Дар Тошлоқ Шаҳраки IT кушода шуд

Дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Янгиюли ноҳияи Тошлоқ шаҳраки IT арзи вуҷуд намуд.

Маросими кушодашавии он бо ширкати ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров, вазири технологияҳои рақамӣ Шерзод Шерматов, роҳбарони идораҳои давлатӣ, мутахассисони соҳа ва мардуми зиёд ба вуқӯъ пайваст.

Шаҳраки IT дар маркази нави дорои инфрасохтори замонавӣ воқеъ гаштааст, ки барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ пешбинӣ шудааст. Ин маросим бо буридани лентаи рамзӣ оғоз ёфт. Иштирокчиёни он бо шароитҳои шаҳраки IT шинос шуданд.

Ҳокими вилоят дар бораи рушди технологияи рақамӣ дар кишвари мо ва имкони фароҳам овардани шароит барои ҷавонон ҳарф зад.

Шаҳраки IT дорои 200 ҷой мебошад ва ҳудуди 1 ҳазору 500 нафар ҷавонон дар бахшҳои мувофиқ, аз қабили барномасозӣ, зеҳни сунъӣ, киберамният, хадамоти рақамӣ, техникаи роботӣ ва забонҳои хориҷӣ таҳсил хоҳанд кард.

Сохтмони марказ 5,4 миллиард сӯмро тақозо намуд. Дар баробари ин, бо иқдоми ҳокимияти ноҳия низ аз контейнерҳо ба маблағи 200 миллион сӯм бинои беназире сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Баромадкунандагон ба он нукта таваҷҷӯҳи иштирокчиёни маросимро ҷалб намуданд, ки имрӯзҳо дар мамлакати мо барои азхуд кардани касбу хунари замонавӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ аз ҳамин шумор мебошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки шумораи чунин марказҳои иттилоотӣ дар ҳар як минтақаи вилоят зиёд карда шуда, ҷавонон ҳарчи бештар ба он ҷалб карда шаванд.

Ногуфта намонад, ки соли 2024 ҳаҷми хидматрасонии иттилоотӣ дар вилоят ба 587 миллиард сӯм расидааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 115 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми хизматрасонии барномаи ҳисоббарорӣ 104 миллиард сӯмро ташкил додааст ва то ба 99,7 фоиз афзудааст. Шумораи резидентҳои IT Park аз 80 нафар ба 106 нафар ва шумораи ҷойҳои корӣ аз 797 то 1 ҳазору 397 нафар зиёд шудааст.

Дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Як миллион барномасоз» то кунун ҳудуди 28 ҳазор ҷавон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ таҳсил кардаанд. Дар миёни онҳо мутахассисоне ҳастанд, ки бо ширкатҳои пешрафтаи IT дар ҷаҳон ҳамкорӣ доранд.

Шерзод Шерматов гуфт, ки имрӯз талабот ба кадрҳои дорои технологияҳои иттилоотӣ афзоиш ёфтааст. Ба таъкиди ӯ, маркази нав дар ин самт нақши муҳим хоҳад бозид.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: