Биноҳои хизматӣ ва истиқоматӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ

Дар ноҳияи Чортоқ биноҳои хизматӣ ва истиқоматӣ ба хизматчиёни ҳарбии шӯъбаи ҳифзи сарҳадии қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Хидмати амнияти давлатӣ супорида шуд.

Дар ин биноҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар тадбир ҳокими вилоят, роҳбари сектори ҳарбӣ-маъмурӣ Шавкат Абдураззоқов, роҳбарони секторҳои вилоятӣ, вакилони ҷамоатӣ, нурониҳо, аскарон ва хизматчиёни ҳарбӣ иштирок карданд. Ҳокими вилоят соҳибони хонаро табрик намуда, дар бораи ислоҳоте, ки дар роҳи мустаҳкамсозии мудофиаи мамлакатамон амалӣ мегардад, сухан кард. Таъкид намуд, ки дар мамлакатамон беҳтар кардани тарзи зиндагонии оилавии ҳарбиён, барои онҳо таъмин намудани ҳаёти фаровон яке аз масъалаҳои асосии ба шумор меравад.

Ба соҳибони хона калидҳо супорида шуд. Иштирокчиёни тадбир ба хонаҳо даромада, бо шароит ва имконҳои фароҳамоварда шинос шуданд.

– Бо тақозои касб лозим меояд, дар ҳудудҳои гуногун фаъолият барем, – мегӯяд хизматчии ҳарбӣ Ҷалолиддин Холдормирзаев. – Истиқоматгоҳи нав ба ҳар як оила хурсандӣ овард.

Барои имконияту шароитҳо ба роҳбари давлатамон, ба бинокорон таҳсин мегӯем.

Шоҳида ДАМИНОВА,

мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: