Имконияти модиву техникии поликлиникаи марказии серсоҳа меафзояд

Иқтидори беморқабулкунии поликлиникаи марказии серсоҳаи шаҳри Когон барои 250 миҷоз пешбинӣ шудааст ва дар ду баст фаъолият дорад.

 Поликлиника ба 22 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои шаҳраки Роҳиоҳанчиён, 2 коллеҷ, 11 мактаби таълими ҳамагонӣ, 15 муассисаи таълими томактабӣ ва аҳолӣ хидмати тиббӣ мерасонад.

Дар поликлиникаи марказӣ барои ба аҳолӣ хидмати тиббӣ расонидан ва иҷрои корҳои патронажӣ 26 шифокори оилавӣ ва 95 нафар ҳамшираи патронажӣ фаъолият мебаранд.

Ҳоли ҳозир дар ин поликлиника барои хидмати хуби тиббӣ расонидан тамоми асбобу ускунаҳои замонавии тиббӣ мавҷуданд. Аз ин рӯ баҳри назорати саломатии репродуктивӣ, онкологиву эндокринологӣ, кардиологиву наркологӣ, касалиҳои сил ва ғайра аз ин воситаҳо ба таври васеъ истифода мешавад.

Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: