Дар хоҷагии фермерии серсоҳаи «Турғунбой Ҷӯрабой Мунаввар»-и ноҳияи Чортоқи вилояти Намангон баробари парвариши пахта ва ғалла паррандапарварӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Алҳол дар хоҷагӣ 20 ҳазор чӯҷа парвариш карда мешавад. Маълум аст, ки чӯҷаҳо дар тӯли 40 рӯз расида, ба ҳисоби миёна 4,5-5 килограмм вазн пайдо мекунанд. Ҳоли ҳозир як килои ин маҳсулот дар бозорҳои маҳаллӣ 25 ҳазор сӯм баҳо дорад.
Роҳбари хоҷагии фермерӣ Ҳусанбой Усмонов мегӯяд, ки аз паррандапарварӣ соле 300-400 миллион сӯмина даромад ба даст меояд.
Суратгир: Ҳ. Мамадалиев (ӮзА).