфов ба донишандӯзӣ майлу рағбати зиёд дорад ва маҳз бо мақсади идомаи таҳсил дар бахши магистратура чанде пеш соҳиби сертификати дараҷаи В2 гардид.

– Соли 2021 мактаби миёнаи рақами 33-юми ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарёро бо медали тилло хатм карда, ҳоло дар ин донишкада таҳсил мегирам, – иброз дошт донишҷӯи курси чоруми факултаи таълими ибтидоӣ Марҷона Ҳакимова. – Баробари таҳсил тадқиқоти илмӣ мекунам. То ҳол қариб 20 мақолаам дар рӯзнома ва маҷаллаҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон чоп шуд. Соли 2023 дар озмуни «Донишҷӯи сол» сазовори ҷойи аввал гардидам. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии «Педагогикаи умумӣ» ҷои савумро ба даст овардам. Имрӯзҳо ба озмуни ҷумҳуриявии «Олими оянда» тайёрӣ мебинам. Ин комёбиҳои камтаронаам аз ҷониби маъмурияти донишкада эътироф гардида, ҷоизадори «Стипендияи ректор» гардидам. Кӯшиш мекунам, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Сарвари давлат ба мо, ҷавонон соҳаи худро хубтар омӯзам, дар оянда муаллим шуда, шогирдони заковатманду донишмандро тарбият намоям ва ҷиҳати баландтар афрошта шудани парчами омӯзгорӣ саҳми хешро гузорам.

Дар партави ҳамкориҳо

Дар боло гуфтем, ки донишкада бо муассисаҳои таълими олии хориҷӣ робитаҳои мустаҳкам дорад ва маҳз дар партави ин ҳамкориҳо имрӯз онҳо бо ҳам кадрҳоро иваз мекунанд. То ҳол ба бахши тоҷикии кафедраи «Таълими ибтидоӣ» низ чанд нафар устодон аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон омада, ба таҳсилгирандагон асрори илм омӯхтанд.

– Тайи чанд соли охир муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон густариш ёфта, ин ду давлати ҳаммарз сиёсати дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судмандро пеш мебарад, ки ба манфиати ҳар ду ҷониб аст, – гуфт доктори илмҳои фалсафа, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мастон Умедов. – Зеро Тоҷикистон бар асари умумияти таърихӣ, анъанаҳои фарҳангӣ ва марзҳои муштарак ҳамеша хоҳони густаришу таҳкими муносибатҳо бо ҳамсоядавлати Ӯзбекистон буд ва хоҳад монд. Имрӯзҳо мардуми ду кишвари соҳибистиқлол анъанаҳои дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоиро идома бахшида, ба рушду нумӯи робитаҳои хубу неки байни ду халқ саҳм мегузоранд. Ин аз он далолат медиҳад, ки решаҳои дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ба умқи асрҳо расида, аз қадимулайём муносибатҳои дӯстӣ ва накӯ ҳамсоягӣ байни онҳо қавӣ буданд.

Алҳол, донишгоҳи мо бо Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон – Финландия қарордоди ҳамкорӣ дорад ва камина дар заминаи ин ҳамкорӣ аз моҳи сентябри соли 2024 дар ин боргоҳи илму дониш ба донишҷӯёни тоҷикзабон сабақ медиҳам. Рост мегӯянд, ки «шунидан кай бувад, монанди дидан». Мо, як гурӯҳ устодони тоҷикистонӣ, ки дар Самарқанд фаъолияти педагогӣ дорем, аз шароите, ки дар донишкада барои мо фароҳам шудааст, мамнунем. Инчунин, дастовардҳои донишкада низ лоиқи таҳсинанд.

Муҳаббат ба рӯзнома

– Камина хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳастам, – гуфт доктори фалсафа оид ба илмҳои филология Нодир Қаюмов. – Баъди хатми докторантура фаъолияти педагогии хешро ҳамчун дотсенти кафедраи «Таълими ибтидоӣ» ва ҷонишини декан оид ба корҳои илмӣ идома медиҳам. Дар донишкада ба донишҷӯёни бахши тоҷикӣ аз фанҳои «Забони модарӣ», «Методика ва омӯзиши забони тоҷикӣ» таълим медиҳам. Пайваста мекӯшем, то дар раванди таълим аз методҳои интерфаъол, технологияҳои муосир истифода намуда, шавқмандии шогирдон ва натиҷадории дарсҳоро афзун намоем. Маҳз бо ҳамин мақсад, дар дарсҳо аз рӯзномаҳои тоҷикӣ, аз ҷумла «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» фаровон истифода мебарем. Якҷо бо донишҷӯён роҷеъ ба забон, услуб, мазмуну муҳтавои матолиби онҳо баҳсу мунозираҳои судманд барпо менамоем. Бояд гуфт, ки торафт мазмуну мундариҷаи рӯзномаи «Овози тоҷик» беҳтар ва забони мақолаву матлабҳои он фасеҳу фаҳмотар мешавад. Мо қариб ҳар як шумораи онро баррасӣ менамоем, бурду бохташро муайян карда, мулоҳизаҳои худро ба мухбири минтақавӣ ё бевосита ба ҳайати эҷодии рӯзнома мефиристем. Боз як ҷиҳати қобили таваҷҷуҳи кори «Овози тоҷик» дар он аст, ки фаъолияти рӯзнома дар шабакаҳо беш аз пеш вусъат ёфтааст ва ин барои ҳар чӣ зудтар ва дар гӯшаи дилхоҳ дастрас намудани матолиби зарурии он аз ҷониби муштариён, аз ҷумла муаллиму донишҷӯён мусоидат мекунад. Инчунин, шогирдони мо иқдомҳои нав ба нави ҳайати рӯзнома, аз ҷумла, пурсишнома дар байни мактабҳо ва муассисаҳои таълими олии мамлакатро хуш истиқбол намуданд ва дар онҳо фаъол ширкат мекунанд. Умед дорем, ки доираи чунин ташаббусҳои шоистаи рӯзнома боз ҳам васеътар мешавад. Зеро ин ҳама барои эҳёи забони модарӣ, муайян кардани боргоҳҳои таълимии пешқадам, таҳкими ҳамкориҳо бо устоду шогирдони онҳо, инчунин, дарёфти истеъдодҳои нав ва дастгириву ҳавасманд намудани онҳо ба адабиёту матбуоту эҷод хидмат мекунад.

Дар омади гап таъкид кардан ҷоиз аст, ки дар пурсишномаи байни гурӯҳҳои таълими ибтидоии чор муассисаи таълими олии ҷумҳурӣ ғолиб омадани факултаи мо низ аз муҳаббати шогирдонамон ба забони модарӣ ва рӯзномаи «Овози тоҷик», ки Устод Садриддин Айнӣ ва дигар равшанфикрони машъалафрӯзони мо таъсис додаанд, гувоҳӣ медиҳад.

Матолиби саҳифаро хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд Зоҳир ҲАСАНЗОДА ба чоп омода кардааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: