Кишоварзони вилояти Фарғона нақшаи имсолаи шартномавии ба давлат супурдани ғалларо иҷро карданд. Дарави ғалла идома дорад.
Мувофиқи маълумоти расмӣ дар вилояти Фарғона 2 ҳазору 917 хоҷагӣ барои ҳосили соли ҷорӣ дар 94,3 ҳазор гектар ғалла кишт кардаанд. Барои дар муддати кӯтоҳ ташкил намудани ҷамъоварии ҳосил аз даҳҳо комбайни нав истифода бурда шуд. Дар баробари ин, 340 бригадаи ҷамъоварии ғалла ташкил карда, онҳоро бо 340 комбайни ғалладарав ва 1 ҳазору 700 автомашинаи боркаш таъмин намудаанд.
Гуфта мешавад, то ҳол ба ҷои 281 ҳазор тоннаи нақшаи шартномавӣ 281 ҳазору 183 тонна (ё ба ҳисоби фоиз 100,7) ғалла ба корхонаву ташкилотҳои қабулкунанда интиқол дода шудааст. Ҳосил ба ҳисоби миёна 80 сентнериро ташкил кардааст.
Дар рафти ҷамъоварии ҳосил ноҳияҳои Бешариқ, Бувайда, Қӯштеппа ва Учкуприк аз аввалинҳо шуда нақшаи муқарраршударо барзиёд иҷро кардаанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.