Маросими мутантани кушоиши ёдгории мутафаккири бузург, шоир ва арбоби давлатӣ дар боғи ба номи Алишери Навоии шаҳри Ӯши Қирғизистон баргузор шуд.
Дар маросим ҳокими шаҳри Ӯш Ҷенишбек Токторбаев, раиси Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Ӯш Болотбек Баетов, депутатҳои Шӯрои шаҳрӣ, кормандони Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, фаъолони марказҳои милливу фарҳангии ӯзбек ва намояндагони ҷомеаҳои маҳаллӣ иштирок карданд.
Ҳокими шаҳри Ӯш Ҷенишбек Токторбаев дар бораи вазъи кунунии муносибатҳои байни Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳарф зад. «Аз замоне, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Қирғизистон Садир Ҷапаров ба сифати роҳбарони давлатҳо фаъолияти худро оғоз намуданд, муносибатҳои байни ду мамлакат ва ду халқ ба сатҳи нав бардошта шуданд. Ҳоли ҳозир соҳае нест, ки дар он ҳамкориҳо ба роҳ монда нашуда бошанд, ба шарофати сайъ ва кӯшиши роҳбарони ду давлат ин муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегӣ ба дараҷаи олитарин бардошта шуданд», – гуфт ҳоким.
Болотбек Баетов дар навбати худ таъкид намуд, ки зуҳуроти ҳурмату эҳтиром нисбати мероси Навоӣ вазифаи ҳар кадом намояндаи халқи турк ба шумор меравад. «Ин пайкараи Навоӣ дар таърихи кишварҳои мо воқеаи муҳим хоҳад шуд ва он ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои ҳамсоягии нек ба бародарии байни халқҳои ӯзбеку қирғиз мусоидат хоҳад кард», – изҳор дошт раиси Шӯро.
Дар ҷараёни чорабинӣ ҷамоаи эҷодии Театри академии мусиқии драмавии ба номи Бобури шаҳри Ӯш ва ҳунарпешагони Филармонияи давлатии Ӯш намоишҳои саҳнавиро бахшида ба ҳаёти Навоӣ пешкаш намуданд, сурудҳои классикиро дар матни ғазалҳои шоири бузург сароиданд.
Бояд таъкид сохт, ки ҷомеа ба кушода шудани пайкараи нави Алишери Навоӣ дар шаҳри Ӯш баҳои баланд дод.
АИ «Дунё»,
шаҳри Ӯш.