Гармои шадид дар Испания: дар ду моҳ 1180 нафар ба ҳалокат расиданд

Ҳарорати баланди ду моҳи охир дар Испания сабаби марги 1180 нафар гардидааст. Чунин маълумотро Вазорати муҳити зисти кишвар пешниҳод намудааст.

Дар ин хусус агентии «Kazinform» хабар медиҳад.

Ба маълумоти манбаъҳои испанӣ, аксарияти фавтидагон нафарони аз 65-сола боло ва нисфи бештари онҳо занон будаанд. Минтақаҳои аз ҳама бештар зарардида Галисия, Ла-Риоха, Астурия ва Кантабрия мебошанд, ки дар қисми шимолии мамлакат воқеъ гардидаанд. Дар ин ҷойҳо ҳарорати пасти тобистона солҳои охир хеле баланд шудааст.

Ба мисли дигар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ Испания ҳафтаҳои охир ба гармои шадид дучор шуда, ҳарорати ҳаво аксаран аз 40 дараҷа (104 дараҷаи Фаренгейт) низ баландтар гардидааст.

Дар изҳороти вазорат бо истинод ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи тандурустии Карлос III омадааст, ки аз 16 май то 13 июли соли равон 1180 нафар бо сабабҳои алоқаманд ба гармии шадид фавтидаанд. Ин ҳолат дар ҳамин давраи соли 2024 114 нафарро ташкил медод.

Тибқи маълумот, дар давраи пешбининамудаи соли равон 76 огоҳии гармӣ дода шудааст, ҳол он ки як сол пеш ягон огоҳӣ ба қайд гирифта нашуда буд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: