Оила – пояи асосии рушди ҷомеа

Нақши оила дар ҳаёти ҷомеа чунон бузург аст, ки онро бо пуррагӣ метавон пояи асосии ҳар як ҷомеа номид. Оила ҳамчун як воҳиди иҷтимоӣ дар ҳаёти сокинони Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад.

Тавре маълум аст, сатҳи рушди ҷомеа аз суботи сиёсӣ, рушди рӯзафзуни иқтисодиёт, сатҳи баланди ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ва кафолатҳои боэътимоди давлат дар таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо муайян карда мешавад. Ҳамзамон бо ин, арзишҳои дигари муҳим низ вуҷуд доранд, ки муносибати ҷомеа ба онҳо дараҷаи ахлоқ ва маънавияти онро муайян мекунад. Ба чунин арзишҳо оила, кӯдак ва зан дохил мешаванд. Аз таваҷҷуҳе, ки давлат ба ин гурӯҳҳо зоҳир мекунад, метавон дараҷаи одилонаи ҷомеаро арзёбӣ кард.

Нақши оила дар ҳаёти ҷомеа чунон бузург аст, ки онро бо пуррагӣ метавон пояи асосии ҳар як ҷомеа номид. Оила ҳамчун як воҳиди иҷтимоӣ дар ҳаёти сокинони Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад. Зеро ба таври анъанавӣ дар Шарқ оила ва арзишҳои оилавӣ дар зиндагии инсон ҷойгоҳи муҳимро ишғол мекунанд. Маҳз дар муҳити оила, ҳамчун институти асосии тарбия, шахсият ташаккул меёбад ва принсипу дидгоҳҳои асосии зиндагӣ ба ӯ омӯхта мешаванд.

Оила — як ҷаҳони хоссаест, ки дар он одамон пеш аз ҳама бо робитаҳои хешутаборӣ, ҳисси муҳаббат, вафодорӣ ва ёрии мутақобила пайвастанд.

Ҳамзамон, оила як шакли махсуси ҳаёти иҷтимоӣ низ ба шумор меравад, зеро ягон оила берун аз ҷомеа вуҷуд дошта наметавонад. Оила бо асос ва дидгоҳҳои худ ба ҷомеа таъсир мерасонад ва дар навбати худ таъсири онро дар худ эҳсос мекунад. Аз ин рӯ, оила як ҷузъи ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, бевосита бо ҷомеа ва давлат алоқаманд аст.

Дар давлати демократӣ ба таҳкими пояҳои оила ва ҳифзи он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад, ки ин вазифаи конститутсионии он аст. Оила ҳамчун воҳиди асосии ҷомеа ҳақ дорад аз ҷониби ҷомеа ва давлат ҳимоят гардад, ки ин ҳуқуқ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мустаҳкам карда шудааст.

Тамоюлҳои асосии муносибатҳои дохилиоилавӣ эҳтиром, қадршиносӣ ва мақоми волои насли калонсол, идомаи анъанаҳо ва меъёрҳои рафтор, инчунин нақши бузурги зан дар ташкил ва ҳифзи оила ва тарбияи фарзандон маҳсуб меёбанд.

Барои таъмини устуворӣ ва некӯаҳволии оила, давлат бояд барои рушди ҳамаҷонибаи оила шароити иҷтимоӣ ва иқтисодиро фароҳам оварад, ба оилаҳои серфарзанд имтиёз ва кафолатҳои иҷтимоии муқаррарнамудаи қонунгузориро таъмин намояд. Зеро ниҳоди мустаҳками оила асоси ҷомеаи шукуфо ба шумор меравад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ мекунад, ки оила заминаи бунёдии рушди ҷомеа, механизми асосии такрористеҳсол, муҳити муҳими иҷтимоӣ ва ташаккули анъана ва арзишҳои асосӣ боқӣ мемонад.

Дараҷаи ҳифзи оила, ҳуқуқи кӯдакон ва арзишҳои оилавӣ меъёри конститутсионии давлати иҷтимоӣ ва кафолатҳои аз ҷониби он пешниҳодшавандаро ташкил медиҳад, ки ба стандартҳои умумэътирофшудаи байналмилалӣ мутобиқат мекунад. Бесабаб дар Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак соли 1989 (моддаи 16) ва муқаддима таъкид нашудааст, ки оила ҳамчун «ячейкаи асосии ҷомеа ва муҳити табиӣ барои рушд ва некӯаҳволии ҳамаи аъзои он, бахусус кӯдакон, бояд ҳимоя карда ва ба он кӯмаки зарурӣ расонда шавад.

Оила — дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати иҷтимоӣ

Дар Ӯзбекистон сатҳи конститутсионӣ дар ҳамчун институти асосии иҷтимоӣ эътироф шудани оила барои демократикунонии муносибатҳои оилавӣ, такмил додани меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ бо такя ба стандартҳои байналмилалӣ роҳ боз намуд. Дар кишвари мо кафолатҳои ҳифзи модар ва кӯдак фароҳам оварда шудаанд, низоми таълим ва омодагии касбии насли наврас ислоҳ шуда, бунёдҳои ҷамъиятии мухталиф таъсис ёфтаанд, ки ҳадафи онҳо таҳкими оила ва расонидани дастгирии моддӣ ба он мебошад. Ҳифзи оила аз ҷониби давлат тавассути қабули қонунҳои гуногун, инчунин расонидани кӯмаки маънавӣ ва моддӣ амалӣ мешавад.

Дар солҳои охир дар Ӯзбекистон як қатор сохторҳои нав, аз ҷумла: Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа, баробарии гендерӣ ва оила, Кумитаи Сенати Олий Маҷлис оид ба масъалаҳои занон ва баробарии гендерӣ, Кумитаи занон ва оилаи Ӯзбекистон, инчунин Бунёди дастгирии занон ва оила таъсис ёфтанд. Ҳадафи онҳо расондани кумаки ҳамаҷониба ба занон ва мусоидат ба онҳо дар ташкили фаъолияти соҳибкории оилавӣ ва хусусӣ мебошад.

Дар шароити муосири иҷтимоиву иқтисодӣ андешидани чораҳои иҷтимоиву иқтисодӣ аҳамияти махсус ва саривақтӣ доранд. Тағйирёбии шароити иқтисодӣ то андозае ба сатҳи некӯаҳволии оила таъсир мерасонад ва хусусан барои оилаҳои серфарзанд, камбизоат ва яккаву танҳо сабаби ба вуҷуд омадани мушкилоти моддӣ мегардад. Бо мақсади кам кардани таъсири ин мушкилот, давлат ва ҷомеа уҳдадор мешаванд, ки ба қишрҳои осебпазир ва оилаҳои камбизоат кӯмаки назаррас расонд.

Дар солҳои охир як қатор тадбирҳои системавӣ ҷиҳати расонидани кӯмаки маънавӣ ва моддӣ ба оилаҳои камбизоат ва ҷавонон амалӣ гардидаанд. Яке аз навовариҳо ин ҷорӣ кардани таҷрибаи додани қарзи таълимӣ ба оилаҳое гардид, ки ду ё беш аз он фарзандашон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо шартномаи пулакӣ таҳсил мекунанд. Шумораи грантҳои давлатӣ, ки барои таҳсилоти олӣ ҷудо мешаванд, 25% зиёд карда шуд ва теъдоди грантҳои давлатӣ барои заноне, ки фарзанд доранд ва аз оилаҳои камбизоат мебошанд, ду баробар афзоиш ёфт. Аз соли 2020, тибқи қарори Ҳукумат, занон ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ метавонанд тавсиянома гиранд. 15 августи соли 2022 қарори ҳукумат қабул гардид, ки мувофиқи он маблағи шартномаи таҳсилоти магистратура барои занон аз ҳисоби буҷети давлатӣ баргардонида мешавад. Дар доираи амалисозии Панҷ ташаббуси муҳими миллӣ дар минтақаҳои дурдаст сехҳои дӯзандагӣ ташкил карда шуда, бо ҷойи корӣ даҳҳо ҳазор зан таъмин гардидаанд.

Оила дар заминаи ислоҳоти конститутсионӣ

Дар тӯли зиёда аз бист соле, ки аз замони қабул гардидани Кодекси оила дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа (сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавию фарҳангӣ) тағйироти куллӣ ба амал омаданд. Кодекс, умуман, аз озмоиши замон бо сарбаландӣ гузашт. Аммо зиндагӣ масъалаҳо ва вазифаҳои навро пеш мегузорад, ки ҳалли онҳо аз такмил ва таҷдиди минбаъдаи қоидаҳо ва Конститутсияи амалкунанда вобаста мебошад.

Ворид намудани қоидаҳо ба Конститутсия, ки мувофиқи он падару модар ҳуқуқ доранд ва уҳдадоранд, ки барои тарбия, таълим, саломатӣ ва рушди комилу ҳаматарафаи фарзандони худ то ба синни балоғат расиданашон ғамхорӣ намоянд, ба баланд шудани масъулияти онҳо нисбат ба тақдири насли наврас хидмат мекунад.

Зарурати ворид кардани чунин ислоҳот ба Конститутсия самаранокии низоми дастгирии оиларо аз ҷониби давлат баланд мебардорад. Ин гуна тағйирот дар меъёрҳои байналмилалӣ инъикос ёфта, дар конститутсияҳои як қатор кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Олмон, Италия, Исландия, Булғория, Венгрия ва Латвия мустаҳкам шудаанд.

Яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати давлатӣ фароҳам овардани ҳамаи шароит барои рушди ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакон мебошад. Дар Конститутсия зикр гардидааст, ки «Модарӣ, падарӣ ва кӯдакӣ таҳти ҳимояи давлат қарор доранд». Тибқи моддаи 76-уми Конститутсия, давлат барои рушди ҳамаҷонибаи оила шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва дигарро фароҳам меорад.

Ин тағйироти конститутсионӣ, ки соҳаи муносибатҳои оилавиро фаро мегиранд, муносибати стратегии давлатро нисбат ба ниҳодҳои оила ва кӯдак инъикос менамоянд. Ҳадафи ин муносибатҳо, аз як ҷониб, ташаккули арзишҳои конститутсионии дастгирии оила ва аз ҷониби дигар — таъсиси механизми мукаммали идоракунии давлатӣ ба шумор меравад.

Мушкилоти таваллуд ва тарбияи фарзандон танҳо масъулияти шахсии падару модар нест, зеро онҳо шаҳрвандони ояндаи ҷомеаро ба камол мерасонанд. Ин қоида дар моддаи 77-уми Конститутсия инъикос ёфтааст: «Волидон ва шахсони онҳоро ивазкунанда вазифадоранд, ки то расидан ба синни балоғат фарзандони худро таъмин намуда, барои тарбия, таълим, саломатӣ ва рушди комили онҳо ғамхорӣ зоҳир намоянд».

Оила дар Ӯзбекистон ҳамеша ҳамчун як ниҳоди муҳими иҷтимоӣ эҳтиром ва мақоми баланд дошта, то имрӯз низ чунин боқӣ мондааст. Аз ҳамин ҷиҳат, асосҳои ҳуқуқии оила, ки дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар шудаанд, имкон медиҳанд, ки нақши башардӯстонаи ҳуқуқи оила дар танзими муносибатҳои байни марду зан, инчунин дар тақвияти арзишҳои ахлоқии ин ячейкаи муҳим, ки пояи ҷомеаи шаҳрвандии ташаккулёбанда ва давлати ҳуқуқбунёд мебошад, боз ҳам таҳким ёбад.

Амонулло МУҲАММАДҶОНОВ,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: