Дар вилояти Намангон ҳоло дар 716-то мактаби умумӣ, зиёда аз 548 ҳазор нафар хонандагон таълиму тарбия мегиранд.
Бо ташаббуси роҳбари давлат барои пурмазмун гузаронидани таътили тобистонаи хонандагон лоиҳаи «90 рӯзи ба амал татбиқ мегардад зарбдор» ба амал татбиқ мегардад.
Дар вилоят ин лоиҳа ҳамаҷониба иҷро шуда истодааст.
Аз ҷумла, дар оромгоҳи «Меҳргон», ки дар деҳаи Ғавои ноҳия Чуст ҷойгир шудааст, бачаҳо вақти холиашонро пурмазмун мегузаронанд. Дар ин ҷо асосан ба машғулотҳои солимгардонӣ аҳамияти калон дода шудааст. Бачаҳоро дар маҳфилҳои гуногун ба машғулоти варзишӣ ҷалб намуда, ҳангоми машғулот мусобиқаҳо ташкил карда мешавад. Онҳо дар шабнишинҳои маданиву маънавӣ низ фаъоланд.
Ходимони шӯъбаи агентии ҷавонон, ходимони гвардияи миллӣ ва корҳои дохилии ноҳия бо бачаҳо мувофиқи нақшаи корӣ дар бораи ватанпарвариву инсондӯстӣ суҳбат ороста, машғулоти амалӣ мегузаранд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.