Панелҳои офтобӣ – барои хоҷагиҳои фермерӣ

Имрӯзҳо, вақте ки дар тамоми дунё захираҳои об ва сӯзишворию нерӯҳои барқ кам мешаванд, вале ба онҳо талаб афзуда истодааст, бунёди нерӯҳои муқобила айни муддаост.

Гузоштани панелҳои офтобии пурқувват барои баланд бардоштани иқтисодиёт, хосатан хоҷагии қишлоқ хеле муҳим мебошад.

Солҳои охир дар вилояти Самарқанд аз сабаби ба ин соҳа эътибори махсус додан нерӯи барқӣ хеле сарфа гардид.

Бо кумаку ёрии Шӯрои хоҷагии фермерии вилояти Самарқанд ба 131 субъекти фермерӣ гузоштани панелҳои офтобӣ ба нақша гирифта шуда, ҳоло дар 40 хоҷагии фермерӣ аз нерӯи муқобилаи барқӣ самаранок истифода мебаранд.

– Имсол мо ба 45 гектар замин пунбадонаи навъи «Султон» кишт намудем, ҳоло онҳо нашъунамо доранд. Аллакай дар ҳар як рустанӣ 10-15 адад кӯрак ҳаст, ки аз гирифтани ҳосили дилхоҳ гувоҳӣ медиҳанд, – иброз дошт раиси хоҷагии фермерии «Оқдарё тараққиёти»-и ноҳияи Оқдарё Шӯҳрат Аноров, – зеро дар мо муаммоҳои истифода аз нерӯи барқ мутлақо нест. Мо панелҳои пурқуввати нерӯи барқӣ гузоштем. Қуввати он 30 кВт-ро ташкил медиҳад ва 22 фоизи барзиёди онро ба давлат мефурӯшем.

– Чун дар тамоми вилоят дар мо низ ба ин кори неку хайр ҳама мароқ пайдо кардаанд, – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд раиси Шӯрои фермерии ноҳияи Оқдарё Фурқат Алиқулов, – пештар дар обёрӣ муаммоҳои сарбаста мавҷуд буда, ҳатто деҳқонон даст ба гиребон мешудаанд. Истифода аз панелҳои офтобӣ имконият дод, ки аз нерӯи барқи арзон истифода барем, обёрӣ тавассути чоҳҳои зеризаминӣ аст. Агар дар гузашта ба ин мақсад 900 ҳазор сӯм хароҷоти об мавҷуд буд, ҳоло ин рақам 350 ҳазор сӯмро ташкил медиҳаду халос.

Дар омади гап бояд таъкид намуд, ки фермерҳо дар асоси шартномаҳои чорсола панелҳои барқӣ гузошта, аксарияти онҳо ният доранд, ки пеш аз мӯҳлат қарзи худро ба давлат баргардонанд.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: