Аз ҷумлаи аҳли дард

Симои ҳар як деҳа, ҳар як мавзеъро фарзандонаш машҳур месозанд. Ин нуктаро мо дар мисоли деҳаи хушманзараи Порашти кӯҳистони Нурато мушоҳида менамоем. Шоир Ҷонибеки Қувноқ номи онро вирди забонҳо карда буд. Ин анъанаро алҳол ҳамдеҳагони ӯ бародарон Қироншоҳ ва Раҳимшоҳ Шарифзода бомуваффақият идома медиҳанд.

Раҳимшоҳ Шарифзода соли 1960 дар деҳаи номбурдаи ноҳияи Фориши вилояти Самарқанд (ҳоло вилояти Ҷиззах) таваллуд шуд. Овони кӯдакиву наврасиро дар ҳамин деҳа гузаронид. Дар мактаби рақами 13-уми ба номи Рӯдакии зодгоҳаш таълиму тарбия  гирифт. Аз соли 1978 то соли 1980 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хидмат кард.

Соли 1981 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон супорида донишҷӯ шуд. Онро соли 1986 бомуваффақият хатм намуда, фаъолиятро дар мактаби рақами 8-уми ноҳияи Мирзочӯли вилояти Ҷиззах ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти рус оғоз намуд. Ҳоло рӯҳшиноси мактаби ҳамагонии рақами 7-уми ноҳияи Мирзочӯл аст.

Раҳимшоҳ Шарифзодаи омӯзгор фаъолияти серҷабҳа дорад. Ӯ омӯзгори эҷодкор аст, аз соли 1986 то имрӯз бо аксар рӯзномаву маҷаллаҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Нахустин мақолаи вай, ки «Хизмати хирсона» ном дошт, 1 марти соли 1988 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» чоп шудааст. Мақола дар рӯҳи танқидӣ навишта шуда, ноҷӯриҳои кори шуъбаи алоқаро баррасӣ мекард.

Раҳимшоҳ мақолаву гузоришоти худро ба чор забон менависад. Чунончи, навиштаҳояш: «... Аз баъди ҳазор сол меоям ман» («Овози тоҷик» аз 15 сентябри соли 2021), «Фахрий оила»  («Оила ва жамият» аз 12 августи соли 2006), «Ӯқувчилар тақдирланди»  («Нурли жол» аз 1 марти соли 2006), «В новых условиях» («Джизакская правда», аз 12 январи соли 2012) шаҳодати гуфтаҳои болоист. Бояд зикр кард, ки бисёр мақолаҳои Раҳимшоҳ дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Ҷумҳурият», «Ишонч», «Садои Сурхон», «Ҳуррият», «Мирзачӯл овози», «Соғлом авлод», «Миллий тикланиш», «Джизакская правда», «Китоб дунёси», «Ховар» ва ғайра ба чоп расидаанд.

Номбурда ба тарҷумаи бадеӣ низ сару кор дорад. Бештар ҳикояҳои нависандагони ӯзбек ва ҷаҳонро аз забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ  ба забони тоҷикӣ тарҷума мекунад. Аз ҷумла ҳикояҳои адибон Корней Паустовский,  Қӯчқор Норқобил, А. Чехов, Ӯткир Ҳошимов, Валерий Хромов, Габриэл Маркес, Х. Сафаровро тарҷума кардааст.

Тарҷумаҳояш дар маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» ва ҳафтавори «Адабиёт ва санъат»  низ борҳо ба чоп расидаанд.

Раҳимшоҳ суратгири моҳир ҳам ҳаст. Суратҳои ӯ борҳо дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ эълон шудаанд. Ӯ ҳамчун суратгир дар чандин озмунҳои сатҳи ҷумҳурӣ иштирок намуда, аз сафи ҷоизадорон ҷой гирифтааст. Соли 2022 шабакаи «Ёшлар»-и телевизиони ҷумҳуриявӣ озмуни суратҳоро эълон кард. Раҳимшоҳ дар он иштирок намуда, ба гирифтани ҷойи дуюм ноил гардид. «Табиат гӯзаллик келинчаги» ном фотолавҳааш дар маҷаллаи «Қонун ҳимоясида» (№ 12, соли 2002) чоп шуд.

Инсони худшиносу худогоҳ ва аз ҷумлаи аҳли дард аст Раҳимшоҳ. Дар байни намояндагони миллатҳои гуногун фаъолият бурдаву бо забони русӣ таълим гирифта, ба забони модариаш эҳтиром мегузорад. Ин амали Раҳимшоҳ бояд бисёриҳоро сабақ бошад, ки дар байни ҳамзабонони худ зиндагӣ кунанд ҳам, ба забони модарӣ равон ҳарф зада наметавонанд. Як нуктаи муҳимро бояд таъкид кард. Шояд ин дар ҷумҳурӣ танҳо хоси Раҳимшоҳ Шарифзода бошад. Ӯ аз соли 1987 то соли 2021 соле ба ду нусхаи солонаи «Овози тоҷик» обуна мешуд. Имрӯз бо заррабин ҳам ашхосеро, ки ақаллан ба семоҳаву шашмоҳаи «Овоз ...»-и садсолаи овозадор обуна шаванд, пайдо кардан мушкил аст.

— Пас аз соли 2021 ба рӯзномаи дӯстдоштаам мунтазам обуна мешавам. Рост, нархи обуна хеле боло рафтааст, вале он ягона рӯзномаи ҷумҳурӣ ба забони модарии мост. Дар ҳар ҳолат онро бояд дастгирӣ кунем, — мегӯяд Раҳимшоҳ.

«Таронаҳо ва андӯхтаҳо»-и мавсуф дар китоби «Меҳрнома. Баёзи эҷодкорони Ҷиззах ва Суғд», ки бахшида ба 30-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатии Ӯзбекистону Тоҷикистон чоп шудааст, ҷой доранд.

Чанд рӯз пеш бо Раҳимшоҳ дар шаҳри Ҷиззах вохӯрдем. Ӯ ҳамеша ёди зодгоҳ мекунад, зодгоҳе, ки бо амри тақдир аз он дур афтидааст. Бо мардуми сарбаланди он ҳамеша ифтихор дорад. Аз комёбиҳои ҳамдеҳагон мефахрад, аз нокомиҳо ғам мехӯрад, аз ҳар бурду бохти онҳо огоҳ мебошад.

Ғам мехӯрад, ки ҳамзабонон ба забони модарии худ бефарқ шудаанд. Ҳатто дар мавриди суханронии одӣ ба забони дигар ҳарф мезананд.

– Дигар он китобхониву рӯзномахониҳои солҳои пешин нест, – мегӯяд бо ҳасрат Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон Раҳимшоҳ Шарифзода.

Ӯ ба қарибӣ 65 сола мешавад. Ба ӯ умри бобаракат, дар фаъолияти эҷодиаш комёбиҳо таманно карда, ин байти Аллома Иқболро эҳдо мекунем:

Чу гавҳар дар оғӯши қулзум бизӣ,

Дурахшонтар аз моҳу анҷум бизӣ!

 

Ӯзбакбойи РАҲМОН,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: