Дар ҷаҳон озодӣ ва истиқлоли миллии ҳама гуна давлат пойдевори муътамади сиёсӣ ва иҷтимоӣ, манбаи нирӯ ва қудрат ба шумор меравад, ки ба сифати дарёфти мақоми ҳуқуқи сазовори субъекти байналхалқӣ дар ҷомеаи ҷаҳон, таъмин намудани ҳаёти осудаву фаровони халқ, манфиатҳои муҳимтарини он хидмат мекунад.
Истиқлолияти миллии мо, ки 31 августи соли 1991 ба шарофати ирода ва қатъияти қатъии халқи ҷасурамон эълон гардида буд, бидуни шубҳа, дар шароити кунунии таърихӣ, ҳангоме ки тамоми ислоҳоти мо дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав ба давраи ҳалкунанда ворид мегарданд, аҳамияти бағоят муҳим касб менамояд.
Маҳз истиқлол, ки дар худ тамоми кафолатҳои сиёсиву ҳуқуқиро таҷассум намудааст, ба сифати такягоҳи мустаҳкам дар татбиқсозии Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030», дар ҷомеа мустаҳкам намудани муҳити сулҳу салоҳ, дӯстӣ ва ҳамдилӣ, таъмин сохтани ҳуқуқ ва манфиат, шаъну шарафи инсон, рушди минбаъдаи робитаҳои некҳамсоягӣ дар минтақа, ҳамкории фаъол бо кишварҳои ҷаҳон, боло бурдани нуфузи Ватани мо дар миқёси байналхалқӣ хидмат мекунад.
Бо дар назардошти ин аҳамияти бузурги истиқлолияти мамлакат, ба мақсади ҳамаҷонибаву сазоворона ва дар сатҳи олӣ таҷлил намудани санаи пуршараф – сию чаҳорумин солгарди истиқлолияти миллӣ мувофиқи дараҷаи рушди Ӯзбекистони Нав, обрӯйи он дар арсаи ҷаҳонӣ қарор мекунам:
1. Консепсияи ғоявию бадеии чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба сию чаҳорумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Консепсия), ки ғояи неки «Барои Ватан, барои миллат, барои халқ!»-ро таҷассум намуда, аз ҷониби Вазорати фарҳанг, Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Иттиҳоди нависандагон, Оҷонсии оид ба корҳои ҷавонон коркард шудааст, мувофиқи замимаи №1 маъқул дониста шавад.
2. Доир ба тайёрӣ ва баргузор кардани ҷашни сию чаҳорумин солгарди истиқлолияти давлатӣ Комиссияи ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Комиссияи ҷумҳуриявӣ) ташкил ва ҳайати он мувофиқи замимаи №2 тасдиқ карда шавад.
3. Ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ (А. Арипов) супурда шавад, ки:
а) ба мақсади таъмин намудани ҷашни сазоворонаи сию чаҳорумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Ҷашни истиқлолият) дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, маркази вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ҳамчунин дар тамоми шаҳрҳо ва ноҳияҳо, деҳот ва овулҳо коркарду иҷрои барномаи дахлдори чорабиниҳоро бо дарназардошти моҳият ва самти асосии Консепсия таъмин намояд;
б) барои дар маҳалҳо самарабахш гузаронидани конфронсҳои маънавию маърифатӣ, мулоқот ва суҳбатҳои ошкоро, шабнишиниҳои адабиву бадеӣ, рӯзҳои кинои миллӣ, сайрҳои умумихалқӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ бахшида ба моҳияти Ҷашни истиқлолият дар рушди мамлакат ва таъмин намудани некӯҳолии халқ гурӯҳҳои тарғиботӣ аз ҷумлаи арбобони шинохтаи илм, фарҳанг ва санъат, кормандони эҷодӣ, варзишгарон, намояндагони ҷомеаҳо таъсис дода, ҳамчунин барои ба амал татбиқ намудани фаъолияти онҳо дар пояи нақшаи муайян шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шаванд;
в) дар ҷамъомадҳои Комиссияи ҷумҳуриявӣ ҳисоботи роҳбарони ҳар кадом минтақа, вазорат ва идораҳо бобати татбиқ сохтани чораҳои дар ин самт пешбинишуда мунтазам шунида шаванд.
4. Барои тайёр намудани барномаҳои асосии чорабиниҳои ҷашнӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд гурӯҳҳои эҷодӣ аз ҷумлаи коргардон ва таҳиягарон, нависандагону шоирон, оҳангсозону устодони балет, рассомони саҳнаҳо, иҷрогарони ҷавони боистеъдод, намояндагони санаъатҳои мақом ва бахшигӣ, ки маҳорат ва таҷрибаи баланди касбӣ доранд, васеъ ҷалб карда шаванд.
5. Ҳангоми татбиқсозии чорабиниҳои бахшида ба Ҷашни истиқлол ба самтҳои бартариноки зерин эътибори махсус дода шавад:
а) тағйироти куллии симои ҷамъиятиву сиёсии ҷомеаи мо ба шарофати ислоҳоти васеъмиқёс бобати бунёди Ӯзбекистони Нав, ки ҳашт сол муқаддам оғоз гардида буд;
б) бори аввал дар таърих тӯли даврони кӯтоҳ бинобар натиҷаи рушди босуръати иқтисодиёти мамлакат муваффақ шудан ба ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии зиёда аз 110 миллиард доллари ИМА, татбиқ намудани барнома ва лоиҳаҳои бузург бинобар гузаштан ба иқтисодиёти сабз ва инноватсионӣ, таъсис додани манбаъҳои муқобили энергия;
в) мувофиқи Сарқонуни нав истиқрори Ӯзбекистон ба сифати давлати иҷтимоӣ, ки дар он шаъну шараф, ҳуқуқ ва манфитаҳои инсон болост, муваффақ шудан ба натиҷаҳои назарраси сифатӣ дар татбиқсозии барномаҳои давлатӣ бинобар таъмин намудани шуғл, зиёд кардани миқдори ҷойҳои замонавии кор, коҳиш додани нодорӣ, дастгирӣ намудани табақаи шаҳрвандони ба кумак муҳтоҷ;
г) тағйироти дар таърихи мо диданашуда дар соҳаи таълим, ки ба шарофати ислоҳот ба даст омадаанд, афзоиши фарогирӣ дар низоми таълими томактабӣ аз 27 фоизи соли 2017 то ба 77 фоизи кунунӣ, дар таълими олӣ аз 9 то ба 42 фоиз, дар мамлакат ташаккул додани низоми шаклҳои нави мактаб – мактабҳои эҷодӣ, махсус ва президентӣ;
д) эътибори бузург ба рушди соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ, илм, IT, фарҳанг, адабиёт ва санъат, ҳамчунин ба он, ки бори аввал варзишгарони мо ба сафи понздаҳ дастаи пурзӯртарини Олимпиадаи Париж ва паралимпиада ворид шуданд, ҳамчунин бори аввал дар таърихи Ӯзбекистон дастаи яккачини ҷавонони то синни 17 оид ба футбол, дастаи мунтахаби миллӣ оид ба футбол ба чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифтанд;
е) таҳти шиори «Ҷавонон – офарандагони Ӯзбекистони Нав» фароҳам овардани шароитҳои ҳамаҷониба мусоид барои омӯхтани дониш ва касбҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ, баробари забони модарӣ, технологияҳои IT, татбиқ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, зоҳир кардани истеъдод ва иқтидор, ҳамчунин комёбиҳои аввалини муассири писарону духтарони мо дар соҳаҳои гуногун;
ж) нишон додани бунёдкориҳо бо суръати баланд дар шаҳр ва деҳоти мо тӯли солҳои охир, бунёди мавзеъҳои истиқоматии Ӯзбекистони Нав, татбиқ гардидани корҳои азим дар доираи барномаҳои «Деҳоти обод», «Маҳаллаи обод», сохтмони шаҳрҳои нав дар пояи модели смарт – ва шаҳрсозии инноватсионӣ, инкишоф ёфтани шабакаҳои инфрасохтори иҷтимоӣ;
з) таъминсозии муҳити сулҳу салоҳ, дӯстии тарафайн ва ҳамдилӣ – сарвати бебаҳои ҷомеаи сермиллат ва серэътиқоди мо, моҳияти ҳифз кардан ва мустаҳкам намудани он ҳамчун вазифаи муқаддаси умумии мо;
и) дар пояи раванди «Артиш ва халқ ягонаанд!» татбиқ сохтани корҳо бобати баланд бардоштани иқтидори ҳарбии Нерӯҳои Мусаллаҳ, пурзӯр намудани тайёрии ҷисмонӣ, ахлоқиву маънавии аскар ва афсарони ҷасуру шуҷоъ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватандӯстӣ;
к) баланд бардоштан ва ба дараҷаи нав боло бурдани нақш ва мақоми Ӯзбекистон дар таҳкими ҳамсоягии нек, ҳамкорӣ ва пурзӯр кардани равандҳои қаробат дар минтақаи Осиёи Марказӣ;
л) баланд бардоштани нуфузи Ӯзбекистони Нав дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати рӯшод, демократӣ ва дунявӣ.
6. Ба Вазорати фарҳанг (О. Назарбеков) супурда шавад, ки:
а) якҷо бо Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Иттиҳоди нависандагон дар муҳлати як ҳафта дар пояи Консепсия кор карда баромадани барнома ва сенарияи чорабиниҳои асосии ҷашнӣ дар шаҳри Тошканд бахшида ба Ҷашни истиқлолият, ҳамчунин андешидани чораҳо бинобар дар сатҳи баланди ғоявию бадеӣ тайёр кардани он;
б) якҷо бо Академияи бадеӣ, Иттиҳоди нависандагон, Иттиҳоди журналистон таъминсозии дар сатҳи баланд тайёр кардан ва гузарондани озмунҳои анъанавии «Симои Ватан аз нигоҳи рассом», «Барои Ватан зиндагӣ кунем!», «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз»;
в) якҷо бо Иттиҳоди оҳангсозон ва бастакорон, Иттиҳоди нависандагон гузаронидани давраи ниҳоии озмунҳо барои суруд ва асарҳои беҳтарини мусиқӣ, ки истиқлолияти мамлакатро васф мекунанд;
г) эълон кардани номи ғолибон ва ҷоизадорони ин озмунҳо ва дар вазъи мутантан баргузор намудани мукофотонидани онҳо дар арафаи Ҷашни истиқлол.
7. Муқаррар карда шавад, ки чорабиниҳои ҷашнӣ аз ҷониби инҳо бо маблағ таъмин карда мешаванд.
а) дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо аз ҳисоби манбаъҳои иловагии буҷаҳои дахлдори маҳаллӣ, ҳамчунин хайрияҳои ашхоси ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ дар пояи ихтиёрӣ;
б) дар шаҳри Тошканд дар саҳми баробар аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва буҷаи маҳаллии шаҳри Тошканд мувофиқи сметаи хароҷоте, ки Комиссияи ҷумҳуриявӣ тасдиқ кардааст.
8. Ба Ширкати телевизион ва радиои миллии Ӯзбекистон, Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Оҷонсии иттилоотии «Дунё» ва дигар расонаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки корҳои вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани Ҷашни истиқлолиятро васеъ равшан намоянд.
9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва роҳбари Департаменти рушди иҷтимоии Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон О.К. Абдураҳмонов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ
шаҳри Тошканд,
10 июли соли 2025.