Дар вилоят ҷиҳати рушду ривоҷи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ корҳои азим анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, дар чаҳор моҳи охири соли равон дар тамоми соҳаҳо суръати афзоиш таъмин гардидааст. Яке аз ҳадафҳои муҳим ин самткоҳиши сатҳи камбизоатӣ мебошад.
Тавре ки масъули дафтари матбуоти ҳокимияти вилояти Фарғона Маъсудҷон Сулаймонов ба мухбири «Овози тоҷик» иттилоъ дод, дар вилоят сатҳи камбизоатӣ аз 8,6 дарсад иборат буда, теъдоди умумии чунин оилаҳо 77 ҳазору 716-ро ташкил мекунад. Бар асоси татбиқи барномаи «Аз камбизоатӣ ба сӯи фаровонӣ» пешбинӣ шудааст, ки ин рақам то охири соли 2025 то 4,8 фоиз коҳиш дода шавад.
Дар давоми моҳҳои январ-апрели соли равон барои аз камбизоатӣ баровардани 9 ҳазору 156 оила ба миқдори 22 ҳазору 500 хизмат расонида шуд. Дар натиҷа ин шумор аз феҳрасти камбизоатӣ хориҷ гардиданд.
Барои он ки хонаводаҳои зиёд аз фақр раҳоӣ ёбанд, омили муҳим ба кор таъмин кардани аъзои он мебошад. Метавон қайд намуд, ки 7 ҳазору 300 нафар аъзои чунин оилаҳо аз роҳи ба кори доимӣ таъмин шудан ва 2 ҳазору 700 нафари дигар аз роҳи гирифтани қарзҳои имтиёзок аз фақр наҷот ёфтаанд.
– Дар ин росто 11 ҳазору 700 кас ба соҳибкорӣ ҷалб карда шуданд, 730 кас касбҳои гуногун омӯхтанд, то ки худро машғули касбу коре кунанд. Бояд тазаккур диҳам, ки ҳатто 1 фоизи коҳиши камбизоатӣ ба теъдоди зиёди одамонамон марбут аст. Яъне то аввали моҳи майи соли равон теъдоди оилаҳои камбизоат 68 ҳазору 560-торо ташкил дод ва ба 7,6 фоиз фаромад, – мегӯяд Сулаймонов.
– Маълум аст, ки бо шуғл таъмин намудани бекорон роҳи беҳтарини таъмини фаровонии мардум низ мебошад. Дар соли равон иҷрои кадом нақшаҳо барномарезӣ шудаанд?
Ҷавоби мухтасари ин суол чунин аст: дар соли 2025 бояд дастикам 409 ҳазор кас ба кор таъмин карда шаванд. Ин кор маоҳила–бар марҳила анҷом дода мешавад. Аз ҷумла, пешбинӣ шуда буд, ки дар чаҳор моҳи соли равон 155 ҳазору 176 нафар ба кор таъмин карда шаванд. Ин нақша барзиёд иҷро шуд. Агар ба маълумоти платформаи «yangiish.mehnat.uz» такя кунем, ин рақам дар маҷмӯъ 196 ҳазору 860 нафар ё 17 фоизро ташкил медиҳад,–иброз дошт М.Сулаймонов.
Дар вилояти Фарғона барои таъмини аҳолӣ бо шуғл, кумак барои фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, пуштбонии молиявӣ аз лоиҳаҳои стартапҳо аз тарафи бонкҳои тиҷоратӣ ва манбаъҳои дигари молиявӣ 30 триллион сӯм ихтисос дода шудааст. Танҳо дар моҳҳои январ-апрел миқдори қарзҳои ҷудошуда барои 122 ҳазору 255 субъект аз 7 триллиону 313 миллиард сӯм иборат мебошад.
– Дар вилоят аз таҷрибаи ширкати «Сайҳунобод» чӣ тавр истифода сурат мегирад?
– Бар ин асос дар соли 2025 нақшаи татбиқи 42,5 ҳазор лоиҳаи хурд ва, хосатан дар моҳҳои январ-апрел амалӣ намудани 13 ҳазору 973 лоиҳа пешбинӣ шудааст. То ин давраи соли равон 15 ҳазору 203 лоиҳаи хурд амалӣ гардида, 31 ҳазору 283 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
– Дар робита бо вазъияте, ки ба азхуд намудани сармояҳои хориҷӣ марбутанд, таваққуф мекардед.
– Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар вилоят мебоист 442 миллион доллар сармояи хориҷӣ азхуд карда шавад. Воқеъияти ҳол ин аст, ки нақшаи зерин 502 миллион доллар ё 104 фоиз иҷро шуд. Интизор меравад, ки то охири семоҳаи дуюм ба вилоят 1,6 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид шавад, ки 400 миллион доллари он танҳо барои моҳи апрел барномарезӣ шуда буд. Илова бар ин, дар доираи барномаҳои сармоягузории маҳаллӣ дар вилояти мо 236 лоиҳа ба роҳ монда шуда, зиёда аз 3,7 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд ва ба вазъият хеле беҳбудӣ бахшид. Соли ҷорӣ аз ин миқдор 1,5 миллиард доллар ба содирот нигаронида шудаанд – 551 миллион доллар дар соҳаи кишоварзӣ ва 950 миллион доллар дара саноат содир карда мешавад.
– Дар робита бо ҷуғрофиёи маҳсулоти содиротӣ маълумот медодед.
– Мо ба 41 мамлакати ҷаҳон маҳсулот содир мекунем. Аммо домани он сол аз сол фарохтар мегардад. Ба шумори мамолики ҳамкорони мо боз ҳафт мамлакат илова шуд: Руминия, Алҷазоир, Юнон, Словакия, Швейтсария, Сингапур ва Молдив.
Дар асоси низоми нави муқаррарнамудаи Сарвари давлатамон дар ҳар як ноҳия (шаҳр) нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани даромади аҳолӣ аз ҳисоби истифодаи самараноки замини наздиҳавлӣ ва иҷоравӣ таҳия карда шудааст ва аз ин вилояти Фарғона низ орӣ нест. Майдони умумии 36 ҳазору 180 гектар ба 646 ҳазору 792 нафар тақсим карда шуд ва ин заминҳо 100 дарсад бо кишти зироат фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, дар 19,8 ҳазор гектар сабзавот, дар 11,7 ҳазор гектар картошка, дар 210 гектар зироатҳои полизӣ, дар 700 гектар зироатҳои лубиёгӣ ва дар 3,8 ҳазор гектар дигар зироатҳо кишту павариш меёбанд.
– Акнун бармегардем ба масъалаи барномаи «Аз камбизоатӣ–ба сӯи фаровонӣ» ва мехостам онро андак васеътар тавзеҳ диҳед.
– Ҳоло дар самти беҳтар намудани инфрасохтори 99 маҳаллаи душворгузар андак маълумот ироа мекунам. Дар чаҳорчӯби барномаи «Аз камбизоатӣ–ба сӯи фаровонӣ» беҳбуди обёрӣ намудани корҳо дар 88 объект таҳти назорат қарор гирифтаанд, ки барои он 117,5 миллиард сӯм ихтисос дода шудааст. Дар 83 объект корҳо шурӯъ шудаанд ва чанде муқаддам дар 8 объект корҳо ба анҷом расонида шуданд. Ҳамзамон, дар доираи ин барнома барои беҳбуди таъминоти барқи 96 маҳалла, ки 127,5 миллиард сӯм маблағ тақозо мегардад, корҳо идома доранд. Мешавад тазаккур дод, ки 31 маҳалла бо трансформатор таъмин ва 135 километр хати шабакаи барқ кашида шуд. 5 ҳазору 127 пойгоҳи барқ ва 24,7 километр хати барқ ва 20 адад маҳалли нави трансформатор сохта шуд.
Гуфта шуд, ки дар соли 2024 аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ 48,1 триллион сӯмина маҳсулот истеҳсол шуда, ба ҳар сари аҳолӣ 11,7 миллион сӯм рост омад, ки маҳсулоти истеҳсол кардашуда, соли 2017 9,7 триллион сӯм буд ва ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 миллион сӯм рост меомад.
– Дар муқоиса бо соли 2017 соҳаи хизматрасонӣ чӣ гуна бартариҳоро соҳиб шудааст?
– Дарвоқеъ, соли 2017 10 ҳазору 601 субъектҳои хизматрасонӣ фаъолият менамуданд, аммо имрӯз ин шумора ба 37 ҳазору 802 расидааст. Дар натиҷа зиёда аз 600 ҳазор нафар бошандагони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба кор таъмин шудаанд. Ҳаҷми хизматрасонӣ дар соли 2024 55,2 триллион сӯм, ҳаҷми хизматрасонӣ ба ҳар сари аҳолӣ 13,5 миллион сӯмро ташкил дод.
Маълум мешавад, ки бар асоси таваҷҷуҳи хоса ва дастгирӣ аз рушди соҳибкорӣ шумораи соҳибкорон дар вилоят ба 58,6 ҳазор нафар (дар соли 2017 он 18,2 ҳазор нафарро ташкил медод) расидааст. Танҳо то ин муддати соли равон ҳудудан чоруним ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ ташкил шуда, то охири сол он ба 10 ҳазор адад хоҳад расид.
Ногуфта намонад, ки дар бахши кишоварзӣ аз ҳисоби роҳандозии 1,9 ҳазор лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 5,9 триллион сӯм бештар аз 42,3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд. Дар сохтмони манзил – солҳои 2017-2024 ё дар 8 соли охир 882 бинои бисёрошёнаи дорои 28 ҳазору 573 квартира сохта ба истифода дода шудааст.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».