Дастгирии оилаҳои камтаъмин – масъалаи муҳим

Дар ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона ҷиҳати таъмини иҷрои барномаи «Аз камбағалӣ ба фаровонӣ» корҳои шоёни таҳсин амалӣ мегарданд.

Аз ҷумла, муовини якуми ҳокими ноҳия Ҳаётҷон Умаров ва муовини ҳоким оид ба масъалаҳои занону духтарон Гулчеҳра Йӯлдошева бо мақсади таъмини шуғли сокинони бекор, коҳиши камбизоатӣ, дастгирии оилаҳои камтаъмин аз маҳаллаҳои ноҳия, ки вазъи мушкил доранд, боздид ба амал меоранд.

Чанде пеш онҳо ба хонадони сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Собиртеппа»-и ноҳия Дилноза Оқбоева рафта, дар бораи дарёфти кор, истифодаи босамар аз замини наздиҳавлигӣ маслиҳатҳо доданд.

Хидмати матбуоти ҳокимияти ноҳияи Бешариқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: