Чанде пеш нусхаи электронии рисолаи илмию оммавии бахшида ба 85-солагии донишманд, адиб ва тарҷумон Аслиддин Қамарзода бо унвони «Дар чорсӯи илм ва эҷод»-ро мутолиа намудам.
Он ба қалами омӯзгори Донишгоҳи давлатии педагогии Чирчиқ Ҳикмат Ҳикматов мансуб буда, муҳаррираш нависандаи ҷавон Фаридуни Фарҳодзод мебошад.
Рисола аз 22 боб иборат буда, боби аввалини он «Аз мактаби деҳа то курсии донишгоҳ» ном дорад. Дар он зиндагиномаи Аслиддин Қамарзода аз овони тифлӣ то курсии донишгоҳ, яъне фаъолияти меҳнатии ӯ дар донишгоҳ тасвир шудааст. Мавқеи оила, яъне падару модар дар тарбия ва таълими фарзанд бо мисолҳои дақиқ зикр мегардад.
Муаллиф менависад, ки Қамарзода падараш Қамар Махдуми Самарқандиро аввалин устоди худ меҳисобад. Модари ӯ Латофат Шокирова низ бонуи босавод будааст. Тарона, афсонаю ривоятҳои зиёдеро хондаву ба фарзандон маънидод мекардааст.
Хулоса, падару модари бомаърифат ба ташаккул ва рушду ривоҷи маънавият, ҷаҳонбинӣ ва дониши Аслиддини ҷавон нақши муҳим доштаанд.
Ӯ пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 21-уми ноҳияи Самарқанд, солҳои 1958-1963 дар бахши шабонаи факултети филологияи ӯзбек ва тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ таҳсил намуда, баробари ин дар нашриёти донишгоҳ чун ҳуруфчини матбаа, мусаҳҳеҳ ва аз августи соли 1961 то сентябри соли 1963 дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷики он ба ҳайси лоборант, мудири кабинет кор кардааст.
Фаъолияти эҷодии Аслиддин Қамарзода серҷабҳа аст. Ҳикматов қайд менамояд: «Аслиддин Қамарзода ҳамчун пажӯҳишгари осори адибони машриқзамин соли 1984 ба узвияти Созмони шарқшиносон, ҳамчун адиб ва тарҷумони дузабона соли 2004 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва соли 2022 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, соли 1992 ҳамчун журналисти соҳибқалам ва ботаҷриба ба узвияти Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон пазируфта шудааст».
Муаллиф менависад, ки ба ташаккули дониш ва тафаккури Аслиддин Қамарзода академикон Абдулғанӣ Мирзоев, Воҳид Абдуллои Самарқандӣ, олимони шинохта Раҳмон Эгамбердиев, Мирсафо Атоев, Самариддин Аслиддинов, Юсуфҷон Пӯлодов ва шоири зуллисонайн Мардонқул Муҳаммадқулов саҳми арзанда гузоштаанд. Соли 1970 таҳти роҳбарии олими адабиётшинос Раҳим Муқимов дар мавзӯи «Жанри қиссаи тарҷумаиҳолӣ дар адабиёти халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон» рисолаи илмӣ менависад ва дар Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади улуми филология ва унвони илмии дотсент мешавад. Баъдан доир ба соҳаҳои гуногуни адабиёти мумтозу муосир, ваҳдати адабиёти миллӣ дар маҷаллаву маҷмӯаҳои илмӣ беш аз 800 номгӯй мақолаи илмии ӯ нашр шудаанд. Ҳамин тариқ, бобҳои дигари рисолаи Ҳикмат Ҳикматов паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Аслиддин Қамарзодаро равшан намудаанд.
Ӯ менависад: «Доираи фаъолияти илмию тадқиқотии Аслиддин Қамарзода хеле васеъ буда, робитаҳои адабӣ, ваҳдати адабиётҳои миллӣ, мероси устод Айнӣ ва адибони муосири тоҷик, ҳаёт ва эҷодиёти адибони маорифпарвар ва ғайраро дарбар мегирад.
Ӯ ҳамчун донишманди таърихи адабиёти бадеӣ, илми адабиётшиносӣ, тазкиранигорӣ, пажӯҳишгари масъалаҳои рушди забон ва адабиёти тоҷик дар Самарқанд шинохта шудааст. Мо ин маъниро аз библиографияи осори Аслиддин Қамарзода, ки беш аз сад номгӯй мақолаю гузориши илмӣ, маърӯзаро дар бар мегирад, пай мебарем.
Аслиддин Қамарзода дар пажӯҳиш ва тарғиби рӯзгор ва осори адибони машҳури ҷаҳон низ эътибори хоса дорад. Ӯ аз «Таърихи адабиёти ҷаҳон» ба шогирдон дарс гуфта, дар ин соҳа дастуру китобҳои дарсӣ таълиф намудааст.
Дар рисола эътирофнома – номаҳои нависандагон ва олимон гирд оварда шудааст. Аз ҷумла устод Сотим Улуғзода менависад: «Муҳтарам ва қадрдон Аслиддин Қамарзодаро салом ва эҳтиром! Туҳфаи гаронбаҳои наврӯзиатон «Гулдастаи Самарқанд» расид. Бисёр-бисёр ташаккур дастагули хушбӯе аз дӯстони самарқандӣ! Чӣ хуш! Хотири ин ҷонибро шод ва машомамро муаттар сохт. Офарин ба адибони тоҷикзабони самарқандӣ, ки чароғи адабиёти тоҷикро, ки аслан нахустин бор дар он шаҳри бостонӣ шуълафишон шуда буд (Устоди Самарқанд, яъне Рӯдакӣ) фурӯзон медоранд. Ба ояндаи ин «қатрае аз баҳр» ва «фатире аз нӯги хамир» бо чашми умед менигарам...
Бо эҳтиром Сотим Улуғзода. Ш, Душанбе. 1. 03. 1989».
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори
«Овози тоҷик».