МАКТУБҲОИ УСТОД АЙНӢ ХУД ЯК МАКТАБАНД

(Андешаҳо баъди мутолиаи «Мактубҳо»-и Садриддин Айнӣ)

Ба муносибати  иштирок дар конференсияи байналмилалии «Солонаи Айнӣ», ки 24 апрели соли 2025 бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон   дар шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваст ва баъди баромади камина  дар ин анҷумани пуршукӯҳи илмӣ дар мавзӯи «Садриддин Айнӣ ва ҷадидони Самарқанд», директори Институти  забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Фарангис Шарифзода ва  ходими илмӣ Анзурати Маликзод ба ман як даста китобҳои тозанашр тақдим намуд, ки байни онҳо «Садриддин Айнӣ. Мактубҳо» (нашри дувум бо тасҳеҳ, такмил ва иловаҳо, Душанбе, «Меҳроҷ граф», 2024) ном китоби бузурге, ки аз 720 саҳифа иборат мебошад, низ ҳаст.                                                                                                                                            Китобро кормандони илмии институти номбурда Анзурати Маликзод ва Гулбаҳор Усмонова дар асоси маводи бойгонии Осорхонаи адабии Устод Айнӣ, бойгонии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, маҷаллаву рӯзномаҳои дар солҳои гуногун ба нашр расида, маҷмӯаву ёддоштҳо,  китобҳои адибону олимон ва шогирдону ҳамнаслони эшон ба шакли нисбатан комил мураттаб намуда, пешкаши хонанда гардонидаанд.

Китоб бо «Устод Айнӣ ва номаҳои ӯ» – пешгуфтори муфассали Анзурати Маликзод оғоз гардида, дар он оиди мавқеи номанигорӣ дар ҳаёти Айнӣ маълумот дода мешавад.  Сипас бо номи «Муншии сарнавиштсози тоҷикон» (муқаддимае ба нашри дуюми «Мактубҳо») низ навиштаҳои ин муаллиф оварда шудааст.

Аз ин навиштаҳо бармеояд, ки Садриддин Айнӣ баробари  адиби пурбор, олими нуктасанҷу мӯшикоф, устоди адибону олимони хурду калон будан, дар номанигорӣ низ маъруфу машҳур будааст.

Мураттибони китоб  оиди равиши кор дар таҳияи  мукотиботи  Айнӣ маълумот дода, манбаъҳоро, ки дар бунёди китоб хидмат кардаанд, хотирнишон карда, хислатҳои хоси Айниро дар номанигорӣ, аз ҷумла дар поёни ҳар як мактуб  сана ва ҷойи таълифи онро нишон додани ӯро қайд мекунанд.

Баъд маҷмӯаи мактубҳои Устод Айнӣ (дар бисёр маврид бо ҷавобҳояшон) ба тарзи хронологӣ  ҷой дода шудааст.

Мураттибон оиди  аз кадом манбаъ будани ҳар як мактуб, тафовут дар нашрҳои пешинаи   баъзе мактубҳо низ маълумот додаанд, ки ин аз маҳорати  мутахассиси манбаъшинос будани онҳо дарак медиҳад. Инчунин дар бисёр маврид маълумот дар бораи соҳибони мактуб дар поварақи саҳифаҳо  низ ба назар  мерасанд.

Бояд гуфт, ки гарчанд   аксар мактубҳои Айнӣ  аҳамияти  хусусияти ҳасбиҳолӣ ва таърихӣ доранд, бештарини онҳо хусусияти таълимӣ-тарбиявӣ низ дошта,  ҳар яке аз чунин мактубҳо як дарси хосаи мактаби эҷодӣ,  дарси мактаби ҳаёт  ба шумор  мераванд.

Гарчи  Устод Айнӣ  пештар ҳам ба унвони дӯстонаш  нома навиштааст, лекин онҳо дар бойгониҳо маҳфуз намондаанд ва ё бо вуҷуди  ҷустуҷӯйҳо ва муроҷиати мураттибон ба манбаъҳо, бойгониҳо мактубҳои то соли 1911 ва ҳатто чанд соли баъди он   навиштаи устод ба даст надаромадааст.

Аз ҷумла, ба мо дар ҷараёни таҳия намудани китобе  дар бораи ҳаёт ва фаъолияти яке аз маърифатпарвар-ҷадидони маъруфи Самарқанд Исматулло Раҳматуллозода дар асоси манбаъҳо назаррас шуданд, ки Айнӣ бо ҳаммаслакаш Мунзим ҳанӯз дар  солҳои аввали асри ХХ дар Самарқанд аз ҷониби маърифатпарвар Абдулқодир Шакурӣ ва шогирди ӯ Исматулло Раҳматуллозода кушода шудани  мактабҳои нав хабардор шуда,  барои  шинос шудан бо фаъолияти  ин мактабҳо ба Самарқанд омада будааст. Гумон меравад, ки Айнӣ пеш аз омадан ба Самарқанд бо ин маърифатпарварон  дар мукотиба будааст.

Баъди бори аввал ба Самарқанд омада тавассути Шакурӣ ва Исматулло Раҳматуллозода бо сарвари ҷадидони давр Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ шинос шудани  Айнӣ низ мукотиба бо маорифпарварони Самарқанд бардавом будааст. Ниҳоят,  баъди зарбаи 75 чӯби амири Бухоро ба Самарқанд омада, дар хонаи Исматулло Раҳматуллозода се сол  зиндагӣ карда, шифо ёфтани Айнӣ муроҷиатномаи ба раиси шаҳри Самарқанд оиди ба шаҳрвандии Самарқанд қабул кардани Айнӣ  низ аз чунин мактубҳое мебошанд, ки аз назари  мураттибон дур мондааст. Ва  дар бисёр маъхазҳо  қайд нашудани он низ сабабҳо доранд.

Инчунин дар ҷараёни кор дар матбуоти  ибтидои солҳои 20 ва Нашриёти давлатии Тоҷикистон, ки дар ибтидо дар Самарқанд фаъолият дошт, Садриддин Айнӣ, албатта бо Ҳоҷӣ Муин, Саидризо Ализода, Мирзо Қӯқанбой Абдухолиқзода ва дигар  адибон ва ноширони ин давр мукотибаҳо доштанаш аз эҳтимол холӣ нест...

Айнӣ дар навиштани  мактуб хеле пухтакор буда, дар ҳар ҷавоб  аввал ба кӣ будани мактубро бо ибораи  «Рафиқи мӯҳтарам...» сар карда, кай  навишта шудан ва  кай ба унвони ӯ омадани мактуб ва сабабҳои  дер навишта шудани  ҷавобро таъкид мекунад.   Дар поёни мактуб албатта сана ва адреси мукаммали  муаллифи мактуб нишон дода шудаанд. Аксар мактубҳои Айнӣ  аз Самарқанд навишта шуда, ба унвони ӯ низ ба Самарқанд омадаанд.

Айнӣ дар мактубҳояш оиди вазъи обу ҳавои Самарқанд ва  сиҳатии худ маълумот дода, дар бораи аҳли хонавода (махсусан ба Лоҳутӣ) хабар медиҳад. Ҳамчун додару бародар будани онҳо дар мактубҳояшон низ  ишора шудааст.

Лекин ҳоло мо  асосан дар бораи махсусияти  мактаби тарбияи эҷодӣ доштани мактубҳои Устод Айнӣ сухан ронданӣ ҳастем, ки чунин хусусият доштани бисёр мактубҳо ҳанӯз аз мактуби нахустине, ки дар ин китоб оварда шудааст ва  он  дар соли 1911 ба номи Олимҷон Идрисӣ навишта шудааст, ба назар мерасад. Дар ин мактуб дар бораи шоири мумтоз Мирзо Абдулқодири Бедил маълумоти мухтасар дода,  мундариҷаи  куллиёти  ӯро, ки аз дувоздаҳ қисм  иборат аст, номнавис кардааст. Аз худи ҳамин як номаи  мухтасар ҳам маълум мешавад, ки устод Айнӣ ҳанӯз ҳамон вақт ба адабиёти гузаштаи мо чӣ андоза ҳавас ва ба омӯхтани он  таваҷҷуҳ доштааст.

Ҳамин гуна хислати ӯ дар мактубҳои ба унвони Абдулғанӣ Мирзоев дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти адибони  классик, аз қабили Сайидои Насафӣ, Мулҳами Бухороӣ навиштаи устод низ  равшан ба назар мерасанд.

Устод Айниро ҳамчун донандаи таърихи диёр, забоншинос, маърифатпарвар-педагог, устоди адибони  ҷавон низ талқин кардаанд, ки ин хислатҳои ӯ дар мактубҳояш низ равшан ба назар мерасанд.

Аз ҷумла, дар мактубҳои ба  унвони Бобоҷон Ғафуров, Абдулғанӣ Мирзоев, Нарзиқулов, Юлдошев, Муҳамадҷон Шукуров ва дигарон навиштаи ӯ  донандаи хуби таърихи халқи тоҷик ва мардуми Осиёи Миёна будани Айнӣ мушоҳида мешаванд.

Олими самарқандӣ Абдукарим Ғаниев  дар бораи фаъолияти педагогии  Айнӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, аз нахустин омӯзгорони мактабҳои  аввалини даврони шӯравӣ будани Айниро таъкид кардааст. Дар мактаби маҳаллаи Қӯшҳавзи шаҳри Самарқанд, ки  аз ҷониби Исматулло Раҳматуллозода кушода шуда буд, аз Устод Айнӣ таълим гирифтанашро яке аз шогирдони ӯ Раҳим Ҳошим низ  эътироф намудааст.

Маълум аст, ки устод Айнӣ донандаи қомусии забони тоҷикӣ низ буда, як луғати тафсирӣ  навиштааст. Баробари ҳамин дар таҳрири луғатҳои тафсирӣ  ва дузабона низ фаъолона иштирок намудааст. Ин маънӣ дар мактуби ба номи  Нисормуҳаммад ва Ҷабборӣ дар таърихи  20  феврали соли 1931 навиштаи  устод низ ба назар мерасанд. 

Дар мактубҳои ба унвони  мудирон ва кормандони нашриётҳо навиштаи устод низ  баъзан дар як-ду ҷумла хусусиятҳои   устодии Айнӣ дар  таҳрири забонӣ ва бадеии осори тарҷума  ва асарҳои тозаэҷоди адибон  равшан мушоҳида мешаванд.

Чунончи, дар мактуб ба унвони  Нашриёти давлатии Тоҷикистон (10 декабри соли 1928) ин хислати Айнӣ равшан ба назар мерасад:

«... Низомномаи маъракаи пулро, ки аз тарафи рафиқ  Қӯқанбой  Абдулхолиқзода аз русӣ тарҷума карда шуда буд, дида таҳрир карда баромадам. Ба сабаби ёфт нашудани баъзе истилоҳҳои  молӣ ва саноатӣ забонаш он қадар авомфаҳм нашуда бошад ҳам, барои истифода намудани мутахассисони молия ва ҳисобот басанда аст. Азбаски ҷойҳои  муғлақаш бо эзоҳоти тарҷумакунанда кор карда шуд,  ба аслаш мувофиқ аст гуфта, қаноат дорам. Айнӣ» (саҳифаи 29).

Хидмати «Мактубҳо» дар муайян намудани мавқеи Устод Айнӣ дар тасвири  воқеаҳои таърихӣ  ва сарнавишти худи устод аз тамоми асарҳои таърихии ӯ ва махсусан  «Ёддоштҳо»-и безаволи ӯ кам нестанд.

Дар бораи мактубҳои тарафайни Айнӣ ва Лоҳутӣ  гарчи пештар аз ҷониби донишмандон фикру мулоҳизаҳои дақиқ гуфта шудаанд, лекин ба онҳо  илова карда гуфтан мумкин аст, ки худи ҳамин мактубҳои ду устоди бузурги адабиёти тоҷик на танҳо барои  адибону адабиётшиносон, балки барои тамоми аҳли фарҳанг, таърихчиён низ ҳамчун як  дастури муҳим хизмат менамоянд.

Таҳиягари китоб  ва муаллифи пешгуфтор, донишманди умедбахш Анзурати Маликзод дар асоси  номаҳои  Айнӣ ба чӣ андоза  мӯшикофона назар кардани устод ба таърихи  халқи тоҷик ва пос доштани онро муайян карда, барои ҳифзи ҳақиқати таърихӣ  эътибор додани донишмандони ғайритоҷикро  дар мисоли баромади Фрейман ба олимон маслиҳатҳои муфид  додани Айниро дар номаи аз таърихи  29 апрели соли 1949   ба номи  Мирсаид Миршакар навиштааш чунин баррасӣ менамояд:

«...Масъалае, ки  ман арз кардан мехоҳам, масъалаи зерин аст:  назар ба мактуби писарам дар Ленинград дар 22 апрел барои муайян кардани илми шарқшиносии советии ленинӣ-истолинӣ маҷлиси Академияи фанҳо  шудааст, ки дар он маҷлис дар мавзӯи таърихи адабиёт ва санъати тоҷик пруфесур Фрейман баромад кардааст.  Ӯ дар ин мавзӯъ якуним соат гап задааст. Ӯ сухани худро аз Авасто сар карда, намунаҳои назмҳо ва насрҳо оварда, онҳоро бо асарҳои Фирдавсӣ муқоиса кардааст ва ҳам онҳоро бо намунаҳои шеърҳои халқии тоҷик андоза карда, нишон додааст ва исбот намудааст, ки ҳамаи онҳо аз они халқи тоҷик аст.  Инчунин дар бораи забон ва осори суғдӣ муфассал гап задааст ва инчунин дар бораи осор ва адибони қадими Хоразм гап зада, гуфтааст, ки ҳоло баъзеҳо мехоҳанд осори Хоразми қадимро аз они ӯзбекон кунанд, аммо дар ҳақиқат, ҳамаи онҳо моли тоҷикон аст.

Писарам баъд аз нақли ин воқеа аз ман илтимос намудааст, ки  ман ба  пруфесур Фрейман мактуб навишта, аз вай илтимос намоям, ки ба асоси ин маърӯзаи худ мақолае навишта диҳад, ки дар Тоҷикистон чоп шавад.

Аммо  ман ин корро  муносиб надидам. Бояд ин корро ташкилотҳои илмӣ-адабии Тоҷикистон кунанд.  Ба фикри ман Союзи нависандагони Тоҷикистон ё Филиоли  Тоҷикистон ва ё ҳардушон аз пруфесури мазкур илтимос намояд, ки ба асоси он маърӯзаи худ мақолаи муфассале навишта диҳад, то ки ба муносибати Декадаи адабиёти тоҷик ва 20-солагии Тоҷикистон аз тарафи Тоҷикистон ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба забони тоҷикӣ чоп карда шавад. Дар  сурате ки ҳамсоягони мо ба Боровков ва Толстов муносибати сахт нигоҳ медоранд, ки онҳо ба таърихи инҳо ёрӣ диҳанд, мо чаро олимони холисро, ки ба тарзи ихтиёрӣ дар таърихи мо кор карда истодаанд, ба худ накашем? Дар ҳақиқат Фрейман ягона олими тоҷикшинос аст, ки танҳо ба илм – ба ҳақиқат дода шудааст...» (саҳифаи 7).

Бисёр мактубҳои Устод Айнӣ ба унвони  адибон-ҳамзамонон ва шогирдонаш навишта шудаанд, ки дар онҳо барҳақ устоди адибон ва пажӯҳишгарони  илми адаб будани Устод Айнӣ зуҳур ёфтааст.  Қисми асосии чунин мактубҳо ба унвони Абулқосим Лоҳутӣ  навишта шудааст.

Аз 316  мактубе, ки дар ин китоб ҷамъоварӣ шудааст,  қисми асосии онҳо ба  масъалаҳои эҷоди бадеӣ, забон ва адабиёти мумтозу муосири тоҷик, маслиҳатҳо ба эҷодкоронро ташкил менамоянд. Аз ҷумла,  қариб 50 мактуб ба унвони Абулқосим Лоҳутӣ навишта шуда, қариб  ҳамин адад нома аз Лоҳутӣ ба устод ирсол шудааст.

Инчунин номаҳои зиёд ба номи Абдусалом Деҳотӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Фотеҳ Ниёзӣ, Расул Ҳодизода, Самад Ғанӣ, Тоҷӣ Усмон, Ҳабиб Аҳрорӣ ва  мудирони нашриёт, мутасаддиёни нашр ва ғайра  навишта шудаанд.  Дар аксари ин номаҳо сухан аз таълифи китоб, таҳриру такмили нашри онҳо меравад.

Ҳамаи ин  на танҳо ҳамчун адиб ва адабиётшинос, балки ҳамчун муҳаррири нуктасанҷ, ношири мӯшикоф,  корманди тезкору ҳозирҷавоб  будани  Устод Айнӣ дарак медиҳанд.

Устод Айнӣ   дар мутолиаи  асарҳои адибони дигар ҳамчун  як  хонандаи одӣ ва ё бетафовут нест.  Ӯ ҳам муаллим, ҳам устод, ҳам маслиҳатчӣ, ҳам муҳаррир, ҳам тақриздиҳанда, ҳам  ношир  аст.  

Замони зиндагии  устод ба як давраи барҷастаи қомусии халқи тоҷик рост меояд ва  устод низ ҳамчун қомуси зиндаи давр ба шумор меравад, ки инро мо на танҳо дар асарҳои бадеӣ, илмӣ ва оммавии худи ӯ дарк мекунем, балки ин масъала дар асоси мактубҳои ӯ низ возеҳу равшан ба назар мерасанд. Аз ҷумла, дар чандин мактуби устод сухан дар бораи  луғат, махсусан  луғати нимтафсирии худи  Айнӣ ва  луғати русӣ ва тоҷикӣ меравад. Мукотибаи ӯ доир ба  луғат баъзан бо эзоҳи як вожа дар чанд сатр ва ҳатто саҳифа сурат гирифтаанд. Муносибати ӯ  ба андешаҳои донишмандони соҳаи забон, суханварон-тарҷумонҳо дар бораи  бо забони халқ наздик кардани вожаҳо, дар ҷараёни тарҷума низ истифода бурдан аз вожаҳои ба забони халқҳои дигар  тааллуқдошта, калимаҳои русӣ-интернатсионалӣ ва ғайра  ҷолиби диққатанд.

Дар луғати соли 1938 тартибдодаи  Айнӣ 11400 луғат ҷойгир буда,  50 фоизаш аз  луғатҳои пешина ва 50 фоизаш аз халқ гирифта шудааст.

Мулоҳизаҳои устод оиди луғати дузабонаи русӣ-тоҷикӣ (саҳ 198-199),  мактуби дуру дарози ӯ ба Деҳотӣ  оиди луғат (саҳифаҳои 257-270) низ ҷолиби таваҷҷуҳанд. Ин ҳама низ  як дарси бузург дар мактаби забоншиносӣ мебошад.

Муносибати Садриддин Айнӣ  доир ба забони русӣ ва омӯхтани он низ  ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Ин масъала ба навиштаҳои  Беҳбудӣ нисбат ба омӯхтани  забонҳои  форсӣ-тоҷикӣ, туркӣ,  русӣ ва арабӣ барои мардуми Туркистон то андозае наздик ва ҳатто  ҷавоби амалии он дар мисоли  таҳсили фарзандони худаш Камол, Холида ва Лутфия дар мактабҳои русӣ, инчунин   навиштани адрес ба рӯйи конверт баёни худро ёфтаанд.

Устод Айнӣ барои  тоҷик хеле хуб донистани таърихи халқи истифодаи манбаъҳои таърихӣ муроҷиат карданро мефармояд. Аз ҷумла ӯ  дар як мактуби худ (ба унвони кӣ навишта шуданаш номаълум) навиштааст:

«Аз рӯйи шунидам, аз Берунӣ  на танҳо дар бораи Хоразмшоҳиён, балки дар дигар масъалаҳо ҳам ҷавоб ёфтан мумкин аст. Дар ин ҷо ҳаминро ҳам қайд карда гузаштан лозим аст, ки  барои  мукаммал кор кардани масъалаҳои таърихи тоҷикон  Байҳақӣ,  «Матлаъ-ул-саъдайн»-и Абдураззоқи Самарқандӣ, «Ҷаҳонкушо»-и Ҳофизи Абрӯ, «Тоҷут-таворих», «Равзат-ус-сафо», «Ҳабиб-ус-сияр» ва ҳамаи таърихҳои Шарқро хонда баромадан ва аз онҳо чизҳои даркориро қайд карда гирифтан даркор аст». (Саҳ. 350-355).

Дар бораи Рӯдакӣ ва  қабри ӯ дар асоси манбаъҳо маълумоти аниқ пайдо кардани устод низ ҷолиби диққат аст. 

Мулоҳизаҳои устод Айнӣ  доир ба тоҷикон дар  мактубаш ба номи  писараш Камол  аз таърихи 19 марти соли 1949 низ  возеҳу равшан баён ёфтааст:

«Эҳтимол  ту таърихи  термини «форс-тоҷик» ва «тоҷик-форс»-ро  надонӣ.  Вақте ки ман «Намунаи адабиёт» (дар алифбои араб, чопи Москва, соли 1926)-ро навишта баровардам,  ҳамаи шарқшиносҳо ба ман муқобил баромаданд ва онҳо «забони адабӣ доштани  халқи тоҷик»-ро инкор карданд. Ва ҳамаи гузаштагони моро, ҳарчанд дар Мовароуннаҳр расида бошанд ҳам, ба монуполияи Эрон додан хостанд. Ин аз як тараф, ба ҳақиқати таърихӣ мухолиф бошад,  аз тарафи дигар, ба сиёсати партия мухолиф буд. Чунки дар ҳамон вақтҳо тақсими ҳудудии миллатҳои Осиёи Миёна шуда, аз тарафи партия тоҷикон ҳам ба сифати  як миллати мустақил шинохта шуда буданд. Аз ин хатои шарқшиносон пантуркистҳо истифода бурда, будани тоҷикҳоро дар Осиёи Миёна инкор карданд ва «тоҷикон ӯзбеконанд, ки бо таъсири эрониён забони худро гум кардаанд» гуфтанд. (Ман ба ин маънӣ дар сарсухани «Намунаи адабиёт»-и  худ ишора кардаам)». (Саҳ.  464).

Дар ҷавоб ба мактуби Юлдошев ном шахсе (мутаассифона кӣ будани ӯро муайян карда натавонистам – А.Қ), ки дар бораи рӯйхати одамони бузурги тоҷикон муроҷиат кардааст, навиштаи Айнӣ  бо вуҷуди донишманди таърих будан устод  ба ин масъала эҳтиёткорона рафтор карда, ба Бобоҷон Ғафуров ва ба воситаи ӯ  ба Маскав   маълум кардани онро мефармояд:

«Фикри шахсии ман дар иловаҳои шумо ба тарзи эҷодист, аммо дар бораи баъзе касоне, ки мумкин аст бар болои онҳо дар байни халқи тоҷик ва  ӯзбек низоъ барояд, эҳтиёт кардан ва дар ин хусус ба ҷамъиятҳои илмии марказӣ – Москва созиш кардан лозим аст, чунончи Абӯрайҳони Берунӣ ва Алхоразмӣ ҳарчанд шахсан худам ба тоҷик ва яке аз гузаштагони халқи тоҷик будани Алберунӣ шак надорам, дар бораи  ин кас бо ташкилоти партия ва бо рафиқ Ғафуров созиш карданро лозим медонам. Чунки ин одам дар  рӯйхати мо дарояд ва ӯзбекҳо  ҳам ҳамин одамро ба рӯйхати худ дароранд, сабаби низоъ мешавад. Бинобар ин масъаларо пешакӣ ҳал кардан лозим аст». (Саҳ. 566).

Хидмати Айнӣ  барои  тайёрӣ ва  гузаронидани ҷашни 500-солагии зодрӯзи  адиби зуллисонайн, асосгузори адабиёти мумтози ӯзбек Мир Алишер Навоӣ низ ҷолиби таваҷҷуҳ аст.  Дар асоси номаҳои устод маълум мешавад, ки ӯ ба муносибати  ин ҷашн на танҳо  осори форсӣ-тоҷикии Алишер Навоӣ  «Девони Фонӣ»-ро таърифу тадқиқ кардааст, балки мухтасари «Хамса»-и ӯро ба забони ӯзбекӣ низ ба нашр тайёр карда будааст.   Барои ин хидматҳояш Устод Айнӣ  бе ҳимояи диссертатсия ба гирифтани дараҷаи илмии доктори фанҳои филологӣ муваффақ шудааст. Ин эҳтиром ва баҳои сазовор ба илм бе ҳеҷ бюрократию коғазбозиҳои беҳуда дар замони шӯравӣ!

Маслиҳат ба Деҳотӣ оиди баланд бардоштани дониши олӣ низ бо овардани як ҳикмати халқӣ дар мактуби  ба номи ӯ  навиштааш хеле устодона баён ёфтааст:

«... Дар шумо ҳамаи маълумот тайёр аст, фақат расман  прагромаро гузаронидан зарур аст. Ман ин маслиҳатро ба шеъри машҳури  «Ҳар кас, ки бидонад ва надонад, ки бидонад. Огоҳ кунедаш, ки дар ин варта намонад!» амал карда медиҳам. (Саҳ.415). Пас дар бораи боло бардоштани  маълумоти олӣ боз чӣ гуна маслиҳат лозим аст?»  

Садриддин Айнӣ  дар масъалаи  танқиди адабӣ зарур будани ҳаққоният, дониш ва ҳалолкориро талаб мекунад.  Дар ин бобат аз мулоҳизаҳои фалсафии Бектош розӣ набуданашро изҳор мекунад (саҳ.46-47).

Дар баъзе мактубҳои устод  оиди маҳорати шоирӣ ва  мухаммас навиштани худаш бар ғазалҳои шоирони классик ҳамчун Камоли Хуҷандӣ, Соиби Табрезӣ ва  ғайра низ ба тариқи мисол оварда шудааст.

Устод Айнӣ ҳамчун педагог-маърифатпарвар барномаҳои таълими адабиётро низ пухта таҳрир карда, эътибор додан ба кадом адибони классику эҷоди кадом адибони муосирро таъкид кардааст (саҳ. 259).

Мулоҳизаҳо оид ба танқиди адабӣ ва  нашри асарҳо баъди аз назари  мунаққидон гузаштани асари бадеӣ ва ин маслиҳати ӯ дар мактуб ба  номи Ҷалол Икромӣ дар бораи хотира барои ҳар кас, махсусан шахси эҷодкор, дар рӯзҳои мо низ бағоят зарур аст:

«Барои ҳар нависанда аз ҳар чиз бештар хотираи устувор лозим аст, агар хотира заиф бошад, бо идмон – варзиш хотираро сахт кардан душвор аст. То сахт шудани хотира ҳар чизро аз қайдҳои муайяни яқинӣ (на гумонӣ) навиштан лозим аст.  Агар нависанда фаромӯшхотир бошад  ва ба замми ин ҳар чизро аз ёд нависад, ба хатоҳои  бисёр калон меафтад, ки яке аз ин хатоҳо зиддияти аҳлият дар навиштаҳои вай. Ин алифбои нависандагист. Нависанда бояд чунон диққат кунад, ки дар кадом саҳифа чӣ навиштанашро (албатта на бо таъбир, балки мазмунан) донад  ва аз ёд бехато гуфта дода тавонад. Манбаи бисёр хатоҳои нависандагони  ҷавон дар хотирпарешонӣ, фаромӯшхотирӣ ва дар бедиққатист» (саҳ. 556).

Оё худи ҳамин  гуфтаҳои устод як дарси адабӣ барои адибон нест магар?

Ду мактуби кушоди устод – яке  ба нависандаи ҷавон Пӯлод Толис (саҳ. 421),  дигаре ба забоншинос Тоҷиев (саҳ. 568) низ ҳар кадоме як дарси таълим ба эҷодкорон ва  пажӯҳишгарон аст, ки  ин мактубҳо дар вақташ дар матбуот нашр шуда, ҳамчун  дарси мактаби эҷодӣ пазируфта шудаанд.

Мулоҳизаҳои устод дар бораи тарбияи фарзанд  дар мактубҳои ба номи  Абдулазиз Муҳаммадалиев  ҷавобан ба номаҳои ӯ навиштааш низ   хеле ҷолиби диққатанд (саҳ. 434-435).

Мураттибон дар ҳарҷо-ҳарҷо  нусхаҳоро аз саҳифаҳои мактубҳо ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Мирзо Турсунзода, Камол Айнӣ ва  дигарон додаанд, ки дар онҳо ҳусни хат ва навишти равони устод равшан ба назар мерасанд.

Устод Айнӣ  дар масъалаи нашри асарҳои худ низ пухтакор ва бештар онҳоро  дар асоси шартнома навишта, қисме аз ҳаққи қаламро пешакӣ аз нашриёт мегирад. Давлат ҳам ба нашриётҳо ва ҳатто идораи журналҳо бо нависандагон шартнома кардан имконият додааст.

Имрӯз адибон ва олимон асарҳои бо заҳмати зиёд навишташонро бо пули   худ (агар имконият бошад) нашр  намуда, худашон мефурӯшанд. Дар натиҷа адади  китобнависон  аз ҳисоби пулдорон ҳамчун замбӯруғи баъди борон зиёд шуда, асарҳои хуби бо хуни дил навиштаи адибони камбизоат  солҳо нашр нашуда мемонад.

Устод Айнӣ барои худаш ду нусхагӣ ва  барои фарзандонаш, ки дар   Маскав ва Ленинград таҳсил менамоянд ба газета ва журналҳои Тоҷикистон обуна мешавад ва назорати  сари вақт дастрас шудани газета ва журналҳои тоҷикӣ ба Самарқанд  низ аз  назари ӯ дур набудаанд.  Ин мавзӯъ низ  дар чанд мактуби ба номи Ҷалол Икромӣ, Абдусалом Деҳотӣ, идораи «Союзпечат»  ва ғайра навиштаи ӯ баён ёфтааст,  ки ҳамаи  ин аз муносибати устод  нисбат ба матбуоти тоҷик дарак медиҳад.

Мулоҳизаҳои  устодона дар ҳар боб: нашри китоб, қоидаи шеър, ёддоштнависӣ, муносибатҳои миллӣ,  оиди  мавқеи адибон, шахсони таърихӣ, одамони  машҳур, тарбияи фарзанд, ғамхорӣ ба зану  фарзанд,  эҳтиёткорӣ,  муносибат ба матбуоти давр,  фаъолият ҳамчун депутат – арбоби  ҷамъиятӣ ва боз бисёр масъалаҳои ҳаётӣ ва иҷтимоӣ дар мактубҳои Айнӣ равшан ба назар мерасанд.

Дар китоб инчунин чанд мактуби тадқиқотчиён ба сифати муроҷиат ба тадқиқи осори  классикон ва  эҷодиёти худи Устод Айнӣ оварда шудааст. Аз ҷумла мактубҳои Муҳаммадҷон Шукуров, Расул Ҳодизода, Набиҷон  Раҳимов ва ғайраҳо.  Устод ба ин мактубҳо  ҷавобҳои мувофиқ дода, ба корҳои илмии онҳо роҳи сафед орзу мекунад. Дар оянда  ин  шогирдони устод низ соҳиби дараҷаҳои илмии баланд шуда, анъанаҳои устодро дар илми адабиётшиносӣ бо муваффақият давом  додаанд.  Расул Ҳодизода дар пайравии устод китобҳои хотиротии  «Самарқанднома» ва «Худои худро бишносем»-ро навиштааст.

Аз  гуфтаҳои болоӣ чунин бармеояд, ки Устод Айнӣ  тавассути мактубҳо низ қомусӣ будани худро нишон додааст.  Аз ин рӯ, мутолиаи мактубҳо аз ҳар ҷиҳат  саҳифаҳои дурахшони ҳаёти ӯро намудор менамояд ва  ҳар яки  онҳо барои насли имрӯзу фардо аз фоида  холӣ нест.

Ҳамин тавр, аз сар то охир мутолиа кардани ин китоб бори дигар моро водор намуд, ки ба бузургии устод аз ҳар ҷиҳат қоил монем.

Умуман ин китоб – маҷмӯаи мактубҳои Айнӣ – бори дигар аз донандаи хуби таърихи халқи тоҷик, ҳимоятгари забони ноби тоҷикӣ, бунёдгузори адабиёти навини тоҷик, пайвандгари  халқҳои тоҷик ва ӯзбек будани устод дарак медиҳанд.

Бинобар ин бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сазовор шудан ва  аз ҷониби Ҳукумати Ӯзбекистон бо ордени «Буюк хизматлари учун» мукофотонида шудани Устод Айнӣ низ арзандаи ин хизматҳои  бузурги ӯ мебошад.

Дар тарҷумаи ҳоли устод,  ки дар ин китоб  оварда шудааст,  соли таваллуди ӯ 1875  қайд шуда,  лекин дар ҳуҷҷатҳо 15 апрели соли 1878 рафтааст (саҳ. 54). Бинобар ин ҳар сол 15 апрел зодрӯзи Айнӣ ҳамчун як иди адабиёт ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар  Осорхонаи Устод Айнӣ дар Самарқанд аҳли илму адаб ва мухлисони эҷодиёташ ҷамъ омада,  поси хотири ӯро ба ҷо меоранд. Бо саъю эҳтимоми олимон ва адибони Самарқанд ба шарафи  зодрӯзи устод ҷашнвораҳои 100, 105, 110, 115, 120, 125, 130 , 140 ва 145-солагии  устод анҷуманҳои байналмилалии илмӣ ба вуқӯъ пайваста, дар он шарқшинос  ва адабиётшиносон аз кишварҳои гуногун иштирок кардаанд.

Мо ҳам корҳои илмии худро аз омӯхтани «Ёддоштҳо» ва анъанаи навиштани қиссаи тарҷумаиҳолӣ дар адабиёти халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон оғоз намуда, дар аксар анҷуманҳои Солонаи Айнӣ бо маърӯза ва гузоришҳо баромад кардаем. 

Хидмати таҳиякунандагони мактубҳо боз дар он аст, ки баробари нишон додани таърихи таълифи ҳар мактуб ва аз кадом манбаъ дастрас шудани онҳо, шахсоне, ки дар мактубҳо номбар шудаанд, инчунин баъзе калима ва истилоҳоте, ки барои хонанда норавшан аст, дар поварақ шарҳу эзоҳ дода шудааст. Ин кор низ аз заҳмати хосаи мураттибон дарак медиҳад.

Аслиддин ҚАМАРЗОДА,

Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон,

узви иттиҳодияҳои нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: