Дар ноҳияи Учқӯрғон ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ меафзояд. Дар ин ҷо аз заминҳои наздиҳавлӣ истифода бурда, маҳсулоти гуногунро парвариш мекунанд. Соҳибкор Мирзоҳид Холматов яке аз кордонони соҳа ба шумор меравад.
Ӯ дар 30 сотих замин парвариши маҳсулоти дорувор – голубика (кабудбутта)-ро ба роҳ монда, ҳосили авваларо ба фурӯш баровард.
– Дар бораи ин мева маълумот шунида будам ва дар дилам мақсади парвариши он пайдо шуд, – мегӯяд Мирзоҳид. – Голубика барои якчанд беморӣ шифо будааст. Дар таркиби мева витаминҳои С, К, В6 ва антиоксидантҳо мавҷуд буда, аз тарафи олимон «суперфуд» гуфта эътироф шудааст.
Бо маслиҳат ва нишондодҳои мутахассисони Палатаи савдову саноати вилоят фаъолият сар карда будем. 7 ҳазор бех кӯчати бутаро шинонда, парвариш намудем. Ба ҳавои хунук тобовар, аммо гармиро хуш намедидааст. Барои ин аз болои дарахтҳо бо воситаи дастгоҳи махсус обпошӣ мекунем. Маҳсулоти авваларо ба кишварҳои ҳамсоя – Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон фурӯхтем. Ҳар як килограмми маҳсулот ба 50 долларӣ фурӯхта шуд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон