Дар шаҳри Актубаи Қазоқистон мусобиқаи байналхалқии «Мемориал Дворкович» баргузор гардид, ки дар он варзишгари самарқандӣ, аъзои дастаи мунтахаби Ӯзбекистон, чемпиони дукаратаи ҷаҳон оид ба шоҳмот дар байни наврасон Афрӯзабону Ҳамдамова ширкат варзида, рейтинги хешро ба 51 зина зиёд ва меъёри гроссмейстери байналхалқиро иҷро кард.
Боиси ифтихору хушнудист, ки ӯ акнун ҷавонтарин гроссмейстер дар Ӯзбекистон аст.
Бо ҳамин муносибат иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев ӯро ба ҳузури худ пазируфта, суҳбат орост ва туҳфаҳои хотиравӣ супурд.
Мо аз фурсат истифода бурда, ба гроссмейстери ҷавон бо чанд суол муроҷиат намудем.
– Афрӯзабону, иҷозат диҳед, аз номи мухлисони рӯзномаи «Овози тоҷик» бо ин муваффақият табрик гуфта, комёбиҳои нав ба нав таманно намоем.
– Ташаккур! Ман хеле хушҳол ҳастам, ки нашрияи мазкур дар бораи ман ва шоҳмот бисёр чизҳоро навишта, ба хонандагон пешниҳод менамояд. Воқеан, модари ғамхорам Шабнам Исматова хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд, падари бузургворам Акбар Ҳамдамов низ ба матбуоти тоҷик дилбастагӣ доранд.
– Аҷиб, чӣ сабаб шуд, ки шумо ба бозии шоҳмот завқу шавқ пайдо кардаед?
– Агар хотирам фиреб надиҳад, се ё чорсола будам. Он айём қариб ҳар бегоҳирӯзӣ дӯстони қиблагоҳам ба хонадони мо омада, ба қавле рӯйи тахтаи шоҳмот «набардҳои шадид» авҷ мегирифт. Мо, фарзандон бо шавқу ҳавас ҳаракати муҳраҳоро тамошо мекардем. Дар ғайби падарам донаҳои онро ронда, калимаҳои маъмули «кишт!», «мот», «қалъабандӣ» ва ғайраро гуфта хурсандӣ мекардем.
Ман қаблан аз навиштану хондан ҳарфҳои шоҳмот ва гашти донаҳои онро ёд гирифтам. Оҳиста-оҳиста бо бародарам Сиёвуш бозӣ карда, ҳатто чанд маротиба пирӯзӣ насибам гашт. Баъд падарам маро назди мураббӣ Шаҳоб Ҳамроқулов бурда, гуфтанд, ки «ана ба шумо шогирд!»
Раҳматӣ Шаҳобака инсони хоксору росткор, ҷиддӣ, серҳаракату серталаб буданд, ки ду нафар писарашон – Иброҳим ва Ҷӯрабек ҳоло гроссмейстерҳои байналхалқӣ, яке дар қитъаи Амрико, дигаре дар Испания ҳастанд.
Вақте ки ба ман аввал дар Самарқанд, баъд дар миқёси Ӯзбекистон ҷойҳои фахрӣ насибам гашт, ба чемпионати ҷаҳон роҳхат доданд. Дар Эрон дар байни 7-солаҳо ба шоҳсуфаи баланд баромадам ва мадҳияи давлатӣ танинандоз гардид.
Сипас, дар дигар мусобиқаҳои бонуфузи байналхалқӣ медалҳои тиллоро гирифтам.
– Хабардор ҳастем, ки шумо ба беш аз бист мамлакати ҷаҳон сафар кардаед. Дар кӯлвор, яъне борхалта чиҳо мегиред ва меоваред?
– Албатта, китобҳои дарсӣ ва бадеӣ. Зеро дар синфи 10-уми мактаби миёнаи рақами 42-юми шаҳри Самарқанд таҳсил гирифта, бо устодону ҳамсинфон тавассути онлайн суҳбат ороста, сабақ мегирам. Гарчанде забони модариам тоҷикист, вале ба забонҳои русӣ ва англисӣ низ мутолиа намуда, хосатан, дар олами шоҳмот истеъдоди худро сайқал медиҳам. Дар хориҷа аксарияти мардум бештар ба забони англисӣ ҳарф мезананд.
– Ба кадом шатранҷбозон эҳтиром доред?
– Пол Морфӣ, Капабланка, Александр Алёхин, Михаил Ботвинник, Борис Спасский, Михаил Тал ва дигарон мактаби хоси худро доранд, ки аксари бозии онҳо ҳавасбарангез аст. Ҳангоми таҳлил ва аз назар гузаронидани чунин бозиҳо бисёр чизҳоро омӯхтан мумкин аст.
– Ҳоло мураббии шумо кист?
– Ана ба ин савол ҷавоб намедиҳам. Дар олами шоҳмот чунин қоида мавҷуд. Аммо бо маслиҳату машварати падарам ба қувваозмоӣ тайёрӣ мебинам.
– Дар вақти холӣ бо чӣ кор машғул ҳастед?
– Сайру саёҳат, гулпарварӣ, сурудхонӣ, дар хона бо модарам таомҳои маъмулии миллӣ пухтан ҷону дилам.
– Дар як шабонарӯз чанд соат ба шоҳмот вақт ҷудо мекунед?
– Дар ҳар давру замон, кишвару муҳит ҳар хел. Аммо чунин мешавад, ки гоҳо хӯрок хӯрдан фаромӯш гардида, шабҳо бедорхобӣ низ ҳаст.
– Баъди бозиро бохтан, чӣ ҳолат рух медиҳад?
– Шоҳмот на аввал дораду на охир. Таърих гувоҳ, ки чемпионҳои ҷаҳон низ бисёр маротиба нашъаи мағлубиятро чашидаанд. Агар ман мағлуб шавам, рақибро табрик гуфта, сипас мустақил бо мураббиён бозиро таҳлил карда, аз паси ислоҳи иштибоҳ мешавам.
– Ҳар як шатранҷбоз услуб, ҷараён, яъне бо ибораи шоҳмот, дебют дорад. Шумо бештар ба кадоми онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир мекунед?
– Агар бо донаҳои сафед бозӣ кунам, аз дебюти испанӣ ё партияи русӣ бештар истифода мебарам.
– Нақшаҳо аз чиҳо иборатанд?
– Ба наздикӣ дар шаҳри Батумӣ Ҷоми ҷаҳон баргузор мешавад ва ман шарафи Ӯзбекистонро ҳимоя мекунам.
– Афрӯзабону, ба шумо комёбиҳои нав ба нав таманно дорем.
– Сипосгузорам!
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.