Туҳфа ба ташнагони адабиёт

Зарафшону Сурхон аввалин хостгоҳи шеъри форсии тоҷикӣ будаву дар тӯли таърихи дароз бисёр адибону донишмандонро дар оғӯши худ парварда, эҷоди онҳоро боли парвоз бахшидааст. Имрӯз дар масканҳои мазкур шеъру адаби тоҷикӣ барпост ва ворисони Рӯдакӣ анъанаҳои адабиро бо меҳру муҳаббат идома медиҳанд, ки нишонаи дар ҳамаи давру замонҳо пойдор мондани шеъру шоирист.

Ба наздикӣ китобе бо номи «Аз Зарафшон то Сурхон» аз ҷониби нашриёти «Эр-граф»-и шаҳри Душанбе рӯйи чопро дида, пешкаши ҳаводорони адабиёт гардид. Дар тазкира мухтасари зиндагинома ва намунаҳои эҷодиёти 69 нафар адибони маъруф ва ҷавони номашҳури Ӯзбекистону Тоҷикистон аз ҷониби Иброҳими Наққош ва Саодат Сатторӣ гирд оварда шудааст. Аҳамияти «Аз Зарафшон то Сурхон» дар он аст, ки хонандагони тоҷики ин ду ҷумҳуриро бо вазъи адабиёти имрӯза ошно месозад, қаламкашонро аз бурду бохти эҷодии ҳамдигар огоҳ мекунад, инчунин дар густариши робитаҳои адабию фарҳангии ин ду кишвар саҳм мегузорад.
Муҳтавои китоб хонандаро ба омӯхтани илму дониш, хислатҳои неки инсонӣ, шукргузорӣ, меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба падару модар, саҳмгузорӣ ба рушду равнақи ҷамъияту Ватан ва ба инсофу диёнат даъват менамояд. Ин омилҳо барои тарбияи ҷавонон ва ба роҳи рост ҳидоят кардани онҳо дастурамали хубест. 
Ба қавли муаллифи сарсухан, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшани Ҳамроҳ «Албатта, тазкираи «Аз Зарафшон то Сурхон» аз норасоиҳо орӣ нест. Зеро дар он намунаи осори натанҳо шоирону нависандагони соҳибтаҷриба ва маъруф, инчунин намунаҳои назму насри бисёре аз навқаламону ҳаваскорони камтаҷриба низ гирдоварӣ шудаанд. Мураттибони тазкира бо мақсади ҳавасмандӣ ва ба адабиёт дилгарм кардани чунин муаллифон намунаи навиштаҳои онҳоро фароҳам овардаанд. Камбудии хеле ҷиддӣ дар назми онҳо риоя нашудани вазни арӯз ва роҳ ёфтани сактаҳост. Истифодаи ноогоҳона аз санъатҳои бадеӣ ва имконоти забони тоҷикӣ, адами мантиқ ва норӯшаниҳо, корбурди саҳлангорона аз таносубҳои забонзада ва қолабҳои тайёри обшуста ва норасоиҳои дигари навиштаҳои онҳост».
Дар ҳар сурат маҷмӯаи нави муаллифон қалби хонандагони ташна ба шеърро то андозае забт менамояд ва шинохти ӯ дар ин ҷода домани худро боз фарохтар месозад.
 
Далер Азизов,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: