Дипломатҳои Сафорати Ӯзбекистон дар Вашингтон дар «мизи мудаввар»-и «Роҳбарони тиҷорати Ӯзбекистон», ки яке аз марказҳои пешбари ИМА дар соҳаи маорифи байналмилалӣ — «Шӯроҳои амрикоӣ» ташкил кардааст, иштирок намуданд.
Дар ин чорабинӣ кормандони Департаменти давлатӣ, намояндагони соҳаҳои тиҷорат, коршиносону доираҳои илмии ИМА ширкат варзиданд.
Барномаи «Роҳбарони тиҷорати Ӯзбекистон» як барномаи пурра маблағгузоришавандаи табодули таҷриба барои соҳибкорони ӯзбек буда, аз ҷониби «Шӯроҳои амрикоӣ» бо дастгирии Департаменти давлатии ИМА ва Сафорати ИМА дар Ӯзбекистон амалӣ мегардад.
Дар кори «мизи мудаввар» 14 нафар ғолибони озмуни соли 2025, ки дар доираи барномаи «Роҳбарони тиҷорати Ӯзбекистон» интихоб шудаанд, иштирок доштанд.
Дар чорабинӣ бо маърӯзаҳо президенти «Шӯ-роҳои амрикоӣ» Лиза Чоут, муовини ёвари котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои маориф ва фарҳанг Ребекка Пассини, сафири Ӯзбекистон Фурқат Сидиқов, директори Маркази миллии рушди захираҳо Ҷо Капп, директори иҷроияи Палатаи тиҷорати Амрикою Ӯзбекистон Елена Сон ва директори Корпоратсияи байналмилалии рушди молиявӣ Тара Блейк баромад карданд.
Дар доираи «мизи мудаввар» ду бахш баргузор гардид. Дар бахши аввал марҳилаҳои рушди муносибатҳои иқтисодии байни Ӯзбекистон ва ИМА, татбиқи барномаҳои табодули соҳибкорӣ ва ташаббусҳое, ки ба афзоиши савдои мутақобила асос ёфтаанд, баррасӣ шуданд. Бахши дуюм ба муҳокимаи пешниҳодҳо ва ташаббусҳои иштирокчиён ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бахшида шуда буд.
Президенти «Шӯроҳои амрикоӣ» Лиза Чоут таъкид намуд, ки дар чанд соли охир бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон дар кишвар имкониятҳои васеъ ва шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ ва тиҷорат фароҳам оварда шудаанд.
«Мо хеле мутаассир шудем, ки дар Ӯзбекистон зиёда аз ду ҳазор соҳибкори боистеъдод ва пешсаф мавҷуданд, ки ба забони англисӣ ҳарф мезананд ва аллакай тиҷорати худро роҳандозӣ кардаанд. Мехоҳам таъкид намоям, ки ҳамаи ин натиҷаи заҳмати Президенти кишвари шумост», — изҳор намуд ӯ.
Қайд гардид, ки шароити анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ — ба туфайли имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, афзоиши маблағгузорӣ ва сармоягузорӣ, ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон, бунёди инфрасохтори нав ва рақамисозии хидматрасониҳои давлатӣ ба таври назаррас беҳтар шудааст.
Муовини ёвари котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои маориф ва фарҳанг Ребекка Пассини зикр намуд, ки маориф яке аз соҳаҳои муҳимтарини ҳамкории байни ду кишвар ба ҳисоб меравад ва Департаменти давлатии ИМА минбаъд низ ба таври махсус ба рушди ҳамкорӣ дар ин самт таваҷҷуҳ хоҳад дод.
Имсол барнома дар се шаҳри ИМА — Чикаго, Кливленд ва Питтсбург — амалӣ мегардад ва ҳадафи он баланд бардоштани малакаҳо ва донишҳои муосири соҳибкорони ӯзбек, тарғиби тафаккури инноватсионӣ, тақвияти робитаҳои байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии ИМА ва Ӯзбекистон мебошад.
Ба гуфтаи президенти «Шӯроҳои амрикоӣ», Департаменти давлатии ИМА ба дурнамои ин барнома эътимоди комил дорад ва зарурати маблағгузории онро муфид арзёбӣ кардааст.
«Ин натиҷаи барномаҳои таълимӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба аст, ки аллакай самари худро медиҳад», — изҳор дошт роҳбари марказ.
АИ «Дунё»,
ш. ВАШИНГТОН