«Ворисони Мирзо Улуғбек» соҳиби диплом шуданд

Бо мақсади баланд бардоштани саводнокии рақамии ҷавонон ва тайёр кардани мутахассисони соҳибистеъдоде, ки дар равандҳои рақамисозии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт фаъолона иштирок мекунанд, қарори Девони Вазирон аз 19 майи соли 2023 «Дар бораи чораҳои ташкил намудани курсҳои омодасозии таълимии «Ворисони Мирзо Улуғбек» қабул шуда буд.

Бар асоси ин қарор аз ҷониби Вазорати технологияҳои рақамӣ дар назди  Донишгоҳи Инха дар шаҳри Тошканд Маркази ташкил намудани курсҳои омодасозии «Ворисони Мирзо Улуғбек» аз соли таҳсили 2023-2024 ба фаъолият оғоз намуд.

Самти асосии ин курсҳо «Data Science» буда, ба шунавандагон оид ба омори математикӣ, таҳлили маълумоти бузург бо воситаи барномаҳои компутерӣ ва таҳияи қарорҳои идорӣ дар асоси ин таҳлилҳо донишҳои амиқ дода мешавад.

60 нафар донишҷӯи боистеъдоди соли дуюми зинаи бакалаври ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ин курсҳои омодасозии «Ворисони Мирзо Улуғбек»-ро бомуваффақият хатм карданд.

Ба ин муносибат маросими тақдими дипломҳо ба хатмкунандагони соли таҳсили 2024-2025 баргузор гардид.

Дар чорабинӣ вазири технологияҳои рақамӣ Ш. Шерматов ва раиси Бунёди «Мирзо Улуғбек» О. Салимов иштирок намуданд.

Нотиқон хатмкунандагонро табрик гуфта, изҳори боварӣ карданд, ки онҳо бобати аз худ кардани касбҳои муосир, илм ва технологияҳо фаъол хоҳанд буд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки идома ёфтани чунин ташаббусҳо барои баланд бардоштани иқтидори рақамии ҷавонон аҳамияти бузург дорад.

Дар ҳоли ҳозир қабули донишҷӯён ба курсҳои «Data Science»-и «Ворисони Мирзо Улуғбек» барои соли таҳсили 2025-2026 идома дорад. Дар озмун донишҷӯёни соли сеюми муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки ба технологияҳои рақамӣ шавқ доранд, иштирок карда метавонанд. Донишҷӯёни интихобшуда имконияти таҳсили яксоларо дар шаҳри Тошканд ба даст меоранд.

Таваҷҷуҳи насли ҷавон ба соҳаҳои рақамӣ — заминаи тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва дорои иқтидори илмӣ ва технологӣ барои оянда мебошад. Чунин ташаббусҳо чун «Ворисони Мирзо Улуғбек» барои ҷавонон роҳ мекушоянд ва ба ташаккули ҷомеаи муосиру рақамӣ дар кишвари мо хидмат мекунанд.

Нигора Раҳмонова,

мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: