Дар Лондон ҳодисаи муҳими фарҳангӣ баргузор гардид, бори аввал дар Британияи Кабир маҷмӯи нодири ҳуҷҷатҳои ноёб ва ашёи атиқии қарни тиллоии тамаддуни исломӣ вобаста ба таърихи Ӯзбекистон муаррифӣ карда шуданд.
Ин осор, ки даҳсолаҳо дар коллексияҳои хусусӣ ва осорхонаҳо нигаҳдорӣ мешуданд, ба ин зудӣ ба ватани худ бозгардонда мешаванд.
Намоишгоҳҳое, ки дар хонаҳои машҳури музоядаи «Sotheby`s» ва «Christi`s» ташкил карда шуданд, як қисми лоиҳаи васеъмиқёс бобати ташкил намудани Маркази тамаддуни исломӣ дар Тошканд гардиданд, ки бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз минбари Ассамблеяи Генералии СММ соли 2017-ум эълон шуда буд. Солҳои охир коршиносони миллӣ ва байналмиллӣ бобати ҷустуҷӯ ва дарёфти мероси гумшудаи фарҳангӣ корҳои васеъмиқёси тадқиқотӣ мебаранд.
Як қисми ганҷинаҳои бозгардонидашуда бори аввал ба ҷомеаи байналхалқӣ дар ду намоишгоҳи воқеъ дар Лондон барои олимон, коршиносон, коргузорон, мутахассисон ва коллексионерҳои осорхонавӣ намоиш дода шуда буданд. «Президенти Ӯзбекистон нафақат ташкил кард, балки шахсан ба созмон додани платформаи бузургтарини фарҳангиву марърифатӣ – Маркази тамаддуни исломӣ роҳбарӣ мекунад. Ба ватан баргардондани ганҷинаҳои таърихӣ ва маънавӣ як қисми ин лоиҳаи бузург ва супориши бевоситаи роҳбари давлат мебошад, ки мо бо дарки амиқи моҳияти он иҷро мекунем. Ин нафақат бозгардондани осори таърихист, балки бозгардондани хотирот, махсусият ва эътирофи равшани Ӯзбекистон ба сифати муҳофизи мероси исломӣ мебошад», таъкид кард дар маросими кушоиши намоишгоҳ директори генералии Маркази тамаддуни исломӣ Фирдавс Абдухолиқов.
Дар байни осори қадима ҷузвҳои манускриптҳои қуръонии асри IX, миниатюраҳо, маснуоти заргарӣ, асбобҳои маишӣ, бофандагӣ ва санъати замонҳоест, ки Ӯзбекистонро ба сифати яке аз марказҳои зеҳнии ҷаҳон муаррифӣ мекунанд.
«Ин намоишгоҳҳо, ки бо ташаббуси шахсии Президенти Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, ҳодисаи муҳими сиёсӣ мебошанд, ки ба рӯҳбаландсозии насли нав нигаронида шудаанд. Чунин иқдоми амалӣ бобати бозгардонии меросамон метавонанд боиси ба миқёси бузургтар эҳё гардидани фарҳанг шаванд», гуфт директори Бунёди британиёии «Ал-Фурқон» Сали Шахсиворӣ.
Осоре, ки дар чорабиниҳо муарриф шуданд аз ҷониби Маркази тамаддуни исломӣ дар савдои хонаҳои машҳури музоядаи «Sotheby`s» ва «Christi`s» соли 2025-ум харид шуда буданд.
Намояндаи хонаи савдои «Sotheby`s» Бенедикт Картер таъкид кард: «Барои мо ҳамкорӣ бо Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон шарафи бузург аст. Мо барои он ки ба бозгардонии мероси қадима, ки барои таърихи Осиёи Марказӣ аҳамияти фавқулодда доранд, кумак мерасонем, хеле хурсандем».
Маркази тамаддуни исломӣ дар ҳудуди беш аз 10 гектар замини маркази Тошканд ҷойгир буда, майдони намоишгоҳии он зиёда аз 8000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ба сохтори марказ панҷ долони мавзӯӣ – «Толори Қуръон», «Мероси тоисломӣ», «Эҳёи Якум ва Дуюм», «Ӯзбекистони Нав» дохил мешаванд.
Алҳол Ӯзбекистон ба эҳё кардан ва ҳифз намудани ин мерос, аз ҷумла аз тарафи ташаббусҳое чун таъсис додани Маркази тамаддуни исломӣ дар Тошканд, ки ба наздикӣ ҳамчун минои дониш ва мулоқоти байнидинӣ дарҳои худро боз мекунад, саъю кӯшиши бузург менамояд. Ин саъю кӯшиши нави кишвари моро барои дарк намудан ва ошкоро паҳн кардани махсусияти таърихии худ ифода менамояд», таъкид кард сафири Ӯзбекистон Равшан Усмонов.
Намоишгоҳҳо дар Лондон нафақат воқеаи муҳими фарҳангӣ, балки боз ҳуҷҷати барқарор гардидани адолати таърихӣ шуданд. Осори атиқаи пешниҳодшуда нақши махсуси таърихии Ӯзбекистонро ҳамчун маркази зеҳнии олами ислом тасдиқ мекунад ва қадами навбатии Ӯзбекистони Нав бобати ҳифз кардан, омӯхтан ва оммавӣ гардондани мероси фарҳангиву таърихии Ӯзбекистон аст.
АИ «Дунё»,
шаҳри Лондон.