Соли 2023 дар шаҳри Сиан вохӯрии сарони давлатҳои дорои мақоми «Чин – Осиёи Марказӣ» баргузор гардида, дар он эъломияи ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.
Дар ҳамон давра дар минтақаи иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тсиндао хидмати савдои электронии «Роҳи бузурги абрешим» таъсис ёфт.
Дар муддати кӯтоҳ шумораи кишварҳое, ки аз майдони электронии он ва пойгоҳи иттилоотӣ истифода мебаранд, ба 31 адад расид. Ӯзбекистон ҳамчун яке аз кишварҳое қайд шуд, ки ҳаҷми савдои электрониро фаъолона афзоиш медиҳад.
Яке аз рақамҳои муҳим: соли 2024 ҷамъ 51 фоизи гардиши мол байни давлатҳои узви СҲШ маҳз тавассути маркази савдои электронии Тсиндао ба қайд гирифта шуд. Ин нишондиҳанда тақрибан 300 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Маркази савдои электронии «Роҳи бузурги абрешим» як маҷмааи калон ба ҳисоб меравад, ки намоишгоҳи молҳои барои савдо пешниҳодшуда, анборҳо бо иқтидори 6,8 миллион тонна ва маҷмааи нақлиётӣ-логистикиро дар бар мегирад. Масалан, нақлиёти боркаш аз Тсиндао то Маскав гарчанд масофа 9 ҳазор километрро ташкил медиҳад, дар муддати кӯтоҳтарин — 7 рӯз мерасад. Аммо борҳо дар маркази савдои электронии Тсиндао аз назорати гумрукӣ гузашта, иҷозати ҳаракати бемамоният мегиранд. Аз ин рӯ, онҳо танҳо барои пур кардани сӯзишворӣ ист мекунанд. Чунин суръат метавонад бо роҳи оҳан рақобат кунад.
– Притсепҳои мо ба мизоҷон дар даҳҳо кишвар, аз ҷумла Русия, Беларус, Арманистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Қазоқистон ва ғайра хидмат мерасонанд, – мегӯяд менеҷери ширкати логистикӣ Чен Чжен. – Дар бозгашт онҳо мева, гӯшт ва маҳсулоти саноатиро меоранд. Пас аз намоишгоҳи ЭКСПО, ки рӯзҳои 17-18 июл дар Тсиндао баргузор мешавад, интизор меравад ҳиссаи Ӯзбекистон дар системаи маркази савдои электронии СҲШ ба ҳисоби молҳои нав боз ҳам афзоиш ёбад.
Муҳаммадҷон Обидов,
хабарнигори ӮзА.