Суҳбати Дараи морон

Номи Толиб Юнусзода барои онҳое, ки худ эҷодкоранд ё худ ба қадри эҷодкор мерасанд, азиз аст. Хабарнигори фаъол аз зиндагии мардуми заҳматдӯст, инсонҳои некдилу худогоҳи вилояти Самарқанд хабару мақолаҳо навишта, ба рӯзномаҳо ирсол мекунад.

Бисту панҷ сол пеш ба ин дара ду маротиба омада будам. Он вақт дара чун имрӯза ободу зебо набуд. Ҳоло ду тарафи сойро аз сангҳо тоза карда, боғу майдони киштзор барпо намудаанд. Пештар роҳи мошингард ҳам нағз набуд. Аз тирезаи сабукрав ин манзараи зебои табиатро тамошокунон дили бинанда кушода мешавад. Ба мову додарам мавзеи зебое, ки оби сой он ҷо паҳн шуда, дар атрофаш дарахтони бузург соя афкандаанду барои бозии бачаҳо саҳни васеъ дошт, маъқул омад. Барои рухсат гирифтан аз соҳиби боғ аз сабукрав фаромада, ба тарафи хонаи бо сангу хишти пухта сохташуда рафтем.

– Ака, ин мардакро бинед, дар кӯҳистон ҳам галстук баста гаштааст, – гуфт тааҷҷубкунон додарам.

– Э-э-э, бародари худамон-ку, – гуфтам баробари дидан хушҳол шуда, – ин кас муаллими забон ва адабиёти тоҷик, эҷодкор Толиб Юнусзодаи Ревдодӣ.

– Номи Ревдодро бори аввал мешунавам, ин кадом қишлоқ?

– Пеш деҳаи ҳозираи Оқмасҷидро Дарвозаи Ревдод меномиданд. Яке аз дарвозаҳои боҷситони шаҳри Самарқанди қадим дар ҳамин ҷо будааст, – фаҳмонидам ба ӯ.

Баъди салому ҳолпурсии муқаррарӣ бо Толибака ба мақсад гузаштем.

– Ҷой бисёр, дар зери чор тути калон суфа сохтем, дар лаби сой, назди об таги дарахтони бед шинед ҳам мешавад, – гуфтанд Толибака. – Ҳар рӯз чандин оила истироҳат карда меравад.

Додарам назди мошинҳо рафт, дере нагузашта садои хурсандии бачаҳо баромад. Мо бо соҳиби боғ назди оби равон, таги дарахти тути балхӣ палосу кӯрпача партофта нишастем. Номи Толиб Юнусзода барои онҳое, ки худ эҷодкоранд ё худ ба қадри эҷодкор мерасанд, азиз аст. Хабарнигори фаъол аз зиндагии мардуми заҳматдӯст, инсонҳои некдилу худогоҳи вилояти Самарқанд хабару мақолаҳо навишта, ба рӯзномаҳо ирсол мекунад.

– Ин ҷо эҷодхонаи ман, – гуфтанд Юнусзода.

– Насиб кунад, ҷойи зӯр будааст. Ду тараф кӯҳҳои баланди сабзпӯш, осмони мусаффо, канори об, ҳатто пеши обро бетон рехта, шаршара сохтаед. Кай боз ин мулки шумо?

– Қиссаи ин дароз, – гӯён риши сафеди дарозашонро палмосиданд муаллим. – Баъди истиқлолияти кишвар барои ба омӯзгорон ҳам замин додан фармон баромад. Ҳамон вақтҳо раиси хоҷагии «Мароқанд» Толиб Норбоев ҳар бор маро бинад: – Ту ҳам Толиб, ман ҳам Толиб, – мегуфт. – Дигарон ҳар рӯз остонаи идораро охурча карда, ҷойи иморат мепурсанд, ту, додарам, омӯзгору эҷодкор, мухбири якчанд рӯзнома бошӣ ҳам, бепарвоӣ. Хоҳӣ, аз ҷойи хостаат замин медиҳам, – гуфт ӯ ва ба сармуҳандиси хоҷагӣ Зариф супориш дод.

Бо ду-се намояндаи идораи колхоз хеле ҷойро дидем, маъқул нашуд. Баъд ба ҳамин дара омадем, фасли зимистону атроф барфпӯш бошад ҳам, айнан дар ҳамин ҷо барф об шуда сабзаҳо сабзида буданд. «Ягон хислат дорад», аз дил гузаронидаму ҳамин ҷоро интихоб кардам. Сонитар пас аз мушоҳидаҳо донистам, ки ин манзил нӯҳ чашма дорад. Бо булдозерҳои колхоз майдонро ҳамвор кунонида, роҳ кушодем. Баъд масолеҳи сохтмон оварда ин суфаву хонаҳоро сохтем. Ниҳолҳо сабзондем.

– Пештар аз ин сой оби бисёре ҷорӣ мешуд, – ҳикоя кард Толибмуаллим. – Ҳӯ ана, иморати нимкораи блокинро мебинед? То солҳои панҷоҳуми асри гузашта дар ҳамин ҷо боҷхона будааст. Мардум аспакию харсавор ба Самарқанду Қашқадарё аз ҳамин роҳ рафтуомад мекарданд. Дарозии дара 12 километр аст. Солҳои 1940 ин мавзеъ колхози ба номи Сталин будааст. Ин сангҳову дарахтон шоҳиди бисёр воқеаву ҳодисаҳо шудаанд. Сукути ин кӯҳсорро дида одам ба андеша меравад. Соли 1995 дар рӯзномаи «Комсомолская правда» мақолаи «Тайна илансайского ущеля» чоп шуда буд. Дар дара чор қабристон ҳаст. Болотар аз ин ҷо қабристони асри Х воқеъ аст, дар тахтасанги яке аз қабрҳои он навиштаҷот бо ҳуруфи форсӣ аст. Медонед дар ин ҷо кӣ таваллуд шудааст? – ба ман нигоҳ карданд муаллим.

– Не, намедонам, – ҷавоб додам.

– Дар шафати ман боғи Қурбонбобои Янгиариқӣ. Дар як қунҷи ин боғ якчанд қабр ҳаст. Рӯзе актрисаи машҳури кино ва санъати ҷумҳурӣ Клара Ҷалиловаро дидам, ки бо оилааш омада буд. Онҳо қабрҳоро зиёрат намуданд. Қурбонбобо аз оятҳои Қуръон тиловат кард, сипас, гӯсфанд кушта қурбонӣ карданд. Волидайни ӯ дар ҳамин ҷо хок шудаанд.

–Толиббобо, мегӯям аз ягон маърака рост ҳамин ҷо омадед, ки куртаву шими сафедро иваз ҳам накардед?

– Мо ориёием, сафедҷомагонем, либоси дигар ҳаргиз напӯшем, – гӯён хандиданд. – Ман ҳамеша мувофиқи хости дил либоси сафед мепӯшам. Ба либоси сафед ҳар хел ҳашарот намечаспад ва часпад ҳам, ба чашм зуд аён мешавад.

– Малол наояд, шуморо аксар вақт бо гарданбанди сурх мебинам ва боз аз чандсолагӣ риш доред...

– Ҳама чизро донистан мехоҳед-е, – табассум намуданд Толибака. – Синфи сеюм мехондаму маро ба сафи пионерон қабул накарданд. Аз ин хеле ранҷида, ғамгин шудам. Дар рӯ ба рӯйи мактаб мағоза буду фурӯшандааш модарам. Як рӯз ба он пионервожатии мактаб Саидмурод Илёсов даромад, ки ман пеши модарам будам. Ин ҳамон Илёсови гулпарвар, ки имрӯз синнаш ба сад наздик аст.

– Бийӣ, ана ҳамин муаллим мана сахт хафа карданд, – гуфтам.

– О, бачем, ба шаъни устод ин хел гап гуфтан айб аст. Чаро ин тавр мегӯйӣ?

– Маро баробари ҳамсинфонам ба пионерӣ қабул накарданд.

– Муаллимҷон, ҳамин писарама қабул кунед, илтимос, – гуфтанд модарам.

Рӯзи дигар муаллим тамоми донишомӯзони мактабро саф ороста, танҳо маро ба сафи пионерон ботантана қабул карданд. Аз ҳамон вақт галстуки сурх бароям арзишманд шуда монд. Баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи устод Садриддин Айнӣ фаъолиятро дар мактаби рақами 37 ноҳия оғоз кардам. 20 сол сарвари наврасон будам. Ҳамон садоқате, ки ба галстук доштам, ҳанӯз боқист, яъне ба хидмати халқу Ватан ҳамеша тайёрам. Аз овони ҷавонӣ риш мондам, ки ба бисёр моҷароҳо сабаб шуд... Оё ҳаҷвияи  «Моҷарои риш»-ро нахондаед?.. 

– Хезед, ба шумо нӯҳ чашмаи Ғоибназарро нишон диҳам.

Мо дар болои сангҳои калони даруни об пой монда он тарафи сой гузаштем. Дар таги дарахти беди калон чашмаи обаш соф ҷорӣ буд.

– Ин чашмаи хандон, номи чашмаҳои дигар гирён, махфӣ, равон, зери санг, давон, – гӯён ҳамсуҳбати мо дар бораи чашмаҳо маълумоти муфассал доданд ва хеле таърифу тасвир карданд. Аз оби ҳар кадоми онҳо нӯшидем, ширину болаззат буданд.

– Толибака, чанд шогирди эҷодкор тарбия кардед? – пурсидам аз муаллим.

– Дар мактаби рақами 37-ум сию ҳафт сол аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс додам. Маҳфили «Навқаламон»-ро ба роҳ мондам. Баҳора Хуррамова, Дилфуза Ҳайдарова, Ҷаъфар Ҷабборов, Ҳилола Норбоева, Лола Норбоева, Умеда Расулова, Муҳаббат Тоҳирова, Гулрухсор Мамадқулова барин даҳҳо соҳибистеъдодон шогирдони ҳамин маҳфиланд.

Дар соли Олимпиадаи 1980 воқеаи хурсандиоваре рӯй дод, ки ин сафар ба Қрим, ба лагери умумииттифоқии пешоҳангон «Артек» буд. Аз 8-уми август то 8-уми сентябр дар дружинаи «Хрусталный» сарпешоҳанг будам. Дар он ҷо ҳам ба хонандагон аз забони форсӣ дарс гузаштам. Барои тозаву покиза нигоҳ доштани муҳити гирду атроф амалиёти «Шиша»-ро ташкил кардам.

– Ие, ҳоло ҳамкасб гӯям, бо шумо ҳамсафар ҳам будаемку, – гуфтам дасти муаллимро фишурда. – Моҳи феврали соли 1982 маро барои бо баҳои аъло хондану талабаи фаъол буданам ба «Артек» фиристода буданд.

– Пас шумо ҳам баҳри Сиёҳ, Ялта, Гурзуф, Севастопол, Симферопол, Алушта, Боғи ботаникиро дидаед. Бовар дорам, ки ҳар ду аз сафари «Артек» бо як ҷаҳон таассурот баргаштаем, ки ин лагери машҳури олам имсол 100-сола шуд.

– Оре, вале дар ин бобат дафъаи дигар, – гуфтам ба муаллим.

Ҳоло суҳбат боқӣ.

Бо муаллим хайру хуш кардем. Толиб Юнусзодаро бисёр солҳо боз шиносам ҳам, ягон бор чун имрӯз аз таҳти дил суҳбат накарда будем. Ӯ воқеан шахси некдилу меҳрубон, ҳалиму хоксор, хуштабъу суҳбаторо будааст.

Накҳати гулҳои худрӯйи баҳорӣ, чашмаҳои сероб, кӯҳҳои сарбаланди Илонсой ба Толибака илҳом бахшидаанд, ки дар таърифи  ин макони куҳанбунёд шеъру ғазалҳо гӯяд. Ӯ даъвои шоирӣ надорад, вале бо ҳисси меҳанпарастӣ, садоқат ба Ватан ва обу хоки сарзамини бостонӣ, нахустин маҷмӯаи худро таҳти унвони «Оҳанги зиндагӣ» соли 2006 ба нашр расонид. Китоби дуюмашро бо номи «Толиби зиндагӣ» танҳо соли 2021 дастраси мухлисон гардонд.

Айни замон дар ҳалқаи панҷ фарзанд ва зиёда аз 35 набераву абера бо ҳамсари меҳрубонаш Моҳира Раҳматова даврони пирӣ меронад ва пайваста ба эҷод машғул аст.

Ба муаллими эҷодкор сиҳҳативу хонаободӣ ва илҳоми илоҳӣ тамано дорем.

Комил Ҷӯразода,

вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: