Президент Шавкат Мирзиёев аз корхонаи “Eman materials”, воқеъ дар минтақаи саноатии ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд, боздид ба амал овард.
Дар шароити ноустувории иқтисодиёти ҷаҳонӣ истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ ва дастгирии соҳаҳое, ки шумораи зиёди ҷойҳои кориро фароҳам меоранд, аҳамияти хос пайдо мекунад. Дар Ӯзбекистон ба чунин соҳаҳо саноати нассоҷӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва саноати мебел шомиланд. Дар ин бахшҳо имрӯз тақрибан 1 миллион нафар машғуланд.
Хусусан, дар бахши мебелсозии кишвар 7,5 ҳазор корхона фаъолият доранд. Танҳо дар соли гузашта 920 корхонаи нав ба фаъолият оғоз намуд. Ҳаҷми истеҳсоли мебел ба 6,7 триллион сӯм расид ва ба маблағи 20 миллион доллар маҳсулот ба содирот бароварда шуд.
Бар асоси таҷрибаи ноҳияи Хонқои вилояти Хоразм дар дигар минтақаҳо низ кластерҳои мебелсозӣ ташкил дода мешаванд. Давлат соҳибкорони ин соҳаро дар масъалаҳои воридоти ашёи хом, фурнитура ва қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин баромадан ба бозорҳои содиротӣ дастгирӣ мекунад.
Дар минтақаи саноатии Чилонзор тақрибан даҳ корхонаи мебелсозӣ фаъолият доранд. Корхонаи “Eman materials” бо сармоягузории 10 миллион доллар аз ҳисоби ташаббускори лоиҳа ташкил ёфтааст. Дар ин ҷо истеҳсоли 10 ҳазор тонна фурнитура ва қисмҳои мебел дар як сол ба роҳ монда шудааст, ки ба ҳазорҳо корхонаҳои хурду миёнаи кишвар дар асоси ҳамкорӣ расонида мешаванд. Дар ояндаи наздик содироти маҳсулот ба нақша гирифта шудааст.
Дар корхона 200 нафар кор мекунанд. Аз ҷумла, дар назди он маркази таълимии омода кардани мутахассисони соҳаи мебел бо иштироки мутахассисони кишварҳое чун Италия ва Туркия фаъолият дорад.
Илова бар ин, корхона инчунин оид ба истеҳсоли фармоишии мебел, тарҳрезӣ, буриш, таъмири таҷҳизот ва дигар самтҳо хизматрасониҳои иловагӣ мерасонад.
Дар ҳудуди маҷмаа шоурум (толори намоишӣ) кушода шудааст, ки дар он маҳсулоти брендии истеҳсолкунандагони пойтахт пешниҳод мегардад. Ин низом барои фурӯшандагон, ширкатҳои хизматрасон ва муштариён шароити муносиб фароҳам меорад.
Сарвари давлат бо раванди истеҳсолӣ шинос гардида, бо мутахассисон суҳбат намуд. Ӯ таъкид кард, ки дар соҳаи мебелсозӣ ҳанӯз дар самти локализатсия ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди изофашуда имкониятҳои истифоданашудаи зиёд мавҷуданд.
Ҳамзамон, маълумот оид ба фаъолияти «ситоди ислоҳот», ки дар ноҳияи Чилонзор таъсис ёфтааст, пешниҳод гардид. Пешниҳодҳои нав, ки ба таъмини шуғли аҳолӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ равона шудаанд, баррасӣ гардиданд.
Қайд карда шуд, ки агар дар оғози сол сатҳи камбизоатӣ дар ноҳия аз 7 фоиз зиёд бошад, пас дар натиҷаи нимсолаи аввал он то 2,2 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар доираи нақшаи мақсаднок ҳадаф гузошта шудааст, ки то охири сол пурра бартараф намудани камбизоатӣ ва бекорӣ таъмин гардад. Барои ин чораҳо оид ба муайян намудани иқтидори хонаводаҳо, дастгирии лоиҳаҳои хурд, таъсиси субъектҳои нави соҳибкорӣ ва расмӣ гардондани ҷойҳои кори ғайрирасмӣ амалӣ карда мешаванд.
Президенти мамлакат таъкид намуд, ки ҳамеша аз ташаббусҳое, ки ба шуғли аҳолӣ равона шудаанд, пуштибонӣ хоҳад кард. Ӯ зарурати ҷалби фаъоли сармоягузорӣ, табдил додани имкониятҳо ба лоиҳаҳои мушаххас ва тавсеаи фаъолияти корхонаҳои хурдро таъкид кард. Ба шахсони масъул дар соҳаи иқтисод ва сармоягузорӣ супориш дода шуд, ки бо соҳибкорон пайваста мулоқот карда, мушкилоти онҳоро ҳал намоянд ва дар татбиқи пешниҳодҳояшон кӯмак расонанд.