Дар корхонаи «Намакҳои минералии Мӯйноқ»-и ноҳияи Мӯйноқи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон моҳе 2,8-3 ҳазор тонна намак истеҳсол карда мешавад.
Дар корхонаи мазкур, ки аз соли 2019 фаъолияти мустақим дорад, технологияҳои замонавитарин гузошта шудаанд ва беш аз сад нафар кор мекунанд.
Маҳсулоти корхона ғайр аз бозори дохилӣ ба Гурҷистон, Афғонистон, Қазоқистон содир карда мешаванд. Ҳоли ҳозир дар ноҳияи Қунғирот корҳо бобати кушодани филиали корхонаи мазкур анҷом меёбанд.
Суратгир: М. Ҳабибуллоев (ӮзА).