Самарқандиён дар Фаронса

Анҷумани 47-уми кумитаи умумиҷаҳони ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж баргузор гардид, ки дар он иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо масъулони дигар ширкат варзид. Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба мероси маданӣ, хосатан лоиҳаҳои «Самарқанд – дар чорроҳаи фарҳанг» ва «Тёншони Ғарбӣ» баррасӣ шуд.

Роҳбари вилоят дар баромади худ таъкид намуд, ки бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон меросҳои ниёкон эҳё мешаванд.

Сипас ӯ бо директори маркази мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО Лазар Ассомо суҳбат ороста, доир ба таъмиру тармими хушсифати ёдгориҳои таърихӣ мубодилаи афкор намуд. Барои боз ҳам ободу зебо гардидани ёдгориҳои таърихии Самарқанд шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Хосатан маҷмӯъи Бибихонум ва Имом Мотрудӣ  аз нав таъмир карда мешаванд. 

Вакилони самарқандӣ ҳангоми сафар ба Фаронса бо ҷонишини мири Париж Арно Нгатча низ вохӯрӣ карда, барои ривоҷу равнақи ҳамкорӣ шартнома бастанд.

 

Зоҳир Ҳасанзода.

Вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: