Хазинаи мукофоташ аз 1 миллион лира иборат буда, аз 22 мамлакат беш аз ҳазор нафар шоҳмотбозон рақобат карданд. Дар он 13 узви дастаи мунтахабамон низ фаъол ширкат намуданд.
Шоҳмотбози ҷавон Муҳаммадзоҳид Суяров дар гурӯҳи «А» 6,5 хол ҷамъ оварда, мақоми сеюмро ба даст овард ва ба рейтинги худ 12 хол ҳамроҳ кард. Дар рақобати байни бонувон дар ҳамин гурӯҳ Гулдона Каримова ҷойи дувум ва Нилуфар Ёқуббоева мақоми сеюмро соҳиб шуданд.
ӮзА.