Намуди маҳсулот меафзояд

Дар мамлакатамон барои рушди соҳибкорӣ аҳамияти калон дода мешавад. Аз ҷумла, дар вилояти Намангон низ ҷиҳати рушди соҳа ислоҳоти густурда татбиқ мегардад.

Намангон вилоятест, ки саноаташ торафт вусъат меёбад. Дар ин ҷо саноат ривоҷ ёфта,  ҳамаи имконият ва шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Аз ҷумла, «Дилрабо СДА текстил», ки дар ноҳияи Тӯрақӯрғон воқеъ аст, яке аз калонтарин корхонаи вилоят ба шумор меравад. Дар ин ҷо 1000 нафар коргарон бо истеҳсоли беш аз 20 намуди маҳсулоти трикотаж машғуланд.

Маҳсулоти корхона асосан ба шаҳрҳои Маскав, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Самара экспорт карда мешавад. Дар мобайни 6 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ 550 миллион долларина маҳсулот содир шуд.

– Дар корхона ғайр аз бонувони ноҳиямон аз ноҳияҳои ҳамсоя – Чуст, Косонсой ва Мингбулоқ низ занон, духтарон ва ҳатто мардҳо омада меҳнат мекунанд. Дар ин ҷо анъанаи «устод-шогирд» ба роҳ монда шудааст, ки дар ривоҷу равнақи корхона аҳамияти калон дорад, – мегӯяд роҳбари корхона Маъсудахон Содиқова. – Ҷавонон ояндаи мост. Барои ҳамин бисёртар онҳоро ба кор ҷалб мекунем. Онҳо ҷараёни корро аз устодон меомӯзанду мустақил фаъолият мебаранд. Дар оянда боз  дӯхтани намуди маҳсулоти харидоргирро ба нақша гирифтаем.

Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: