Чанде пеш дар майдони молиявии байналмилалӣ барои Ӯзбекистон навгонии муҳим эълон шуд. Агентии байналмилалии рейтингии «Fitch Ratings» дараҷаи рейтинги қарзи суверении кишвари моро аз «BB-» ба «BB» баланд бардошт.
Ҳамзамон, интизории рейтинг дар сатҳи «устувор» нигоҳ дошта шуд. Ин қарор боз як далели эътирофи ислоҳоти макроиқтисодӣ, интизоми молиявӣ ва сиёсати иқтисодии кушода аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.
Дар ҳисоботи расмии агентӣ зикр шудааст, ки омилҳои асосии болоравии рейтинг — чораҳои қатъӣ ҷиҳати маҳдуд кардани сатҳи таваррум (инфлятсия), коҳиш додани камбуди буҷаи давлатӣ ва қадамҳои ҷиддӣ дар амалӣ кардани тағйироти сохтории иқтисодӣ мебошанд. Аз ҷумла, дар соли 2024 кам шудани камбуди буҷаи давлатӣ то 3,3 дарсад нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, кам кардани субсидияҳо дар соҳаи энергетика ва тадриҷан озод кардани нархҳо, ки ба сабук шудани бори буҷа мусоидат мекунанд, ҳамчун дастовардҳои муҳим қайд гардидаанд.
Ислоҳот дар соҳаи энергетика на танҳо сарфакории молиявиро таъмин мекунад, балки ба таҳкими интизоми сиёсати фискалӣ низ хидмат менамояд. Ин имконият медиҳад, ки маблағҳои давлатӣ мақсаднок ва самаранок истифода шаванд ва барои сармоягузорони хориҷӣ муҳити боз ва шаффоф фароҳам гардад.
Ҳамчунин, тадриҷан озод кардани тарифҳо мутобиқ ба тамоюлҳои бозорӣ, қадамҳои муҳим дар самти ташаккули қобилияти худтаъминкунии соҳа гузошта мешаванд.
Ғайр аз ин, баҳои мусбати «Fitch Ratings»-ро дигар агентиҳои бонуфузи рейтингӣ низ дастгирӣ мекунанд. Масалан, агентиҳои байналмилалии рейтингии «S&P» (Standard & Poor’s) ва «Moody’s» низ дар моҳҳои охир интизории рейтинги Ӯзбекистонро аз «устувор» ба «мусбат» тағйир додаанд.
Ин нишон медиҳад, ки боварии институтҳои молиявии байналмилалӣ ва сармоягузорон ба кишвари мо афзуда, онҳо ба дурнамои иқтисодиёти Ӯзбекистон бо назари мусбат менигаранд.
Дар ин ҷода бояд гуфт, ки рейтинги «BB» дар миқёси байналмилалии раддабандӣ муҳити сармоягузории миёнаро нишон медиҳад. Аммо баланд шудани рейтинг аз «BB-» ба «BB» маънои онро дорад, ки ислоҳоти иқтисодӣ пайваста ва системавӣ амалӣ мегарданд ва саъю кӯшишҳои ҳукумат дар самти ба даст овардани устувории макроиқтисодӣ натиҷа медиҳад.
Ин на танҳо ба коҳиши арзиши қарзи давлатӣ мусоидат мекунад, балки ба таҳкими мавқеи кишвар дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ низ хидмат менамояд.
Аҳамияти амалии чунин баҳогузориҳои мусбат дар он аст, ки рейтингҳои баланд, ки аз ҷониби агентҳои байналмилалӣ муайян мешаванд, яке аз омилҳои муҳими ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба ҳисоб мераванд. Зеро сармоягузорони байналмилалӣ, бонк ва институтҳои молиявӣ пеш аз ҳама ба суботи иқтисодӣ ва сиёсии кишвар маҳз тавассути чунин рейтингҳо баҳо медиҳанд. Аз ин рӯ, рейтинги «BB»-и «Fitch Ratings» заминаи боваринокест, ки Ӯзбекистонро ҳамчун шарики боз ҳам боэътимод дар майдони байналмилалии молиявӣ муаррифӣ мекунад.
Умуман, баҳоҳои мусбат, ки аз ҷониби агентиҳои байналмилалии раддабандиҳо ба иқтисодиёти кишвари мо дода мешаванд, танҳо як нишондиҳанда нестанд, балки ифодаи равшани боварӣ ба сиёсати пайвастаи давлат мебошанд.
Ин бошад, дар навбати худ, ба таҳкими бештари робитаҳои иқтисодии байналмилалии Ӯзбекистон, ҷалби лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини рушди устувор дар оянда хидмат мекунад.
Абдулло АСЛОНОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.