Имрӯз, бо мақсади таъмини манфиатҳои халқамон, ислоҳотҳои муҳими демократӣ амалӣ шуда истодаанд. Тағйироте, ки бо иродаи сиёсии роҳбари давлатамон оғоз ёфтааст, зиндагии мардумро воқеан дигаргун месозад, ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шахс кафолат дода шуда, барои зиндагии ором ва фаровон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Ба қарибӣ таҳти раёсати Президенти мо Шавкат Мирзиёев бахшида ба таҳлили натиҷадории ислоҳотҳо, рафти корҳо дар минтақаҳо ва масъалаҳое, ки мардумро нигарон мекунанд, ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид. Бешубҳа, метавон гуфт, ки ин ҷаласа ислоҳотҳои фарогиру босуръате, ки дар солҳои охир амалӣ мегарданд, ба таври ҷиддӣ «аз санҷиш гузаронд».
Пеш аз ҳама, масъалаҳо ва монеаҳо дар роҳи амалан эҳсос кардани шиори нек ва инсонпарваронаи «Барои қадри инсон» аз ҷониби мардум рӯшан баён шуданд. Хусусан, масъалаи гӯш додан ба дарди шаҳрвандон ва на танҳо бо шунидан маҳдуд намуда, балки бо пешниҳоди роҳҳои ҳалли мушкилот, сабук кардани мушкилоти онҳо ғояи асосии ин ҷамъомад буд.
Инро метавон аз он дарк намуд, ки масъалаҳое, ки солҳо дар самтҳои роҳ, ободонӣ, сохтмон, таъминоти гармӣ ва энергия, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ва низоми иҷро ҷамъ шуда буданд, як ба як баррасӣ шуда, вазифаҳои мушаххаси ҳалли онҳо муайян карда шуданд.
Таъмини адолати судӣ —
масъулияти бузург
Дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки шумораи муроҷиатҳои вобаста ба иҷро нашудани қарорҳои судӣ хеле зиёд аст ва зери тозиёнаи танқид гирифта шуд, ки танҳо дар соли гузашта аз ҳар панҷ қарори судие, ки ба Бюрои иҷрои маҷбурӣ (БИМ) фиристода шудааст, яктоаш иҷро нашудааст.
Ҳол он ки моддаи 55-уми Конститутсияи навтаҳрири кишвари мо кафолати муҳими ҳуқуқи ҳар шахсро барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои худ тавассути суд медиҳад ва ҳуқуқи шикоят бурдан ба суд аз болои қарорҳо, амалҳо ё беамалии мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо, инчунин шахсони мансабдор бояд барои тамоми низом ва шаҳрвандон амал намояд.
Дар асоси ҳамин, солҳои охир, махсусан дар самти суд ва ҳуқуқ, аз ҷумла дар самти таъмини адолати судӣ, корҳои зиёде анҷом дода шуда, пеш аз ҳама, заминаҳои ҳуқуқӣ таҳким ёфтанд. Аз ҷумла, бо Фармони Президент аз 21 феврали соли 2017 «Дар бораи чорабиниҳо оид ба такмили куллии сохтор ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми судии Ҷумҳурии Ӯзбекистон», бо мақсади таъмини ягонагии амалиёти судӣ Суди олӣ ва Суди олии хоҷагидорӣ дар соҳаи коргузории судии шаҳрвандӣ, ҷиноӣ, маъмуриӣ ва иқтисодӣ ба мақомоти олии ҳокимияти судӣ Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муттаҳид карда шуданд.
1 июни соли 2017 бори аввал дар кишварамон 207 суди маъмурӣ таъсис дода шуданд, ки татбиқи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкориро барои шикоят бурдан ба суд аз болои амалҳои ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор таъмин менамояд.
Ҳамзамон, бо мақсади ҳимояи кафолатноки манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ, дар сатҳи байниноҳиявӣ ва ноҳия (шаҳр) ҳамагӣ 85 суди иқтисодӣ ба фаъолият оғоз намуданд.
Дар баробари ин, бо муттаҳидшавии Суди олӣ ва Суди олии хоҷагидорӣ, фаъолияти Суди олӣ боз ҳам такмил ёфт. Дар навбати худ, судҳои хоҷагидории минтақавӣ ба сифати судҳои иқтисодӣ аз нав ташкил карда шуданд ва ба 71 суди иқтисодии байниноҳиявӣ ва ноҳия (шаҳр) ваколати баррасии парвандаҳо ҳамчун марҳилаи якуми судӣ дода шуд.
Соли 2018 Кодекси мурофиавии маъмурӣ қабул гардид. Ин санад заминаҳои фундаменталии такмили минбаъдаи адлияи маъмуриро таҳким бахшида, дар рақамҳои зерин ҳам инъикос ёфтааст: дар солҳои 2017 — 2024 қариб 120 ҳазор ариза ва шикоятҳо аз ҷониби судҳои маъмурӣ баррасӣ гардида, тақрибан 60 фоизи онҳо қонеъ карда шудаанд.
Сазовори эътибор аст, ки ислоҳот оид ба таҳкими асосҳои ҳуқуқии ин соҳа қатъ нашудаанд. Инро метавон дар қарори Президент аз 30 январи соли ҷорӣ «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ оид ба ҷорӣ намудани механизмҳои муосири ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкорӣ тавассути суд» низ мушоҳида кард.
Зеро, мувофиқи ин ҳуҷҷат, ба хотири баланд бардоштани нақши судҳои маъмурӣ дар ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкорӣ тавассути истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани институту тартиботи санҷидашуда дар фаъолияти судҳои маъмурӣ, инчунин тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва соҳибкороне, ки ба санадҳои мақомоти давлатӣ такя кардаанд, вазифаҳои муҳим муайян карда шуданд.
Маълум мешавад, ки бо вуҷуди чунин заминаҳои ҳуқуқии фароҳам овардашуда, то ҳол масъалаҳое вуҷуд доранд, ки мунтазири ҳалли ниҳоӣ ҳастанд ва бо пешниҳод гардидани онҳо аз ҷониби роҳбари давлат, зарурати ҷиддитар кор бурдан дар масъалаи иҷро хеле равшан нишон дода мешавад.
Қадри инсон — олитарин арзиш
Мақсади мо розӣ кардани халқ аст ва дар ин роҳ, яке аз масъалаҳои муҳим ва васеъ паҳншуда, бешубҳа, дастрас будани нархи мол ва хидматҳо барои мардум мебошад. Хусусан, дар масъалаи маводи озуқаворӣ ин масъала боз ҳам равшантар ва муҳимтар мегардад.
Дар ҷаласа, ин масъала низ аз эътибор дур намонд. Таъкид гардид, ки бо мақсади пешгирии болоравии якбораи нархи гӯшти чорво, шир, гӯшт ва тухми парранда ва баромадани корхонаҳо аз услуби кори «хуфиёна», тартиби баргардондани нисфи андози арзиши иловашуда (ААИ) ҳамчун кэшбэк тасдиқ карда шудааст.
Яъне, барои таъмини устувории нархҳо, зарур аст, ки масъулон кэшбэкро ҳатто як рӯз ҳам таъхир накунанд, ки ин, дар навбати худ, пешгирии як мушкили бузургро таъмин мекунад.
Умуман, он ки дар масъалаҳои оммавӣ ба мисли газ, барқ ва ғайра мушкилоти мушаххас нишон дода шуда, вазифаҳои ҳалли онҳо муайян гардиданд, далели он аст, ки ин ҷамъомад барои халқи мо то чӣ андоза муҳим аст.
Пӯшида нест, ки Ӯзбекистони Нав дар татбиқи муваффақонаи ислоҳотҳои бузурги худ, пеш аз ҳама, ба мардуми созанда, ба иқтидори бемисли онҳо такя мекунад ва мо бори дигар ба ин эътимод пайдо кардем.
Зеро, дар ҷамъомад низоми кор бо муроҷиатҳо махсус баррасӣ гардид. Дар ин самт, камбудиҳо аз дидгоҳи танқидӣ таҳлил шуда, зарурати идомаи корҳо дар шаклу усулҳои нав таъкид гардид. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки Қабулхонаҳои халқӣ ба ҷойи шунидани дарди мардум ва ҳал кардани масъалаҳо, ба як «диспетчер»-е табдил ёфтаанд, ки танҳо муроҷиатҳоро ба ташкилотҳои давлатӣ тақсим мекунанд.
Дар натиҷа, соли гузашта 55 фоизи муроҷиатҳое, ки ба Қабулхонаи виртуалӣ ва Қабулхонаҳои халқӣ ирсол шудаанд, ҳалли мусбат наёфтаанд, ки мавриди танқид қарор гирифт.
Дар чунин ҳолат, ба таври табиӣ, дар дили муроҷиаткунандагон беэътимодӣ ва ноумедӣ пайдо мешавад. Дар натиҷа, онҳо мушкили худро ба атрофиён ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба дигар ҳамватанон мегӯянд, ки ин метавонад ба кам шудани эътимод ба ислоҳотҳо ва натиҷаҳои амалии онҳо оварда расонад.
Ҳаёт нишон дод, ки барои мубориза бурдан бо чунин омилҳое, ки ба суботи иҷтимоӣ зарар мерасонанд, пеш аз ҳама системае лозим аст, ки арзу шикоятро дуруст мешунавад, дар мавриди зарурат дасти шикояткунандаро гирифта, масъала якҷоя ҳал карда шавад.
Дар ҷамъомад роҳи ҳалли ин масъала низ ёфт шуд ва низоми кор бо муроҷиатҳо куллан такмил дода шуд.
Масъулияти иҷро бояд бо тарзи нав бошад
Бо назардошти камбудиҳо ва мушкилоте, ки дар фаъолият ҷой доштанд, Инспексияи назоратии Админстратсияи Президент дар ҳамон рӯз барҳам дода шуд. Ҳоло низоми тамоман нави таҳкими интизоми иҷро ва кор бо мушкилоти мардум таъсис дода шуд. Минбаъд, масъулияти назорати иҷро ба Палатаи ҳисоб вогузор гардида, ваколатҳои он васеъ карда шуданд.
Сазовори эътибор аст, ки бо назардошти миқёс ва суръати ислоҳотҳо, қарор дода шуд, ки ислоҳотро аз поён оғоз намуда, низоми ҳокимиятҳои маҳаллиро оптималӣ гардонанд ва ба ҳокимон имкони қабул кардани қарорҳои ҳалкунанда дар масъалаҳои муҳим дода шавад.
Бо ин мақсад, дар вилояти Сурхондарё пурра ва дар 15 ноҳияи дигар низоми нави идоракунӣ ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ гардид. Дар асоси таҷрибаи бадастомада, минбаъд ин низоми нав дар ҳамаи ноҳияҳо амалӣ хоҳад шуд.
Мо бовар дорем, ки ин қадами нав дар ҳалли мушкилот ва монеаҳое, ки дар тӯли таърихи Ӯзбекистони мустақил дар натиҷаи набудани ислоҳоти маъмурӣ ба вуҷуд омада буданд, натиҷаи хуб медиҳад. Аммо бояд дарк кунем, ки ин маҳз натиҷаи кӯшишу заҳмати муштараки ману шумо мебошад. Зеро, тағйирот ва навсозӣ аз ташаббус то ба натиҷаи амалӣ худ аз худ амалӣ намешавад, балки танҳо ба шарофати садоқат ва фидокории ҳар як роҳбар ва корманди низом амалӣ мегардад — ва ин як ҳақиқати таърихист.
Агар ба баъзе рақамҳо назар андозем, таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии панҷ моҳи соли ҷорӣ нишон медиҳад, ки дар ин давра саноат 6,4 фоиз афзудааст, ҳаҷми содирот 18 фоиз ва сармоягузориҳои хориҷӣ 46 фоиз зиёд шудаанд. Зиёда аз 2 500 иқтидори нав бо арзиши 3 миллиард доллар ба кор андохта шудааст. Хушбахтона, 2 миллиону 400 ҳазор нафар соҳиби даромад шудаанд.
Албатта, бо чунин нишондиҳандаҳо метавон ифтихор кард. Зеро, вазъи ноустувори сиёсии ҷаҳон ба ислоҳоти иқтисодӣ таъсири худро мерасонад. Дар шароити беқарории байналмилалӣ бисёр кишварҳо пешгӯиҳои иқтисодии худро барои соли ҷорӣ аз нав баррасӣ мекунанд.
Бо шарофати сиёсати оқилонаи дохилӣ ва хориҷӣ, Ӯзбекистон ба роҳи муайянкардаи худ устуворона қадам мезанад. Ҷамъомади видеоселекторӣ имкони таҳкими ин ирода, аз нав таҳлил намудани фаъолияти мо ва баҳо додани он буд ва натиҷаҳои мусбати он бешубҳа то охири сол маълум мегардад.
Дар ин ҷода, хислатҳои хоси халқи меҳнаткаши мо, ба мисли сабру таҳаммул ва «ҳафт бор андеша ва як бор амал кардан», дар сиёсати давлатӣ ифода ёфта, аз ҷониби бисёрҳо эътироф мегардад. Муҳимтаринаш, боз ҳам беҳтар намудани натиҷаҳои бадастомада, истифодаи дурусти имкониятҳои иқтисодӣ ва таҳкими минбаъдаи онҳо мебошад. Зеро, Эҳёи сеюм на дар сухан, балки дар амал бунёд мегардад. Дар ин ҷода ҷой доштани саҳми арзандаи ҳар яки мо ба мақсад мувофиқ аст.
Ҷаҳонгир Ширинов,
раиси Кумитаи мубориза бо коррупсия ва масъалаҳои суду ҳуқуқи
Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис .